Ҳазорон сокини Ереван, пойтахти Арманистон, ба нишони эътироз аз боло рафтани нархи нерӯи барқ ба кӯчаҳо рехтанд. Онҳо талаб карданд, ки ҳукумат бояд қарори 16 дарсад баланд кардани нархи барқро бекор кунад. Ин нархнома, қарор аст, аз 1-уми августи соли равон ҷорӣ шавад.
Норозиён дар майдони марказии Ереван ва кӯчаҳои наздик ба Қасри раёсатҷумҳурӣ ҷамъ омада, эътирози худро аз боло рафтани нархи барқ баён доштанд ва шаби гузашта майдонро тарк накарданд. Онҳо мегуфтанд, ки тазоҳуроташон осоишта аст ва мехоҳанд, Серж Саркисян, раисиҷумҳур, қарори 16 дарсад боло рафтани нархи истифодаи барқро бекор кунад.
Субҳи 23-юми июн нерӯҳои вижаи пулис барои пароканда кардани садҳо нафар эътирозгарон даст ба амал заданд. Баъд аз чанд ҳушдор, ки ин тазоҳурот “ғайриқонунӣ” мебошад, пулис соати 5:30 дақиқаи субҳ амалиёти худро оғоз кард. Хабарнигорони бахши армании Радиои Озодӣ, ки дар маҳали тазоҳурот ҷараёнотро назорат мекарданд. Ба гуфтаи онҳо, баъзе эътирозгарон ҳангоми кашокаш бо пулис ҷароҳат бардоштаанд. Пулиси Арманистон барои пароканда кардани эътирозгарони майдони марказии шаҳри Ереван мошинҳои обпошро ба кор бурд.
Баъдтар пулис гуфт, ки 237 нафарро боздошт кардааст. Дар натиҷаи бархӯрди маъмурони пулис ва тазоҳургарон ба гуфтаи пулис камаш 20 нафар аз ҳарду тараф маҷрӯҳ шудаанд. Дар бораи охирин рӯйдодҳои Ереван сӯҳбате доштем бо бо Ҳраир Тамрозиён, мудири Бахши армании Радиои Озодӣ. Пурсиши аввал ин буд, ки вазъ шоми 23-юми июн дар Ереван чӣ гуна аст?
Ҳраир Тамрозиён: “Маъмурони пулис ҳамаро бо зӯр пароканда карданд ва на танҳо тазоҳургаронро заданд, балки хабарнигоронро ҳам. Аз ҷумла хабарнигорони моро ҳам латукуб карданд, ду наворбардор ва як хабарнигори моро заданд, як нафари онҳоро маъмурони пулис дастгир ва андаке баъд озод карданд. Яке аз ҳамкорони моро бисёр сахт задаанд. Камераи наворбардорӣ дастгоҳеро, ки барои пахши мустақим ба кор мебаранд, шикастанд. Ҳамингуна моро аз имкони пахши мустақими ҳодиса маҳрум намуданд. Имрӯз маъмурони пулис дар ҳамон кӯчае, ки тазоҳурот баргузор шуд, зиёд буданд. Хабар ҳаст, ки тазоҳургарон шоми имрӯз дигарбора ҷамъ меоянд, вале мо намедонем, ки чанд нафар ҷамъ мешаванд ва ҳодиса чӣ гуна ҷараён мегиранд. Метавонам бигуям, ки маъмурони пулис бештар аз 200 нафарро дастгир кардаанд, пулис алайҳи ин тазоҳургарон парванда боз мекунад ва мо мунтазирем, ки ин ҷанҷол чӣ гуна ҳал мешавад.“
Радиои Озодӣ: Бархӯрди дурушт бо тазоҳургарон чӣ паёмадҳое барои ҳукумати Арманистон чӣ паёмадҳое дошта метавонад?
Ҳраир Тамрозиён: “Албатта барои ҳукумат оқибатҳои баде дорад. Баъд аз тазоҳуроти рӯзи 1-уми марти соли 2008 ингуна ҳодиса дар Арманистон дигар рух надода буд. Дар он вақт 10 нафар кушта шуданд. Тазоҳургаронро бисёр бераҳмона зада ва пароканда карда буданд. Ин дафъа бе талафот тамом шуд, вале фикр мекунам, ки ҳама чиз ором намегузарад. