Пайвандҳои дастрасӣ

Шикояти наздикони Шайх Темур: "20 ҳазор доллари моро гирифтанд"


Наздикони Саидмаҳдихон Сатторов, маъруф ба “Шайх Темур”, ба мақомот шикоят карда гуфтаанд, ки дар талоши афви ӯ аз ҷониби фарде дар ҳаҷми 20 ҳазор доллар фиреб хӯрдаанд. Масъулони Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт дар суҳбат бо Радиои Озодӣ муроҷиати наздикони Шайх Темурро тасдиқ карданд. Онҳо гуфтанд, дар робита ба ин қазия бо иттиҳоми "қаллобӣ" парванда боз шудааст. Шайх Темур соли 2015 барои тамаъҷӯӣ, бисёрзанӣ, монеъ шудан ба таҳсили фарзандон ва ишғоли худсаронаи замин ба 16 соли зиндон маҳкум шуд.

Дар як саҳнаи дигари филм дида мешуд, ки муридон ва ё пайравони Саидмаҳдихон Сатторов, барои пойандози ӯ кашмакаш мекунанд ва баъзе аз онҳо мошини ӯро мебӯсанд.

Фаррух Раҷабов, додарзодаи “Шайх Темур” рӯзи 4 май ба Радиои Озодӣ гуфт, аризаи онҳо аз болои Насимҷон Собирҷонов ба унвонии Шӯъбаи умури дохилии ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт ва додситонии ҳамин ноҳия пешниҳод шудааст ва онҳо умедворанд, ки мақомот дар пайдо кардани ин нафар ёрӣ хоҳанд кард. Фаррух Сатторов гуфт, зиндонӣ шудани рӯҳонии солхӯрда дар ҳодисаҳои ду соли пеш наздиконро шадидан нороҳат кардааст ва онҳо бисёр умедвор буданд, ки исми ӯ ба феҳристи афвшавандаҳо ворид мешавад.

Қонуни афви охир соли 2016 ба муносибати 25-солагии истиқлоли Тоҷикистон қабул ва татбиқ шуд. Аз рӯи ин қонун 12 ҳазор нафар афв шуда, аз миёни онҳо 3000 нафар пурра озод ва дар ҳукмҳои дигарон сабукӣ ворид гардид.

Вале, ба гуфтаи наздикон, дар қазияи “Шайх Темур” ҳеч тағйирот ворид нашуд ва ҳукми 16 соли зиндон бетағйир монд. Аз ин пеш хоҳиши “Шайх Темур” аз президенти Тоҷикистон ҳам барои раҳоиаш аз зиндон, ки августи соли 2015 ирсол шуда буд, беҷавоб монд. Дар фикри раҳоии Саидмаҳдихон Сатторов фарзандону наздикон мегӯянд, ки омода шуданд барои аз роҳи додани “пора” исми ӯро вориди феҳрасти афвшавандаҳо кунанд.

"Пулро гирифту нопадид шуд"

Фаррух Раҷабов дар шарҳи аризаи худ гуфт, “дар як мулоқот нафаре бо исми Насимҷон Собирҷонов худро корманди Вазорати умури дохилӣ муаррифӣ кард. Мо ба ӯ бовар карда, розӣ шудем, ки 20 ҳазор долларо бидиҳем. Вале замони ваъдаи ӯ ба охир расиду Саидмаҳдихон Сатторов (Шайх Темур) раҳо нашуд.” Дар раёсати умури дохилии ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки Насимҷон Собирҷон феълан таҳти пайгард ё ҷустуҷӯ қарор гирифтааст.

Мавлудҷон Салихов
Мавлудҷон Салихов

Ҳамсуҳбати мо гуфт, “вай телефони худро хомӯш кард. Мо натавонистем пайдо кунем. Нафари дигаре, ки ӯро ба мо ошно карда буд, ваъда дод, Собирҷоновро пайдо мекунад ва аз ӯ ҳам дараке нашуд. Баъд аз ин, мо ба милиса ва ба додситонӣ муроҷиат кардем. То ҳол интизорем, вале натиҷае ба даст наомадааст.”

Ҳанӯз мушаххас нест, ки оё чунин нафаре бо номи Насимҷон Собирҷонов дар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ кор мекунад ё на ва иқдоми мақомот нисбат ба аризаи наздикони Шайх Темур чӣ мешавад. Дар ҳамин ҳол, қонунҳои Тоҷикистон додани ришва ба корманди сохтори давлатиро ҷиноят арзёбӣ мекунад.

