Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хайр, Инчон, то боздид - дар Ҷакарта!


Расми анҷоми Бозиҳои Осиё дар Инчон
Расми анҷоми Бозиҳои Осиё дар Инчон

Бозиҳои XVII Осиё дар шаҳри Инчони Кореяи ҷанубӣ бо пирӯзии мунтахаби Чин ба анҷом расид. Мунтахаби Тоҷикистон аз ин мусобиқот бо 5 медал бармегардад.

Маросими ботантана пӯшидашавии Бозиҳои XVII Осиё шоми шанбеи 4-уми октябр дар Варзишгоҳи марказии Инчон бо ширкати ҳамаи 45 мунтахабе , ки дар ин мусобиқотт ширкат варзиданд, барпо гардид. Намояндагони ин 45 кишвар қадамзанон аз назди минбарҳо гузашта, дар дохили майдон саф оростанд.

Баъди иҷрои як маросими диданӣ Бозиҳои XVII Осиё пӯшида эълон гашт ва Шайх Аҳмад Ал-Сабоҳ Ал-Фаҳд, раиси Шӯрои олимпии Осиё парчами ин Шӯроро ба шаҳрдори Ҷакарта - пойтахти Индонезия ва мизбони Бозиҳои XVIII Осиё, супурд.

Дар Бозиҳои XVII Осиё мунтахаби Тоҷикистон бо шумули 90 варзишгар аз рӯи 16 намуд - бокс, вазнабардорӣ, варзиши сабук, волейболи соҳилӣ, гуштии озод, гуштии юнониву румӣ, дзюдо, камонварӣ, каратэ, қаиқронӣ, софт теннис, таэквондо, тирандозӣ, ушу, футбол ва шиноварӣ - ширкат карда, дар се намуд - варзиши сабук, гуштии озод ва таэквондо - 5 медал (1 тилло, 1 нуқра ва 3 биринҷӣ ) ба даст овард.

Нахуст Дилшод Назаров дар гурзандозӣ дар сабқати мардон бо натиҷаи 76 метру 82 сантиметр мақоми аввалро касб карда, бо медали тилло сарфароз гашт. Баъдан Залимхон Юсупов дар сабқати гуштии озод дар вазни то 65 килограмм бо медали нуқра мукофотонида шуд.

Моҳрӯ Ҳалимова бо парчами Тоҷикистон
Моҳрӯ Ҳалимова бо парчами Тоҷикистон

Сипас дар сабқати таэквондо байни мардон Фарҳод Неъматов дар вазни то 80 кило, Алишер Гулов дар вазни + 87 кило ва миёни занон Моҳрӯ Ҳалимова дар вазни + 73 кило ба мунтахаби Тоҷикистон се медали биринҷӣ оварданд. Дар муваффақияти барҷастаи таэквондочиёни тоҷик мураббиён – мутахассиси кореягӣ Ҷон Ҷонг Фи ва Ҷаҳонзеб Қармишев – нақши муҳим бозӣ кардаанд. Парчами Тоҷикистонро дар расми анҷоми Бозиҳои Осиё дар Инчон Моҳрӯ Ҳалимова бардошт.

Ба ин тартиб, баъди натиҷагирии бозиҳо мунтахаби Чин дар ҳисоби умумидастаӣ ҳам бо назардошти сифати медалҳо ва ҳам бо назардошти теъдоди умумии медалҳо пешсафи ягона шуд. Варзишгарони Чин ҳамагӣ 342 медал – 151 тилло, 108 нуқра ва 83 медали биринҷӣ ба даст оварданд.

Мунтахаби Кореяи ҷанубӣ бо касби 234 медал - 79 нишони тилло, 71 нуқра ва 84 биринҷӣ – ҷойи дувумро касб кард. Варзишгарони Ҷопон бо касби 200 медал - 47 нишони тилло, 76 нуқра ва 77 биринҷӣ мақоми севумро азони худ карданд.

Тими Қазоқистон бо касби 84 медал (28 тилло, 23 нуқра ва 33 биринҷӣ) дар мақоми 4-ум ва мунтахаби Эрон бо касби 57 медал (21 тилло, 18 нуқра ва 18 биринҷӣ) дар мақоми 5-ум қарор гирифтанд.

Умуман, варзишгарони 37 кишвар медалҳои Бозиҳои XVII Осиёро ба даст оварданд ва намояндагони 28 кишвар, аз он ҷумла Тоҷикистон, ба унвони қаҳрамони бозиҳо мушарраф шуданд.

Аз кишварҳои Осиёи марказӣ ба ҷуз мунтахаби Қазоқистон, Узбакистон бо касби 44 медал (9 нишони тилло, 14 нуқра ва 21 биринҷӣ) дар ҷойи 11-ум, Тоҷикистон бо касби 5 медал (1 медали тилло, 1 нуқра ва 3 биринҷӣ) дар ҷойи 23-юм, Қирғизистон бо касби 6 медал (2 медали нуқра ва 4 биринҷӣ) дар ҷойи 30-юм ва Туркманистон бо касби 6 медал (1 медали нуқра ва 5 биринҷӣ) дар ҷойи 32-юм қарор гирифтанд. Инчунин мунтахаби Афғонистон бо як медали нуқра (крикет) ва як медали биринҷӣ (таэквондо) ҷойи 35-умро соҳиб шуд.

