Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шарҳи додситонӣ дар бораи захмӣ шудани ду сарбози Русия дар Бохтар


Додситонии вилояти Хатлон ба таҳқиқи вазъи равонии ҷавоне шуруъ кардааст, ки дар ҳамла ба ду сарбози дивизияи 201 дар Бохтар муттаҳам дониста мешавад. Мақомот мегӯянд, нафари гумонбар сокини 21-солаи ноҳияи Вахш аст. Масъулони Сафорати Русия дар Тоҷикистон ҳам гуфтанд, таҳқиқи ҳодисаро "ҷиддан" пайгирӣ доранд ва бо Фармондеҳии пойгоҳи 201 ва ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон дар тамос ҳастанд.

Як мақоми баландпояи додситонии вилояти Хатлон рӯзи 23-юми сентябр бо шарти зикр нашудани номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, ҷавони ҳамлавар ба ду сарбози Русия боздошт ва таҳқиқи вазъи равониаш оғоз шудааст.

Ба гуфтаи манбаъ, "ин ҷавон касалии руҳӣ аст. Мо ӯро аз ҷамъият ҷудо карда, барои табобати маҷбурӣ равон мекунем. Аммо бояд аввал дараҷаи бемории руҳиашро аниқ кунем ва вобаста ба он табобат таъйин кунем. Бо намояндагони дивизияи 201 дар ин бора ҳамкорӣ дорем."

Ин мақоми додситонии Хатлон афзуд, захми бардоштаи сарбозони Русия "ночиз аст ва пӯсти баданашонро харошидааст."

Бо ин ҳама мақомот сабабҳои ҳодиса ва ҷараёни онро то ҳол шарҳ надодаанд. Маълум нест, ки ин ҷавон дар чӣ вазъияте ба сарбозони Русия ҳамла кардааст.

Масъулони Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯянд, нафари гумонбар дар ҳамла ба ду сарбози Русия, Аҳлиддин Абдуллоев, сокини ноҳияи Вахш мебошад.

Ба гуфтаи Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи ВКД, ҳодиса тахминан соати 13-и рӯзи 20-уми сентябр дар кӯчаи Айнӣ, дар наздикии дивизияи 201 рух додааст.

Манбаъ афзуд, Аҳлиддин Абдуллоев, "аз ҷиҳати бемории руҳӣ доштанаш ба 2 нафар хизматчиёни ҳарбии 301162-и Федератсияи Россия муноқиша намуда, бо корд онҳоро захмӣ кардааст. Дар натиҷа номбурдагон ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд."

Мақомоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи гузашта ҳамла ба ду сарбози қарордодии пойгоҳи 201-уми Русияро дар маркази вилояти Хатлонро "авбошӣ" шумурданд. Масъулони Сафорати Русия дар Тоҷикистон рӯзи 22-юми сентябр дар изҳороти расмӣ гуфтанд, ки "гумонбар дастгир ва таҳқиқи ҳодиса оғоз шудааст".

Ҳарду тараф мегӯянд ҳодиса замоне рух дод, ки сарбозон "берун аз қисми ҳарбӣ дар дохили шаҳр аз пайи корҳои шахсии худ буданд".

Умарҷони Эмомалӣ – сухангӯи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон – рӯзи 22-юми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, "гумонбар дар рӯйхати беморони рӯҳии вилоят аст".

Дар ҳамин ҳол, хабаргузории ТАСС навишт, ду низомии маҷрӯҳро дар Душанбе бистарӣ кардаанд ва вазъи онҳо муътадил аст.

Дар гузашта чанд мавриди ҳамлаи сарбозони пойгоҳи 201-и Русия ба шаҳрандони Тоҷикистон ва ё қатли баъзе афрод ба дасти онҳо сабт шуда буд. Ин сарбозон ба далели бемории рӯҳӣ доштан ва табобату ташхис ба Русия бурда шуданд.

Пойгоҳи 201 дар Тоҷикистон бузургтарин воҳиди хушкигарди низомии Русия дар хориҷ аз он мебошад, ки дар гузашта гуфта мешуд ҳудуди 7 ҳазор низомиро дар бар мегирад. Аммо солҳои охир Русия теъдоди сарбозонашро дар ин пойгоҳ дар Тоҷикистон кам кардааст.

Ин пойгоҳ ҳақ дорад, то соли 2042 дар Тоҷикистон бимонад. Дар ҳоли ҳозир ин пойгоҳ дар наздикиҳои Душанбе ва Бохтар ҷойгир шудааст.

Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия, ҳангоми сафараш ба Тоҷикистон дар моҳи феврал пойгоҳи 201-ро "омили муҳими амният дар Тоҷикистон" хонда буд. Аммо айни замон гуфт, Маскав "бо назардошти таҳдидҳои идомаёбанда аз қаламрави Афғонистон" дар навсозӣ ё модернизатсияи нирӯҳои мусаллаҳ ва тақвияти марзи давлатӣ ба Тоҷикистон кумак хоҳад кард.

Мухолифон борҳо аз ҳузури густардаи низомии Русия дар Тоҷикистон, ки ба гуфтаи онҳо истиқлол ва тавоноии нерӯҳои кишварро зери суол мегузорад, танқид кардаанд.

XS
SM
MD
LG