Моҳрӯ Ҳалимова, барандаи медали биринҷии Бозиҳои XVII Осиё,дар расми ботантана пӯшидашавии ин бозиҳо, ки шоми 4 октябр, дар Инчони Кореяи Ҷанубӣ баргузор мешавад, парчамбардори Тоҷикистон интихоб шудааст.
Мунтахаби Тоҷикистон бо шумули 90 варзишгар дар 14 рӯзи мусобиқот аз рӯи барномаи Бозиҳои XVII Осиё дар 16 намуд - бокс, вазнабардорӣ, варзиши сабук, волейболи соҳилӣ, гуштии озод, гуштии юнониву румӣ, дзюдо, камонварӣ, каратэ, қаиқронӣ, софт теннис, таэквондо, тирандозӣ, ушу, футбол ва шиноварӣ - ширкат карда, дар се намуд - варзиши сабук, гуштии озод ва таэквондо - 5 медал (1 тилло, 1 нуқра ва 3 биринҷӣ ) ба даст овард.
Ёдовар мешавем, нахуст Дилшод Назаров дар гурзандозӣ дар сабқати мардон бо натиҷаи 76 метру 82 сантиметр мақоми аввалро касб карда, бо медали тилло сарфароз гашт. Баъдан Залимхон Юсупов дар сабқати гуштии озод дар вазни то 65 килограмм бо медали нуқра мукофотонида шуд.
Сипас дар сабқати таэквондо байни мардон Фарҳод Неъматов дар вазни то 80 кило, Алишер Гулов дар вазни + 87 кило ва миёни занон Моҳрӯ Ҳалимова дар вазни + 73 кило ба мунтахаби Тоҷикистон се медали биринҷӣ оварданд. Дар муваффақияти барҷастаи таэквондочиёни тоҷик мураббиён – мутахассиси кореягӣ Ҷон Ҷонг Фи ва Ҷаҳонзеб Қармишев – хидмати бузург кардаанд.
Инчунин бояд қайд намуд, дар Бозиҳои XVII Осиё Тоҷикистонро чаҳор довари дараҷаи байнлмилалӣ - Ҳабибулло Нарзуллоев дар сабқати гуштии озод ва гуштии юнониву румӣ, Рамзӣ Шамиров дар сабқати дзюдо, Вафо Аланазаров дар сабқати таэквондо ва Вадим Неъматов дар сабқати варзиши сабук намояндагӣ карданд.
Имрӯз дар Бозиҳои XVII Осиё рӯзи охирини мусобиқот аст. Дар се намуд – каратэ, тенниси рӯи миз ва софт теннис ғолибону ҷоизадорони бозиҳо муайян хоҳанд шуд. Вале варзишгарони тоҷик сабқатро ба анҷом расондаанд. Ба ин тартиб баъди натиҷагирии 14 рӯзи мусобиқот мунтахаби Чин дар ҳисоби умумидастаӣ ҳам бо назардошти сифати медалҳо ва ҳам бо назардошти теъдоди умумии медалҳо пешсафи ягона мебошад. Варзишгарони Чин то кунун ҳамагӣ 337 медал – 149 тилло, 107нуқра ва 81 медали биринҷӣ ба даст овардаанд.
Мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ бо касби 228 медал - 77 нишони тилло, 71 нуқра ва 80 биринҷӣ – дар ҷойи дувум аст. Варзишгарони Ҷопон бо касби 195 медал - 46 нишони тилло, 73 нуқра ва 76 биринҷӣ дар мақоми севуманд.
Тими Қазоқистон бо касби 82 медал (28 тилло, 22 нуқра ва 32 биринҷӣ) дар мақоми 4-ум ва мунтахаби Эрон бо касби 56 медал (21 тилло, 18 нуқра ва 17 биринҷӣ) дар мақоми 5-ум мебошанд.
Умуман, то ҳоло варзишгарони 37 кишвар медалҳои Бозиҳои XVII Осиёро ба даст овардаанд ва намояндагони 27 кишвар, аз он ҷумла Тоҷикистон, ба унвони қаҳрамони бозиҳо мушарраф шудаанд.
