Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Автобуси сайёҳон дар Алмато чаппа шудааст


Дар натиҷаи чаппа шудани автобуси сайёҳон дар ноҳияи Кегени вилояти Алматои Қазоқистон дасти кам 25 кас, аз ҷумла 5 кудак осеб дидааст.

Ширкати "КазАвтоЖол" хабар додааст, ки садама тақрибан соати 12:40-и 27 май дар шоҳроҳи "Кокпек - Кеген - Тюп - Жаланаш" рух додааст.

Бино ба маълумоти пешакӣ, ронандаи автобуси "Yutong" аз уҳдаи ҳаракат набаромадааст.

Мақомоти Алмато мегӯянд, дар дохили автобус 37 кас ҳузур дошт. Дар миёни онҳо ду сайёҳи русиягӣ низ будааст.

Дар ҳукумати Алмато феълан сабаби асосии чаппа шудани автобусро намегӯянд. Тафтишот оғоз шудааст.

XS
SM
MD
LG