Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

200 мошини "Киа" барои "Asian Express"


Яке аз автобусҳои Asian Express Terminal дар терминали Душанбе
Яке аз автобусҳои Asian Express Terminal дар терминали Душанбе

Ширкати "Asian Express Terminal" мегӯяд, ба зудӣ 200 худрави ҷадидро вориди Тоҷикистон мекунад.

Далер Мерганов, сухангӯи ҳолдинги «Конт – групп – Тоҷикистон» рӯзи 24 сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ин худравҳои тамғаи «Киа Оптима», сохти Кореяи ҷанубӣ буда, ҳоло аз бандарҳои Эрон гузашта, тариқи Озорбойҷон дар роҳ ба сӯи Тоҷикистон қарор доранд. Вай афзуд, "Asian Express Terminal" тасмим дорад боз 300 худрави дигарро низ вориди Тоҷикистон кунад ва шояд то 600 корманди дигарро бо кор таъмин намояд.

"Asian Express Terminal" яке аз зерширкатҳои марбут ба ҳолдинги «Конт – групп – Тоҷикистон» аст, ки аз соли 2012 дар Тоҷикистон таъсис ёфта, дар ҳоли ҳозир дар шаҳри Душанбе 40 таксии навъи «Тайота Кэмри» -и истеҳсоли Ҷопон ва 40 адад автобусҳои навъи «Тенса» - и истеҳсоли ширкати «Ман» - и Олмон - ро дар хизмати мусофирон қарор додааст. Бино ба иттилои расмӣ, ин ширкат барои таҷдиди терминали Душанбе 200 миллион доллар харҷ кардааст.

«Конт – групп – Тоҷикистон» ҳолдинги серсоҳа буда, ба ҷуз Asian Express Terminal , чанд ширкати дигар - «Конт – Таъминот», «Конт - Турист», Asian Express Airline ва «Конт – сохтмон»-ро низ муттаҳид мекунад.

Ба гуфтаи масъулонаш, ин ҳолдинг 12 марти соли равон дар маҳаллаи Ипподроми шаҳри Душанбе дар майдони 3 гектар ва ба маблағи 200 миллион доллар ба бунёди бузургтарин ҳипермаркет дар Осиёи Марказӣ шурӯъ кардааст, ки тибқи нақша, бояд то моҳи ноябри соли 2014 ба анҷом расад ва ҳудуди 3 ҳазор нафарро бо кор таъмин намояд.

Asian Express Airline – ширкати ҳавонавардии ин ҳолдинг, ки ба Тоҷикистон се ҳавопаймои навъи «Боинг» - ро ворид кардааст, низ ба фаъолият шурӯъ кардааст. Сухангӯи ҳолдинг мегӯяд, пас аз оғози фаъолият ду ҳавопаймои навъи «Айробус - 320», ки аллакай харидорӣ шудаанд, ба Тоҷикистон ворид карда хоҳанд шуд.


Бобак Занҷонӣ
Бобак Занҷонӣ
Дар моҳи майи соли ҷорӣ расонаҳои Амрико навишта буданд, ки ҳолдинги «Конт – групп – Тоҷикистон» ба Бобаки Занҷонӣ, сармоядори эронӣ ва соҳиби ширкати Sorinet Group тааллуқ дорад. Раёсати назорат ба сармояҳои хориҷӣ дар назди вазорати молияи Амрико дороиҳои шаш ширкат ва як нафарро аз гардиш нигоҳ дошта буд, ки якеаш Kont Investment Bank буд, ки гуфта мешуд, ба Бобаки Занҷонӣ рабт дорад.

Ин қазия суолҳоеро дар маҳофили Тоҷикистон матраҳ кард, ки оё фаъолияти ширкатҳои марбут ба Занҷонӣ дар бозори ин кишвар ва ҳузури раҳбарони аввали Тоҷикистон дар канори Занҷонӣ дар расми гушоиши автовокзали таҷдидшудаи Душанбе оё ба обрӯи Душанбе осеб нахоҳад зад?

«Конт – групп – Тоҷикистон» рабт доштан ё надоштанаш бо сармоядори эронӣ Бобаки Занҷонӣ ва ширкатҳои зери назари ӯро радд намекунад. Далер Мерганов, сухангӯи ҳолдинги «Конт-групп-Тоҷикистон» низ ба Озодӣ гуфт, "Kont Investment Bank" ҳамкори ин ҳолдинг мебошад.
XS
SM
MD
LG