Аз кишварҳои Осиёи марказӣ ба ҷуз мунтахаби Қазоқистон, Узбакистон бо касби 43 медал (9 нишони тилло, 14 нуқра ва 20 биринҷӣ) дар ҷойи 11-ум, Тоҷикистон бо касби 5 медал (1 медали тилло, 1 нуқра ва 3 биринҷӣ) дар ҷойи 23-юм, Қирғизистон бо касби 6 медал (2 медали нуқра ва 4 биринҷӣ) дар ҷойи 30-юм ва Туркманистон бо касби 6 медал (1 медали нуқра ва 5 биринҷӣ) дар ҷойи 32-юм қарор доранд. Инчунин мунтахаби Афғонистон бо як медали нуқра (крикет) ва як медали биринҷӣ (таэквондо) дар ҷойи 34-ум мебошад.
Бояд тазаккур дод, ки мунтахаби Тоҷикистон сар аз соли 1994 барои бори шашум дар Бозиҳои Осиё ширкат кард. Варзишгарони тоҷик дар муддати 20 сол ҳамагӣ 21 медал ба даст овардаанд, ки чортоаш тилло, сетоаш нуқра ва чордаҳтоаш биринҷӣ мебошад.
Дарвоқеъ, варзишгарони тоҷик соли 2010 дар Бозиҳои XVI Осиё дар шаҳри Гуанҷоуи Чин 4 медал (1 тилло ва 3 биринҷӣ) ба даст оварда буданд. Дилшод Назаров дар гурзандозӣ бо натиҷаи 76 метру 44 сантиметр бо медали тилло сарфароз гаштааст. Расул Боқиев дар риштаи дзюдо дар вазни то 73 кг ва Муродҷон Тӯйчиев дар намуди гуштии юнониву румӣ дар вазни 120 кг ва Ҷаҳон Қурбонов дар риштаи бокс дар вазни то 91 кг бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шудаанд.
Бояд тазаккур дод, ки дар Бозиҳои XVII ОсиёРасул Боқиев ширкат накард. Дилшод Назаров барои севумин бор медали тилло гирифт, вале ин дафъа Ҷаҳон Қурбонов ваМуродҷон Тӯйчиев бе медал монданд.
Дарвоқеъ, шумораи медалҳои ба даст овардаи варзишгарони тоҷик нисбат ба теъдоди медалҳои мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои XVI Осиё дар Гуанҷоуи Чин як адад беш аст, инчунин аз ҷиҳати сифати медалҳо низ натиҷаи мунтахаби кишвар дар Бозиҳои XVII Осиё беҳтар мебошад.Мунтахаби кишвар ин дафъа ба ҷуз як медали тиллову се биринҷӣ, боз як медали нуқра гирифт.
Дар Бозиҳои XVII Осиё 9450 варзишгари 45 кишвар барои 439 маҷмӯи медалҳо оид ба 36 риштаи варзиш ва 48 намуд сабқат мекунанд. Шумораи аз ҳама зиёди варзишгарон дар ҳайати мунтахаби Чин – 880 нафар – иштирок доранд. Ба ҳайати мунтахаби мизбонон – Кореяи Ҷанубӣ 827 варзишгар шомил аст. Баъдан мунтахаби Ҷопон бо шумули 718 варзишгар,Ҳиндустон – 519 варзишгар ва Тайланд – 516 варзишгар ба Инчон омадаанд.
Шумораи аз ҳама ками варзишгарон дар дастаҳои Бруней (11 нафар), Бутан (16 нафар) ва Камбоҷа (20 нафар) мебошад. Теъдоди варзишгарон дар ҳайати дастаҳои мунтахаби кишварҳои Осиёи Марказӣ чунин аст: Қазоқистон – 408, Узбакистон – 290, Қирғизистон – 115, Тоҷикистон – 90, Туркманистон – 80. Инчунин дар ин бозиҳо аз Эрон 276 ва аз Афғонистон 70 варзишгар ширкат доранд.
Аз ҷараёни Бозиҳои XVII Осиё 7000 хабарнигор ҳамарӯза тавассути васоити ахбори омма гузориш медиҳанд. Барои фаъолияти онҳо дар Маркази асосии хабарнигорон (MPC) ва марказҳои матбуоти иншоотҳои варзишӣ тамоми шароити зарурӣ фароҳам аст.