Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Аз Тошканд ва Самарқанд мераванд". Чаро таваҷҷуҳ ба Фурудгоҳи Хуҷанд кам шудааст?

Фурудгоҳи Хуҷанд
Фурудгоҳи Хуҷанд

Фурудгоҳи Хуҷанд, ягона нуқтаи парвозҳои байнулмилалӣ дар шимоли Тоҷикистон, соли 2025 қариб шаст миллион сомонӣ ё тақрибан шаш миллион доллар, камтар фоида дидааст.

Масъулони Фурудгоҳ коҳиши мусофирон ва теъдоди парвозҳоро аз сабабҳои асосӣ меноманд. Мусофирон мегӯянд, баланд будани нархи билет ва хизматрасонии паст, аз ҷумла санҷишҳои зиёд боис шудааст, ки онҳо фурудгоҳҳои кишварҳои ҳамсояро интихоб мекунанд.

Фурудгоҳи Хуҷандро чанд сол пеш таъмиру бозсозӣ карданд, то ҳам хидматрасонӣ беҳтар ва ҳам шумораи мусофирон бештар гардад. Аммо масъулон ду сол боз аз кам шудани муштариён ва коҳиши даромад гузориш медиҳанд.

Қурбони Алимардон
Қурбони Алимардон

Қурбони Алимардон, раиси фурудгоҳ, дар як нишасти матбуотии чанде пеш вазъро ба рақобат бо фурудгоҳҳои кишварҳои ҳамсояи Тоҷикистон пайванд дод.

“Барои чӣ мардум аз Фурудгоҳи мо кам мепаранд? Мисол, мо 18 шаҳру ноҳия дорем. Мардуми Панҷакент ба гузаргоҳи мо намеоянд. Мардуми Истаравшану Айнӣ аз мо парвоз намекунанд. Аз Зафаробод мусофирон нестанд. Ин тараф аз Исфараву Конибодом нестанд. Тарафи Мастчоҳ тавассути Тошканду Самарқанд мераванд. Ба ҳаминаш ҳам шукр. Солҳое буд, ки аз Фурудгоҳи мо тамоман парвоз намекарданд,” – гуфт раиси фурудгоҳи Хуҷанд.

Видеоро инҷо бинед:

Чаро мусофирони суғдӣ на аз фурудгоҳи Хуҷанд, балки аз кишварҳои ҳамсоя ба сафар мебароянд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:37 0:00

Ҳамин фурудгоҳ дар соли 2024 низ дар муқоиса ба соле аз он пеш ҳудуди 100 миллион сомонӣ камомад доштааст. Он вақт масъулони Фурудгоҳ сабабро ба ҳодисаи моҳи марти соли 2024 дар толори “Крокус Сити Ҳол”-и Маскав рабт доданд.

Мақомоти Русия дар пайванд ба он ҳодиса чанд зодаи Тоҷикистонро дастгир ва сафари муҳоҷиронро сахт кардаву ҳазорҳо нафарро бо баҳонаҳои гуногун аз ин кишвар ронданд.

Дар ҳоле ки мақомот далелҳои худро барои кам шудани даромад дар миён мегузоранд, шикоятҳо аз хадамоти Фурудгоҳи Хуҷанд низ кам набудааст. Баъзе аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ дар шарҳи як матлаби Радиои Озодӣ дар ин бора навиштаанд, ки ба сабаби шадидтар будани санҷиш дар Фурудгоҳи Хуҷанд парвозро ба воситаи кишварҳои ҳамсоя беҳтар медонанд.

Фурудгоҳи Хуҷанд
Фурудгоҳи Хуҷанд

Дар Фурудгоҳ вуҷуди ин мушкилро тасдиқ карда, гуфтанд, ҳоло санҷиши мусофиронро то ҳадди мумкин поин овардаанд.

Қурбони Алимардон, раҳбари Фурудгоҳи Хуҷанд дар нишасти хабарӣ гуфт, қаблан дар 13 ё 14 ҷой шиносномаро медиданд, ки ҳоло ҳамаи онҳо аз байн бурда шудааст.

“Имрӯз фақат дар якҷо шиноснома мебинанд, он ҳам коргари фурудгоҳ. Маълум мекунанд, ки шиноснома бо билет рост меояд ё не. Пештар ҳатто кормандони Идораи гумрук шиносномаро медиданд. Ҷангу ҷанҷол зиёд буд. Ҳоло намебинанд”, - афзуд раиси Фурудгоҳи Хуҷанд.

Радиои Озодӣ мустақилона ин ҳарфҳоро тасдиқ карда наметавонад.

Коршиноси тоҷик Фозилҷон Фатҳуллоев мушкили асосиро дар инҳисорӣ будани бахши ҳавонавардии кишвар медонад.

Фозилҷон Фатҳуллоев
Фозилҷон Фатҳуллоев

"Ширкатҳои зиёд ҳузур надоранд, рақобат нест, хизматрасонӣ хеле бад аст. Барои ҳамин бисёрии мусофирон бартарӣ медиҳанд, ки аз тариқи ширкатҳои хориҷӣ парвоз кунанд", - афзуд ин коршинос.

Ба иттилои расмӣ, Фурудгоҳи Байнулмилалии Хуҷанд метавонад дар як сол ба 5 миллион мусофир хидмат расонад. Дар ҳоли ҳозир аз даҳ як ҳиссаи ин тавоноияш ба кор бурда мешудааст. Феълан аз Фурудгоҳи Хуҷанд ба Душанбе ва чанд шаҳри Русия парвозҳо анҷом мешаванд. Аз рӯи онлайн-табло дида мешавад, ки дар шабонарӯз аз Фурудгоҳи Хуҷанд камтар аз даҳ парвоз анҷом мешавад.

Масъулони фурудгоҳ мегӯянд, барои ҷалби ҳарчи бештари мусофирон таҷрибаи дигаронро хоҳанд омӯхт, аммо нагуфтанд, ки барои коҳиши нархи билету боло бурдани сатҳи хидматрасонӣ омода ҳастанд ё не. Чизе, ки на танҳо Фурудгоҳи Хуҷанд, балки фурудгоҳҳои дигари Тоҷикистонро барои он пайваста танқид мекунанд.

Нархи билет аз Тоҷикистон ба хориҷ, бахусус ба Русия аз шикоятҳои асосии мусофирон, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ аст. Гарон будани нархи билети ҳавопаймо баъзе муҳоҷирони тоҷикро маҷбур кардааст, ки аз роҳҳои заминӣ аз ҷумла, тариқи автобус ба Тоҷикистон баргарданд.

XS
SM
MD
LG