Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рақиби “Хуҷанд” дар финали Ҷоми Тоҷикистон – “Истиқлол” ё ССКА “Помир”?


Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе дар бозии аввали ниманиҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2017 оид ба футбол бар тими ССКА “Помир”-и Душанбе бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд. Ин бозӣ шоми 17-уми ноябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе ба поён расид.

Дастаи “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд, ки аз рӯи натоиҷи ду бозии ниманиҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2017 бар тими “Барқчӣ”-и Ҳисор пирӯз шуд, ба финал баромадааст.

Голи ягонаро ҳамлагар Дилшод Восиев аз ҷаримаи 11-метрӣ ё пеналтӣ дар нимаи аввали дидор, дар дақиқаи 16-ум, ба ҳадаф расонд. Дастаи ғолиби ин ҷуфт аз рӯи натиҷаҳои ду бозӣ маълум хоҳад шуд. Бозии ҷавобии ниманиҳоӣ миёни дастаҳои ССКА “Помир” ва “Истиқлол” 21-уми ноябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе барпо мегардад.

Ҷоми Тоҷикистон. 1/2 финал. Бозии аввал

«Истиқлол» – ССКА «Памир»– 1:0

Гол: Дилшод Восиев, 16 – аз пеналтӣ.

«Истиқлол» (Душанбе): Никола Стошич, Сиёвуш Асроров, Ойбек Абдуғаффоров, Дэвид Мавутор, Табрези Давлатмир (Аҳтам Назаров, 46), Эҳсони Панҷшанбе (Амирбек Ҷӯрабоев, 46), Фарҳод Қосимов, Александр Стетсенко, Фатҳулло Фатҳуллоев, Дмитрий Барков, Дилшод Восиев (Ҳомид Ғуломӣ, 84).

Дилшод Восиев
Дилшод Восиев

ССКА «Помир» (Душанбе): Анатолий Старушенко, Орзу Додхудоев, Идибек Ҳабибуллоев, Комрони Мирзохон, Зоир Ҷӯрабоев, Комрон Мирзонаҷот, Шамсиддин Қосимов, Билол Сулаймонов (Зикрулло Холиқов, 88), ШарафҷонСолеҳов, Самадҷон Шарифов, Кароматулло Раҷабов (Комилҷон Ҷабборов, 90+2).

Огоҳӣ гирифтанд: Александр Стетсенко, Ойбек Абдуғаффоров («Истиқлол»), Комрони Мирзохон, Идибек Ҳабибуллоев (ССКА «Помир»).

Беҳтарин бозигари дидор: Дилшод Восиев («Истиқлол»).

Сардовар: Беҳрӯз Муртазоев (Душанбе).

17-уми ноябр. Душанбе. Варзишгоҳи марказӣ. 300 тамошогар.

Ёдовар мешавем, дастаи “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд, ки аз рӯи натоиҷи ду бозии ниманиҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2017 бар тими “Барқчӣ”-и Ҳисор пирӯз шуд, ба финал баромадааст. Бозии аввал бо ҳисоби 2:0 ба нафъи дастаи мизбон - “Хуҷанд” - анҷом ёфта буд.

Дар бозии ҷавобӣ, ки дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор барпо гардид, замони асосӣ бо ҳисоби 2:0 ба фоидаи мизбонон ба поён расид. Бар асоси дастури мусобиқот барои муайян кардани ғолиб ду қисми 15-дақиқаӣ таъин гардид. Дар замони изофӣ футболбозони “Хуҷанд” ду гол зада, ба финал баромаданд.

Дастаи "Хуҷанд"
Дастаи "Хуҷанд"

Ба ин тартиб, рақиби «Хуҷанд» дар бозии ниҳоӣ пас аз натиҷагирии бозиҳои ниманиҳоӣ миёни дастаҳои «Истиқлол» ва CСКА «Помир» маълум хоҳад шуд.

Бар асоси дастури мусобиқот барандаи Ҷоми Тоҷикистон-2017 ба ҳаққи ширкат дар Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2018 мушарраф мешавад. Агар имсол ҳам дар Ҷоми Тоҷикистон “Истиқлол” ғолиб ояд,онгоҳ дар мавсими оянда дар Ҷоми AFC ҷоизадори нуқраи мусобиқоти имсолаи лигаи олӣ- “Хуҷанд” - ширкат хоҳад кард.

Ёдовар мешавем, соли гузашта дастаи “Истиқлол”-и Душанбе барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардида буд. Душанбегиҳо дар бозии ниҳоӣ, ки 4-уми ноябр дар Варзишгоҳи марказии пойтахти кишвар барпо гардид, бар дастаи “Ҳосилот”-и ноҳияи Фархор аз рӯи пеналтӣ бо ҳисоби 3:2 (ҳисоби умумӣ – 5:4) пирӯз шуданд.

Мусобиқа барои Ҷоми Тоҷикистон шуруъ аз соли 1992 барои бори 26-ум баргузор шудааст. Ҳамагӣ даҳ даста барандаи Ҷом гардидааст. Аз ҳама бештар – шашборӣ - “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода ва “Истиқлол”-и Душанбе Ҷоми Тоҷикистонро ба даст овардаанд. “Хуҷанд”-и Хуҷанд се бор, “Вахш”-и Қӯрғонтеппа, “Варзоб”-и Душанбе ва “Парвоз” (собиқ “Авиатор”)-и Бобоҷон Ғафуров дуборӣ, “Помир”-и Душанбе, “Ситора”-и Душанбе, “Равшан”-и Кӯлоб ва “Пахтакор”-и ноҳияи Ҷаббор Расулов якборӣ Ҷоми Тоҷикистонро соҳиб гаштаанд.

XS
SM
MD
LG