Варзишгарони тоҷик -- Фарҳод Неъматов ва Алишер Гулов дар сабқати таэквондо дар Бозиҳои XVII Осиё дар Инчони Кореяи ҷанубӣ ба мунтахаби Тоҷикистон боз ду медали биринҷӣ оварданд.
Рӯзи 1 октябр Фарҳод Неъматов дар сабқати мардон дар вазни то 80 кило рақибонаш Вей Тинг Лиу аз Ветнамро бо ҳисоби 6-2 ва Иброҳим Носир аз Афғонистонро бо ҳисоби 3-0 шикаст дода, ба нимфинал баромад. Вале вай дар даври ниманиҳоӣ аз Маҳдӣ Худобахшӣ аз Эрон бо ҳисоби 2-7 шикаст хӯрд ва мақоми севумро касб кард.
Инчунин, варзишгари дигари тоҷик Алишер Гулов дар сабқати таэквондо дар вазни +87 кило бар асоси қуръакашӣ қувваозмоиро аз даври чорякниҳоӣ шурӯъ карда, бар Янг Йи аз Чин бо ҳисоби 4-3 пирӯз шуд ва ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфт. Вале дар нимфинал Алишер аз Дмитрий Шохин аз Узбакистон бо ҳисоби 0-12 шикаст хӯрд ва аз ҳаққи ширкат дар финал маҳрум шуд. Алишер низ мақоми севумро азони худ кард.
Мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои XVII Осиё то кунун чор медал – як тилло, як нуқра ва ду биринҷӣ ба даст овардааст.
Ёдовар мешавем, ки Дилшод Назаров, варзишгари маъруфи тоҷик, дар Бозиҳои XVII осиёӣ дар гурзандозӣ дар сабқати мардон бо натиҷаи 76 метру 82 сантиметр мақоми аввалро касб карда, бо медали тилло сарфароз гашт. Ин аввалин медали Тоҷикистон дар ин бозиҳо ба шумор меравад. Дилшод Назарови 32-сола барои севумин бор дар Бозиҳои осиёӣ ба унвони қаҳрамонӣ мушарраф шудааст.
Намояндаи дигари Тоҷикистон Залимхон Юсупов дар сабқати гуштии озод дар вазни то 65 килограмм рақибонаш Улуғмон Маматов аз Қирғизистон, Ихтиёр Наврӯзов аз Узбакистон ва Томотсугу Ишида аз Ҷопонро шикаст дода, ба финал баромад. Вале дар даври ниҳоӣ аз Ёгешвар Дутт аз Ҳиндустон бо ҳисоби 0-1мағлуб шуда, бо медали нуқра сарфароз гашт.
Дар ин мусобиқоти бузургтарини қитъавӣ варзишгарони тоҷик боз аз рӯи варзиши сабук, гуштии юнониву румӣ, каратэ, қаиқронӣ ва таэквондо рақобат мекунанд.
Дар Бозиҳои XVII осиёӣ, ки дар шаҳри Инчони Кореяи Ҷанубӣ то 4-уми октябр идома меёбанд, ҳайати варзишии Тоҷикистон бо шумули беш аз 150 нафар, аз он ҷумла 91 варзишгар, ширкат дорад.
Баъди натиҷагирии 11 рӯзи мусобиқот мунтахаби Чин ҳам дар ҳисоби умумидастаӣ ва ҳам бо назардошти сифати медалҳо пешсафи ягона мебошад. Варзишгарони Чин то кунун ҳамагӣ 268 медал – 126 тилло, 80 нуқра ва 62 медали биринҷӣ ба даст овардаанд.
Мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ бо касби 170 медал - 54 нишони тилло, 55 нуқра ва 61 биринҷӣ – дар ҷойи дувум аст. Варзишгарони Ҷопон бо касби 146 медал - 37 нишони тилло, 54 нуқра ва 55 биринҷӣ дар мақоми севуманд.
Тими Қазоқистон бо касби 56 медал (15 тилло, 16 нуқра ва 25 биринҷӣ) дар мақоми 4-ум ва мунтахаби Эрон бо касби 35 медал (14 тилло, 11 нуқра ва 10 биринҷӣ) дар мақоми 5-ум мебошанд.
Умуман, то ҳоло варзишгарони 33 кишвар медалҳои Бозиҳои XVII осиёиро ба даст овардаанд ва намояндагони 24 кишвар, аз он ҷумла Тоҷикистон, ба унвони қаҳрамони бозиҳо мушарраф шудаанд.
Аз кишварҳои Осиёи марказӣ ба ҷуз мунтахаби Қазоқистон, Узбакистон бо касби 27 медал (6 нишони тилло, 7 нуқра ва 14 биринҷӣ) дар ҷойи 11-ум, Тоҷикистон бо касби 1 медали тилло ва 1 нуқра дар ҷойи 22-юм, Қирғизистон бо касби 2 медали нуқра ва 3 биринҷӣ дар ҷойи 27-ум ва Туркманистон бо касби 1 медали нуқра ва 3 биринҷӣ дар ҷойи 28-ум қарор доранд.
Нарзуллоҳи Латиф, Инчон, Кореяи ҷанубӣ