Мунтахаби Тоҷикистон аз соли 1994 барои бори шашум дар Бозиҳои Осиё ширкат кард. Варзишгарони тоҷик дар муддати 20 сол ҳамагӣ 21 медал ба даст овардаанд, ки чортоаш тилло, сетоаш нуқра ва чордаҳтоаш биринҷӣ мебошад.

Варзишгарони тоҷик соли 2010 дар Бозиҳои XVI Осиё дар шаҳри Гуанҷоуи Чин 4 медал (1 тилло ва 3 биринҷӣ) ба даст оварда буданд. Дилшод Назаров дар гурзандозӣ бо медали тилло сарфароз гашта, Расул Боқиев дар риштаи дзюдо дар вазни то 73 кг, Муродҷон Тӯйчиев дар намуди гуштии юнониву румӣ дар вазни 120 кг ва Ҷаҳон Қурбонов дар риштаи бокс дар вазни то 91 кг медалҳои биринҷӣ оварда буданд.

Дар Бозиҳои XVII Осиё Расул Боқиев ширкат накард. Дилшод Назаров барои севумин бор медали тилло гирифт, вале ин дафъа Ҷаҳон Қурбонов ва Муродҷон Тӯйчиев бе медал монданд.

Шумораи медалҳои ба даст овардаи варзишгарони тоҷик нисбат ба теъдоди медалҳои мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои XVI Осиё дар Гуанҷоуи Чин як нуқра бештар аст.

Тоҷикистон дар Бозиҳои Инчон нисбат ба Бозиҳои XVI Осиё дар ҳисоби умумидастаӣ бо назардошти сифати медалҳо 5 зина боло - 23-юм шуд. Ин натиҷаи беҳтарини мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои Осиё аз соли 1994 то кунун мебошад. Мунтахаби Тоҷикистон соли 1994 дар Хиросимаи Ҷопон ҷойи 29-ум, соли 1998 дар Бангкоки Тайланд ҷойи 34-ум, соли 2002 дар Бусани Кореяи Ҷанубӣ ҷойи 28-ум, соли 2006 дар Доҳаи Қатар ҷойи 24-ум ва соли 2010 дар Гуанҷоуи Чин ҷойи 28-умро гирифта буд.

Дар Бозиҳои XVII Осиё Тоҷикистонро, инчунин, чаҳор довари дараҷаи байналмилалӣ - Ҳабибулло Нарзуллоев дар сабқати гуштии озод ва гуштии юнониву румӣ, Рамзӣ Шамиров дар сабқати дзюдо, Вафоназар Алиназаров дар сабқати таэквондо ва Вадим Неъматов дар сабқати варзиши сабук намояндагӣ карданд. Вафоназар Алиназаров беҳтарин довари сабқати таэквондо WTF дар Бозиҳои XVII Осиё дониста шуд.

Ёсимин Авазбекова дар Инчон
Ёсимин Авазбекова дар Инчон

Инчунин дар Бозиҳои XVII Осиё Ёсимин Авазбекова, хонандаи синфи 11-и мактаби миёнаи рақами 15-и Душанбе, ки дар озмун ғолиб омадааст, ба ҳайси хабарнигори наврас ҳамроҳи модараш ширкат дошт.

Дар Бозиҳои XVII Осиё 9450 варзишгари 45 кишвар барои 439 маҷмӯи медалҳо оид ба 36 риштаи варзиш ва 48 намуд сабқат карданд. Шумораи аз ҳама зиёди варзишгарон дар ҳайати мунтахаби Чин – 880 нафар – иштирок дошт. Ба ҳайати мунтахаби мизбонон – Кореяи ҷанубӣ - 827 варзишгар шомил буд. Мунтахаби Ҷопон бо шумули 718 варзишгар, Ҳиндустон – 519 варзишгар ва Тайланд – 516 варзишгар ба Инчон омада буданд.

Шумораи аз ҳама ками варзишгарон дар дастаҳои Бруней (11 нафар), Бутан (16 нафар) ва Камбоҷа (20 нафар) ба чашм мерасид. Теъдоди варзишгарон дар ҳайати дастаҳои мунтахаби кишварҳои Осиёи Марказӣ чунин буд: Қазоқистон – 408, Узбакистон – 290, Қирғизистон – 115, Тоҷикистон – 90, Туркманистон – 80. Инчунин дар ин бозиҳо аз Эрон 276 ва аз Афғонистон 70 варзишгар ширкат доштанд.

Аз ҷараёни Бозиҳои XVII Осиё 7000 хабарнигор ҳамарӯза тавассути васоити ахбори омма гузориш медод. Бозиҳои XVIII Осиё баъди чаҳор сол (2018) дар Индонезия баргузор хоҳанд шуд.

Нарзуллоҳи Латиф, Инчон, Кореяи ҷанубӣ

XS
SM
MD
LG