Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Чаро дурӯғ мегӯӣ?" Баҳси раиси Фурудгоҳ бо намояндаи "Сомон Эйр"

Қурбони Алимардон, раиси Фурудгоҳи Байнулмилалии Хуҷанд
Қурбони Алимардон, раиси Фурудгоҳи Байнулмилалии Хуҷанд

"Намояндаи ширкати "Сомон Эйр", инҷо баро, ман ба худат гап дорам." Ин порае аз радду бадали раиси Фурудгоҳи Байнулмилалии Хуҷанд Қурбони Алимардон бо намояндаи ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" дар нишасти хабарӣ аст. Нишаст рӯзи 11-уми феврал гузашт.

Замоне ки рӯзноманигорон дар бораи сабукӣ ба донишҷӯёну аъзои дигари ҷомеа бахусус дар фасли зимистон пурсиданд, баҳс бар сари нархи билети ҳавопаймо аз Хуҷанд ба Душанбе бархост. Дар ду моҳи охир бинобар барфрезии зиёд равуои сокинон аз роҳи заминии Душанбе-Чаноқ душвор гаштааст.

Шӯҳрат Комилҷонов, намояндаи "Сомон Эйр", гуфт, "хатсайре, ки байни Хуҷанд ва Душанбе иҷро мекунем, хусусияти иҷтимоӣ дорад. Мо дар зимистон барои таъмини бехатарии парвозҳо маҳлули зидди яхбандӣ истифода мебарем, ки нархи он хеле гарон мебошад. Аз ҳамин сабаб мо тахфиф ҷорӣ карда наметавонем."

Шӯҳрат Комилҷонов, намояндаи ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр"
Шӯҳрат Комилҷонов, намояндаи ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр"

Қурбони Алимардон, раиси Фурудгоҳи Хуҷанд, дар посух гуфт, “гӯш кун, гапро зиёд накун. Ягон хел гаронӣ нест. Инҷо ба мардум дуруғ нагӯ. Барои чӣ гарон мегӯӣ? Мо чиро қимат кардем? Ин маҳлулро мо мерезем, шумо харида намеоед-ку. Мо ягон вақт ба шумо гарон кардаем? Мо ба шумо 70-80 дарсад сабукӣ додаем. Чӣ дурӯғ гуфта истодаӣ дар инҷо?"

Ширкати IRS, масъули нигоҳубин ва ҷамъоварии пул дар роҳи Душанбе-Чаноқ, аз оғози фасли зимистон қариб ҳар рӯз дар бораи маҳдудияти сафар дар роҳ хабар медиҳад.

Бориши бошиддати барф ва фаромадани тарма ё баҳман ҳаракати нақлиётро дар ин масир гоҳе мушкилу хатарнок месозад. Мавридҳои зери барф мондану ҷон бохтани баъзе афрод ҳам сабт шудааст. Ин ҳолат натанҳо ба соҳибкорон ва мошинҳои борбар, балки ба мусофирон низ вазнинии зиёд пеш овардааст. Шахсоне, ки бо нархи арзонтар мехостанд аз роҳи мошинрав сафар кунанд, ночор бо арзиши садҳо сомонӣ билети ҳавопаймо мехаранд.

Роҳи Душанбе-Чаноқ
Роҳи Душанбе-Чаноқ

Нархи билети ҳавопаймо дар зимистон аз 600 сомонӣ то зиёда аз 700 сомонӣ боло рафтааст. Масъулони Фурудгоҳи Хуҷанд гуфтанд, дар ин рӯзҳо ба ширкатҳои мусофирбар имтиёз медиҳанд, то мардум сарсон нагарданд.

Қурбони Алимардон, раиси Фурудгоҳи Хуҷанд, гуфт, “мо ҳаққи хидматрасониро барои “Сомон Эйр” сабук кардем. Ҳукумат 20 дарсад тахфиф муайян кардааст. Мо то 70-80 фоиз арзонӣ додем. Дар зимистон ҳар рӯз 2 ё 3 рейси иловагӣ мемонанд, онро бояд чартерӣ ҳисоб кунем, вале ин тавр намекунем."

Дар Тоҷикистон ду ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” ва “Сомон Эйр” кор мекунанд. "Сомон Эйр" бузургтарин ширкати ҳавопаймоии хусусӣ дар Тоҷикистон аст, вале интиқоди мусофирон аз кору хидматрасонии он кам нест. Дар чанд санад ва гузоришҳои таҳқиқотӣ Ҳасан Асадуллозода, хешованди президенти Тоҷикистон, молики "Сомон Эйр" номбар шудааст.

Мақомоти Тоҷикистон дар моҳи январи имсол хабар доданд, ки ширкати нави ҳавопаймоӣ бо номи "Шоҳин Эйр" сабтином шудааст ва қарор аст имсол парвозҳояшро оғоз кунад.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Баҳси раиси Фурудгоҳ бо намояндаи “Сомон Эйр"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:49 0:00
XS
SM
MD
LG