Пайвандҳои дастрасӣ

Акси гумонбари ҳамлаи Истамбул нашр шуд. АКС, ВИДЕО, САДО


Мақомоти Туркия акси гумонбари ҳамла дар Истамбулро нашр карданд. Ба иддаои гурӯҳи ҷангии "Давлати исломӣ", ин ҳамларо "як сарбози хилофат" анҷом додааст. Рӯзи 2 январ бо пахши изҳороте гурӯҳи ҷангии "Давлати исломӣ" масъулияти анҷоми ҳамла ба клуби шабонаи шаҳри Истамбулро дар шаби 1 январ ба ӯҳдаи худ гирифт.

Чанд соат баъди ин мақомоти Туркия акси ҳамлагари эҳтимолиро ҳам нашр кард, ки то ҳанӯз дар озодӣ ба сар мебарад.

Аз ин пеш хабаргузории Ассошейтед пресс бо такя ба нашрияҳои "Hurriyet” ва “Karar” рӯзи 2 январ навишт, ки эҳтимолан ҳамла ба

Акси гумонбари ҳамла ба клуби шабонаи Истамбул аз камераҳои хиёбонӣ гирифта шудааст
Акси гумонбари ҳамла ба клуби шабонаи Истамбул аз камераҳои хиёбонӣ гирифта шудааст

ширкатдорони базмро, ки ҷони 39 нафарро гирифтааст, як зодаи Ӯзбакистон ё Қирғизистон анҷом додааст. Хабаргузорӣ навишт, ки ба бовари мақомоти Туркия, миёни ин ҳамла ва таркиш дар фурудгоҳи байналмилалии Отатурк дар моҳи июн умумияте дида мешавад.

Ҳамлагар ҳанӯз ҳам дар озодӣ аст. Дар баробари куштори ширкатдорони ҷашн, дар беруни клуби “Reina” дар Истамбул дар лаҳзаҳои аввали фарорасии соли нави 2017, ин шахс як ходими полис ва як марди дигарро куштааст.

Ҷустуҷӯи қотил идома дорад

Полис ҷустҷӯи шахси ҳамлагарро идома медиҳад. Бовар меравад, ки ин ҳамларо ҳадди аққал як нафар анҷом додааст. Аз рӯи иттилои расмӣ, дар натиҷаи тирандозии шаби 1 январ 39 нафар кушта ва 39 тани дигар маҷрӯҳ шуданд. Аз ин миёни ҳолати 4 маҷрӯҳ сангин арзёбӣ мешавад. Аз миёни кушташудаҳо, 24 нафарашон хориҷӣ буданд.

Як манбаъ дар консулгарии Русия дар Истамбул ба хабаргузории ТАСС гуфт, ки яке аз қурбониҳо зани рус буд ва дар оғоз ӯро ҳамчун шаҳрванди Озарбойҷон шиносоӣ карданд.

Дар миёни қурбониҳо – ҳадди аққал як шаҳрванди Арабистони Саъудӣ, сенафарӣ аз Урдун, Ироқ, Лубнон, як табааи Тунис, ду ҳиндӣ, як араби исроилӣ, як либиягӣ ва як шаҳрванди Белгияву Туркия мебошанд.

Куштор тахминан соати яки шаб баъд аз фарорасии соли нав дар маҳаллаи Ортакои Истамбул рух дод. Нафари ҳамлагар бо либоси Бобои Барфӣ ва бо як автомати дарозмил вориди клуб шуда, ба сӯи 500 то 700 ширкатдори базм оташ кушод, ки саргарми таҷлили иди соли нав буданд. Баъзе нафарон дар ғояти тарс ба хотири наҷоти ҷони худ аз пул ба обҳои Босфор ҷаҳиданд.

Нахуствазир Биналӣ Йилдирим гуфт, ки ҳамлагар силоҳро дар ҷои ҳодиса гузошта бо истифода за бебандубории рухдода, фирор кард. Волии Истамбул Васип Саҳин ҳодисаро “ҳамлаи террористӣ” номидааст. Вай гуфт: “Муттаассифона, ҳамлагар афроди бегуноҳи машғули таҷлили ҷашни соли навро бераҳмона тирборон кард”. Вазири умури дохила Сулаймон Сойлу гуфт, ки ҳуввияти шахси ҳамлагар мушаххас нашудааст, танҳо тахмин зада мешавад, ки баъди анҷоми ҳамла ин нафар либоси Бобои Барфиро аз тан бадар карда бо либоси маъмулӣ фирор кардааст. “Худо хоҳад, дар фурсати кӯтоҳ ӯро дастгир хоҳем кард”, гуфт вазир.

Президент Раҷаб Тайиб Эрдуғон гуфт, ки ин ҳамла бо ҳадафи эҷоди бебандуборӣ дар Туркия анҷом шудааст.

Ҷомеаи ҷаҳонӣ ин ҳамларо маҳкум кард

Ин ҳодисаро раҳбарони ҷомеаи ҷаҳонӣ шадидан маҳкум карданд. Раиси сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо Федерика Моғеринӣ гуфт: “тамоми андешаҳои мо дар бораи қурбониҳо ва ҳам азизони онҳо аст. Мо ба хотири пешгирӣ аз такрори чунин фоҷеаҳо корро идома хоҳем дод”.

Дар ИМА Кохи Сафед бо пахши изҳороте ин ҳодисаро “як ҳамлаи ваҳшатноки террористӣ” номидааст. Президент Барак Обама амр дод, ки тамоми тадбирҳои зарурӣ барои кӯмак ба Туркия андешида шавад. Баъди ин ҳодиса чораҳои амниятӣ дар Истамбул шадидтар шуда, дар хиёбонҳои ин шаҳр 17 ҳазор ходими полис вазъро назорат мекунад.

Соли 2016 Анкара – пойтахти Туркия ва ҳам Истамбул ҳадафи чандин ҳамлаи террористӣ қарор гирифтанд. Дар паи ҳамлаҳои маргбор ба даромадгоҳи фурудгоҳи Отатурки Истамбул, ки аз ҷониби се нафар анҷом шуда буд, 45 нафар, аз ҷумла 19 хориҷӣ, ба ҳалокат расида, беш аз 200 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд. Мақомоти полиси Туркия гуфтанд, ки ин ҳодиса - кори дасти ҷангиёи гурӯҳи "Давлати исломӣ" ва сокинони Русия ва Осиёи Марказӣ мебошад. Вале тахминҳои аввалияи мақомот дар бораи ин ки эҳтимолан яке аз ҳамлагарон шаҳрванди Тоҷикистон буд, баъдан тасдиқ нашуд. 10 декабр дар натиҷаи як ҳамла ба варзишгоҳи Истамбул 44 нафар кушта ва 149 нафар маҷрӯҳ шуданд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG