Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

С.Зурабишвилӣ: «Дар Душанбе ҳадафи таҳримоти зидди Эронро фаҳмондем»


Саломе Зурабишвилӣ, ҳамоҳангсози гурӯҳи иборат аз 8 коршиноси мустақиле, ки Шӯрои Амнияти СММ ташкил кардааст, 10 рӯз пеш аз Душанбе боздид кард.

Дар миёнаи моҳи июн се коршиноси ин ҳайъат дар Душанбе бо мақомоти баландпояи Тоҷикистон мулоқотҳо анҷом дод. Коршиносони СММ аз ҷумла бо мақомоти раҳбарии вазоратҳои хориҷа, амният ва молия ва ҳамин тавр, бо намояндагони бахши хусусӣ мулоқот карда, дар яке аз гузаргоҳҳои марзӣ бо тартиби тафтиши молу коло аз сӯи мақомоти гумруки Тоҷикистон низ ошно шудаанд. Саломе Зурабишвилӣ дар як гуфтугӯи ихтисосӣ бо Озодӣ дар бораи аҳдофи сафари ин гурӯҳ ба Тоҷикистон чунин гуфт:

Зурабишвилӣ: Сафари мо дар чорчӯби сафарҳо ба кишварҳои узв буд. Дар 2,5 соли охир мо аз беш аз 60 кишвари дунё боздид кардем. Мо тартиби иҷрои таҳримоти зидди Эрон аз тарафи ин кишварҳоро меомӯзем. Мо бо ин кишварҳо, бахусус бо мақомоти масъули иҷрои ин таҳримот табодули иттилоъ мекунем, то бидонем, ки чӣ мушкилоте доранд ва дар роҳи иҷрои талаботи СММ чӣ чолишҳое дар пешорӯяшон мавҷуд аст. Бидуни шубҳа, кишварҳое, ки дар атрофи Эронанд, мавриди таваҷҷӯҳи хоси мо қарор мегиранд, чунки ин кишварҳо дар пайи таҳримоти мо метавонанд дар доираи аҳдофи Эрон биоянд. Ман ягон мавриди мушаххасеро, ки мавзӯъи баҳси мо бо мақомоти расмии ин кишварҳо мешавад, бо матбуот сӯҳбат намекунам. Ин мухолифи сиёсати мост. Мо ба хотири арзёбии рафтори кишварҳои мушаххас сафар намекунем. Мо ба хотири табодули таҷриба, додани машварат дар мавридҳои мушаххас ва барои кумак ба кишварҳо барои иҷрои беҳтари таҳримот сафар мекунем.

Озодӣ: Тоҷикистон, қарори маълум, узви СММ аст. Оё шумо аз ҳамкории Душанбе бо Шӯрои Амният дар масъалаи таҳримоти зидди Эрон то куҷо розиед?

Зурабишвилӣ: Изҳори қаноатмандӣ аз сатҳи ҳамкорӣ низ метавонад баҳодиҳӣ маънидод шавад. Ман аз ин худддорӣ мекунам. Танҳо мегӯям, ки тамоми аъзои СММ бояд таҳримотеро, ки воҷибулиҷрост, иҷро кунанд. Ва ягон кишвар набояд мутмаин бошад, ки дар қаламраваш чизе намегузарад. Ягон кишвар пурра ҳифзшуда нест, ҳатто онҳое ки беҳтарин шабакаҳои назорати содирот доранд. Чунки Эрон бо ин маъруф аст, ки аз шеваҳои гуногуни фирор аз таҳримот кор мегирад. Вазифаи мо хабардор кардани кишварҳост, ки чӣ шеваҳое истифода мешаванд ва дар амри пешгирӣ аз онҳо кӯмак кунем, то ки дар оянда ба нақзи таҳримот роҳ дода нашавад. (Дар Тоҷикистон) ман чунин чизеро мушоҳида накардам. Хабар додан дар бораи мавридҳои поймол шудани таҳримот дар салоҳияти худи кишварҳост ва дар сурати расидани чунин сигнал, мо ба он кишвар намояндагонамонро мефиристем. Аммо ин ба Тоҷикистон рабт надорад. Агар мақомоти тоҷик ягон вақт ба мо занг зада, аз ягон шакку гумони худ огоҳ кунанд, мо ҳатман бо чунин сафаре ба Тоҷикистон ҳам хоҳем омад. То кунун тақрибан 20 чунин миссия дар кишварҳои мухталиф анҷом шуда, дар ояндаи наздик бояд беш аз 10 миссияи дигар шурӯъ шавад.

