Пайвандҳои дастрасӣ

"Халосгар"-и Шайх Темурро боздошт карданд


Саидамаҳдихон Сатторов.

Баъди ҷустуҷӯҳои чандинмоҳа, мақомоти ҳифзи қонун Насимҷон Собирҷоновро боздошт карданд, ки бо ваъдаи миёнаравӣ дар озод шудани Саидмаҳдихон Сатторов бо 20 ҳазор доллар нопадид шуд.

"Қаллоб" дар либоси пулис?

Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе боздошт шудани Насимҷон Собирҷонов, як сокини шаҳри Қӯрғонтеппаро тасдиқ кард, ки худро корманди Вазорати корҳои дохилӣ муаррифӣ карда, ба хешовандони рӯҳонии зиндонӣ Саидмаҳдихон Сатторов бар ивази пул аз маҳбас озод шудани ӯро ваъда карда буд. Ба иттилои масъулини шӯъбаи корҳои дохилии Исмоили Сомонӣ, Собирҷонов “се рӯз пеш дар шаҳри Хуҷанд боздошт шуд” ва феълан дар Душанбе дар боздоштгоҳи муваққатӣ қарор дорад.

Мақомот мегӯянд, ки Собирҷонов дар шаҳри Хуҷанд боздошт шуда ва феълан дар Душанбе дар боздоштгоҳи муваққатӣ қарор дорад.

Ӯро аз рӯи моддаи қаллобӣ дар боздошт нигоҳ медоранд. Дар ҷараёни тафтишоти пешакиву рӯбарӯкуниҳо бо хешовандони рӯҳонӣ, Собирҷонов гуфтааст, ки омода аст бар ивази пули аз онҳо гирифта, як мошинашро бидиҳад, вале онҳо бо ин пешниҳод розӣ нашуда, ба пардохти пурраи 20 ҳазор доллар замонаташон пофишорӣ кардаанд.

Парвандаи пурсару садои Шайх Темур

Саидмаҳдихон Сатторови 70-сола, ки бо тахаллуси "Шайх" Темур маъруф буд, соли 2015 барои тамаъҷӯӣ, бисёрзанӣ, монеъ шудан ба таҳсили фарзандон ва ишғоли худсаронаи замин, ба 16 соли зиндон маҳкум шуд. Худи ин рӯҳонӣ аз ҷамъи иттиҳомоти алайҳаш эълоншуда фақат бисёрзаниро эътироф кардааст.

Замони боздошташ мақомот Сатторовро дар “даъвои пайғамбарӣ” гунаҳгор карда гуфтанд, ки ӯ худро "Имом Маҳдӣ", пайғамбари охируззамон эълон кардаву дар атрофаш шогирдону муридони зиёде ҷамъ карда буд. Соли 2012 исмашро расман аз Темур ба Саидмаҳдихон иваз кардааст. Хешовандони рӯҳонӣ ҳукми додгоҳро “аз ҳад зиёд сангин” ва ноодилона хонда гуфтанд, ки барои аз зиндон озод кардани ин шахси солхӯрда тамоми талоши худро ба харҷ медиҳанд.

Ваъдаи "афв"

Соли 2016 хонаводаи Сатторовҳо дар як шикояти расмӣ ба полис гуфтанд, ки дар амри озод кардани рӯҳонӣ ба ваъдаи як нафаре дода шуданд, ки гуфтааст, тавони миёнаравӣ дар қазияи афв ва озод шудани ӯ мусоидат мекунад. Ин нафар Насимҷон Собирҷонов худро як корманди вазорати умури дохила муаррифӣ карда ва ваъда кардааст, ки исми Сатторовро ба феҳрасти афроди мавриди афв дар соли 2016 ворид мекунад.

Соли 2016 ба муносибати 25-солагии истиқлолияти Тоҷикистон қонуни афви 12 ҳазор зиндонӣ қабул шуд ва дар чаҳорчӯби он ҳазорҳо нафар аз зиндон озод ва дигарҳо сабукиҳое дар ҳукми зиндони худ гирифтанд. Исми Саидмаҳдихон Сатторов дар ин феҳраст ворид нашуд ва хешовандон Собирҷоновро дар тақаллуб ва сӯиистифода аз боварии онҳо, айбдор карданд.

Собирҷонов 20 ҳазор доллари наздикони Шайх Темурро ба ҷайб зад

Фаррух Раҷабов, додарзодаи Саидмаҳдихон Сатторов ҳам рӯзи 18-уми июл хабари боздошти Насимҷон Собирҷоновро тасдиқ намуд ва гуфт, хешутабори Собирҷонов ваъдаи ҷиддӣ додаанд, ки зарари молии онҳоро пардохт хоҳанд кард. Фаррух Раҷабов гуфт, ки пойфишории онҳо ба бозгардони пули аздастрафта ин аст, ки 20 ҳазор доллар маблағ аз ҳисоби қарзи ҳамсояву наздикон ҷамъ шудааст ва онҳо наметавонанд пули мардумро баргардонанд. Вай гуфт, дар оғоз, вақте Собирҷонов соле пеш пайдо шуду раҳоии "Шайх Темур"-ро аз зиндон ваъда кард, барои ин “хидматаш” 80 ҳазор доллар маблағ талаб намуд.

"Дар ибтидо Собирҷонов барои раҳоии Шайх Темур 80 ҳазор доллар пурсида буд, вале мо ба ин андоза маблағ надоштем ва баъд вай пешниҳод кард, ки аққалан 20 ҳазор долларашро диҳем ва вай ба афроди дигари масъул хоҳад дод. “Ҳамин ки Шайх озод шуд, боқимондаашро мепардозед",-гуфта буд Собирҷонов.

Ба гуфтаи Фаррух Раҷабов, дар оғоз ҳеҷ касе аз наздикон ба ҳарфи ин мард бовар накарданд, вале баъди ин Собирҷонов онҳоро дар “шахси масъул ва ҷиддӣ” буданаш мутақоид кардааст. Аз ҷумла, ба гуфтаи Раҷабов, ӯро “ба як корхонаи кабелсозии воқеъ дар паҳлӯи бозори “Фаровон” бурда, инчунин чанд сохтмони дигарро нишон дода ва гуфтааст, ки ба ӯ тааллуқ дорад”. Баъди ин хонавода ба ҷиддӣ будани ин шахс бовар карда аз хешовандону ҳамсояҳо 20 ҳазор доллар ҷамъ оварда ба дасташ доданд.

Масъулони Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт дар моҳи майи соли равон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ муроҷиати наздикони Шайх Темурро тасдиқ карда ва хабари дар пайгард қарор дода шудани Насимҷон Собирҷоновро таъйид намудад.

Наздикони Шайх Темур: "Ӯ дар маҳбас бемор аст"

Ҳоло пайвандони Шайх Темур аз вазъи саломатии ӯ дар зиндон изҳори нигаронӣ мекунанд. Фаррух Раҷабов, бародарзодаизодаи Шайх Темур мегӯяд, ба мулоқоти амакаш дар маҳбас аслан духтаронаш мераванд.

Ӯ аз қавли духтарони Шайх Темур гуфт, ки амакаш аз бемории қалб ранҷ мебарад ва бинобар солхӯрдагӣ, аз бад шудани саломатиша шикоят дорад. Ҳоло наздикони Шайх Темур тасмим доранд, ки ба Комиссия давлатии афв дар хусуси бозбинии парвандаҳои ӯ, ариза пешниҳод кунанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG