Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Равуои мусофирон тариқи роҳи оҳани Тоҷикистон афзудааст. ВИДЕО


Азим Иброҳим
Азим Иброҳим

Равуои мусофирон тавассути қатор (поезд) ва роҳи оҳани Тоҷикистон дар ним соли охир ду баробар афзудааст.

Ҳаракати қаторҳо ба сабаби пандемияи коронавирус бас шуда буд. Онро тобистони соли 2022 фаъол карданд.

Азим Иброҳим, вазири нақлиёти Тоҷикистон, рӯзи 1-уми феврал гуфт: "Мусофирбарӣ то 40 ҳазор расид. Дар гузашта 19 ҳазор буд. Ду баробар зиёд шуд. Албатта, барои роҳи оҳан хеле кам аст, агар сухан дар бораи садҳо ҳазор равад."

Ба гуфтаи масъулони Вазорати нақлиёт, қаторҳо аз Душанбеву Кӯлобу Хуҷанд ба Тошканди Узбекистон ва Волгогради Русия мераванду меоянд.

Сафар аз Тоҷикистон ба Русия ба воситаи қатор аз 1500 то 2000 сомонист. Дар муқоиса ба нархи билети ҳавопаймо арзон гуфта мешавад.

Акобир Алиев, ки ҳамеша бо қатор ба Русия меравад, гуфт: "Барои як муҳоҷир харидани билети ҳавопаймо аз як самт, ки се ё чоруним ҳазор сомонист, муносиб нест. Якуним ҳазор куҷову чоруним ҳазор куҷо? Албатта мо ҳам мехоҳем, роҳат бо ҳавопайо равем ва вақти худро беҳуда дар роҳ сарф накунем, вале нарх гаронӣ мекунад."

Мақомот мегӯянд, соли гузашта натанҳо бахши мусофирбарӣ, балки боркашонӣ тавассути қатор низ 6,4 дарсад афзоиш ёфт.

Видеоро дар инҷо бинед:

Равуои мусофирон тавассути роҳи оҳан афзудааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:00 0:00

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG