"Аз шаҳрвандони Қазоқистон, ки ҳоло дар Бангладеш ҳастанд, даъват мекунем, бе зарурат маҳалли зисти худро тарк накунанд ва чораҳои амниятӣ ва тавсияҳои мақомоти он кишварро риоя кунанд", - омадааст дар иттилоияи вазорат.
Шайх Ҳасина, нахуствазири Бангладеш пас аз он ки ҳазорон эътирозгар ба иқоматгоҳи расмии ӯ ҳамла карданд, 5-уми август истеъфо дод ва ба Ҳинд фирор кард.
Муҳаммад Юнус, иқтисоддон ва барандаи ҷоизаи сулҳи Нобел, роҳбари давлати муваққати Бангладеш эълон шуд.
Ӯ яке аз мухолифони қадимии нахуствазири собиқ Шайх Ҳасина аст.
Эътирозҳои донишҷӯён дар Бангладеш ҳудуди як моҳ қабл оғоз шуда буд. Ин тазоҳуроти хушунатомез алайҳи саҳмиябандӣ дар қонуни хадамоти мулкӣ оғоз шуд.