Озодӣ: Хонандагони сомонаи Озодӣ, ҳарборе ки сӯҳбат дар бораи таҳримоти зидди Эрон шавад, аз фишори ҷомиаи ҷаҳонӣ ба ин кишвар изҳори норозигӣ мекунанд, чунки тоҷикон бо эрониҳо гузаштаи муштараки фарҳангӣ доранд. Аз сӯи дигар, баъди онки Эрон ба яке аз шарикони муҳими стратегии Душанбе табдил ёфт, бисёриҳо дар Тоҷикистон иттиҳомоти Ғарб алайҳи Эронро беасос мешуморанд. Ба назари шумо, равобит бо Эрон метавонад паёмадҳое биорад ва ҳимоят аз он кишвар оё ба эътибори Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ таъсир хоҳад кард?

Зурабишвилӣ: Дар навбати аввал, дар мавриди таҳримоти СММ каҷфаҳмиҳое ҳаст. Тамоми таҳримот танҳо як ҳадаф доранд, ки нагузоранд, то Эрон соҳиби бомбу силоҳи ҳастаӣ шавад. Ин ҳадафи равшану дақиқест, ки дар таҳримоти СММ дарҷ шудааст. СММ дар роҳи равобити тиҷорӣ ва муносиботи дигари қонунӣ бо Эрон монеа намегузорад. Шояд дар таъйини марзи байни муомилоти тиҷории ғайриқонуниву маъмулӣ мушкилоте вуҷуд дорад. Дар мавриде ки шумо мегӯед, яъне вақте кишвар бо Эрон равобити маҳками иқтисодиву фарҳангӣ дорад ва аз он даст кашидан намехоҳад, бояд гуфт, ки мо инро дар намунаи чандин кишвари дигар низ мебинем. Вале боз ҳам масъала ин аст, ки фаъолиятҳои қонунӣ ва муҷозро аз мавридҳои вижае, ки Шӯрои Амният муқаррар кардааст, дуруст ҷудо кунем. Вазифаи мо дар муносибот бо мақомоти тоҷик маҳз дуруст фаҳмондани вазифаҳои ин таҳримот аст.

Озодӣ: Сафари шумо ба Тоҷикистон баъди он иттифоқ уфтод, ки Реестри федеролии Амрико дар аввали моҳи май алайҳи Kont Investment Bank таҳримот ҷорӣ кард. Аз ҷумла дар бораи сармоядори эронӣ Бобак Занҷонӣ сӯҳбат мешавад, ки исми ӯро ба чанд тарҳи бузурги тиҷорӣ дар Тоҷикистон рабт медиҳанд. Агар ҳукумат ба далели эҳтиёҷоти иқтисодиаш аз ҳамкорӣ бо ширкатҳову сармоядорони таҳримшуда даст кашидан нахоҳад, алайҳаш чӣ чорае хоҳанд дид?

Зурабишвилӣ: Ман ягон мавриди мушаххасро шарҳ намедиҳам, чунки метавонад ба гунаҳои мухталиф маънидод шавад. Ман танҳо инро хабар додам, ки мо аз кишвар боздид кардем ва чӣ машвараҳое анҷом шуд. Тавре гуфтам, чорчӯби сафарҳои назоратӣ ба кишвар вуҷуд дорад, ки дар сурати пеш омадани зарурати тафтиши мавридҳои мушаххас аз он он кор мегиранд.
XS
SM
MD
LG