“Шайх Темур” бо ҳукми худ розӣ нест

Шайх Темур ё Саидмаҳдихон Сатторов тобистони соли 2015 ба 16 соли низомаш сангин маҳкум шуд. Дар додгоҳ худи маҳкумшуда ба ҷуз ҷурми бисёрҳамсарӣ дигар ҳама иттиҳомотро рад карда гуфта буд, ки иттиҳомоти марбут ба монеъ шудан ба таҳсили фарзандон, ишғоли худсаронаи замин ва тамаъҷӯӣ беасос буда, худро гунаҳкор намеҳисобад ва ин ҳама туҳмати бардурӯғи шоҳидон будааст.

Дар ин филм зане, ки худро ҳамсари "Шайх Темур" муаррифӣ кард, гуфт, ки шайх ӯро девона эълон кард ва иҷборан ба бемористони касалиҳои рӯҳӣ фиристод.

Он замон дар додгоҳ ҳамроҳ бо ӯ як муриди 39-солааш Фузайл Низомов низ бо иттиҳоми тамаъҷӯӣ ба 15,5 сол зиндонӣ шуд. Шикояти фарзандони Сатторов ба зинаҳои болоии додгоҳ натиҷа надод.

Мавлудхон Салихов, вакили дифои хонаводаи Сатторовҳо дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, вазъи сиҳҳатии Саидмаҳдихон Сатторов дар зиндон хуб буда, ӯ дар қатори зиндониёни дигар мӯҳлати ҳабсашро сипарӣ мекунад. Салихов гуфт, ки ӯ ба ҷуз ин ки мехост аз рӯи қонуни афв ба озодӣ барояд, ҳеҷ хоҳиши дигаре надорад. “Аз дохили зиндон ҳам ҳеҷ шикояте надорад”, - афзуд вакили дифоъ.

Филми мустанад, даъвои пайғамбарӣ ва иттиҳоми ҳамсарӣ бо 7 зан

Саидмаҳдихон Сатторов, сокини ноҳияи Турсунзода рӯзи 16 феврали соли 2015 дастгир шуда ва нахуст алайҳи ӯ бар асоси моддаи 250, яъне тамаъҷӯӣ, моддаҳои 164 (монеъ шудан ба таҳсили фарзандон), 243 (таҳқири ҷасади фавтидагон ва ё несту нобуд кардани гӯрҳо), моддаи 338 (ишғоли худсаронаи замин) айбнома эълон шуд. Дар як гузориши телевизиони давлатии Тоҷикистон Шайх Темур ба он айбдор мешуд, ки гӯё даъвои пайғамбарӣ мекард ва дар яке аз гӯристонҳои ноҳияи Ваҳдат чандин қабрро вайрон карда, барои падараш мақбараи бузургу боҳашамате сохтааст. Ӯ ҳамчунин ба бисёрзанӣ ва тасарруфи замини як мактаб айбдор мешуд.

Дар ин филми мустанад гуфта мешуд, ки Саидмаҳдихон Сатторов 7 зан дорад ва соли 2012 номи худро дар ҳуҷҷатҳои расмиаш аз Темур ба Саидмаҳдихон иваз кардааст. Дар ин филм ровӣ мегӯяд: "Ӯ охири соли 2011 ва аввали соли 2012 худро "Имом Маҳдӣ", пайғамбари охируззамон эълон мекунад. Ва ҳатто исмашро аз Темурхон ба Саидмаҳдихон расмӣ месозад.”

Шайх Темур. Акс аз бойгонӣ
Шайх Темур. Акс аз бойгонӣ

Дар ин филм зане, ки худро ҳамсари "Шайх Темур" муаррифӣ кард, гуфт, ки шайх ӯро девона эълон кард ва иҷборан ба бемористони касалиҳои рӯҳӣ фиристод. Дар як саҳнаи дигари филм дида мешуд, ки муридон ва ё пайравони Саидмаҳдихон Сатторов, барои пойандози ӯ кашмакаш мекунанд ва баъзе аз онҳо мошини ӯро мебӯсанд. Вале фарзандони ин рӯҳонӣ тамоми иттиҳомоти дар телевизион садододаро рад карда гуфтанд, ки нисбати падарашон беадолатӣ шудааст.

Саидмаҳдихон Сатторов, соли 1950 дар шаҳри Ваҳдат ба дунё омада ва дар овони ҷавониаш 2 сол зиндонӣ шудааст. Баъдан ба водии Ҳисор кӯч баста, дар деҳаи Асбоби ноҳияи Турсунзода зиндагӣ мекунад. Ба гуфтаи мақомот, ӯ дар ноҳияҳои Шаҳринав ва Ҳисор манзили зист ва 7 зан доштааст.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG