Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз Дилшод Назаров хостаанд, аз мақомаш истеъфо диҳад


Дилшод Назаров
Дилшод Назаров

Президенти Ассотсиатсияи байналмилалии федератсияҳои варзиши сабук аз гурзандози маъруфи тоҷик, Дилшод Назаров, хост, аз роҳбарии Федератсияи варзиши сабук дар кишвар истеъфо диҳад.

Дилшод Назаров, қаҳрамони бозиҳои Олимпии Рио-де-Жанейро, ба истифода аз допинг муттаҳам шуда, ду сол аз иштирок дар мусобиқаҳо, аз ҷумла Олимпиадаи Токио маҳрум шуд. Назаров иттиҳоми истифода аз допингро рад карда, гуфт, нисбат ба ӯ ноҳаққӣ карданд.

Дилшод Назаров, варзишгари маъруфи тоҷик, дар баробари муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш будан, инчунин, президенти Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон аст.

Себастян Коу
Себастян Коу

Ҳоло Себастян Коу, президенти Асотсиатсияи байналмилалии федератсияҳои варзиши сабук, аз Дилшод Назаров даъват кард, аз мақомаш истеъфо диҳад. Коу ҳангоми як нишасти хабарӣ дар охири ҳафтаи гузашта гуфтааст, пештар агар роҳбарони федератсия ба истифодаи допинг муттаҳам мешуданд, аз мақоми худ истеъфо медоданд.

Вокуниши Дилшод Назаров ва Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон ба ин хабар ҳанӯз маълум нест. Дақиқ нест, дар сурати аз роҳбарии Федератсияи варзиши сабук истеъфо надодани Дилшод Назаров чӣ масъалае пеш меояд.

The Athletics Integrity Unit, ниҳоди мустақили мубориза бо падидаҳои манфӣ дар варзиши сабук, рӯзи 15-уми март Дилшод Назаровро бо гуноҳи истифода аз допинг ду сол аз ҳаққи иштирок дар мусобиқаҳо маҳрум кард. Ин давра аз 24-уми сентябри соли 2019 ҳисоб карда мешавад.

Дилшод Назарови 38-сола қаблан иттиҳоми истеъмоли допингро таҳқиромез номида, гуфта буд, "тамоми талошро ба харҷ хоҳад дод, то ҳамаи гумонҳо рафъ шавад", вале шоми 18-уми март дар изҳороти тоза гуфт, нисбат ба ӯ ноҳаққӣ карданд.

Созмони The Athletics Integrity Unit мегӯяд, тафтиши дигарбораи допинг дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар соли 2011 дар Куриёи Ҷанубӣ "дар намунаи Дилшод Назаров маводи мамнӯи DHCMT-ро ошкор кард". Вай дар ин мусобиқот ҷойи даҳумро гирифта буд.

Натиҷаҳои бадастовардаи Дилшод Назаровро аз моҳи августи 2011 то августи 2013 бекор кардаанд ва ӯ ба Бозиҳои Токио, ки бояд 23-юми июли имсол шуруъ шаванд, иҷозат дода намешавад.

Дилшод Назаров гуфт, ӯ мисли пешина қаҳрамони Бозиҳои олмипии соли 2016 дар Рио аст ва медали тилло дар хазинаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфуз аст.

XS
SM
MD
LG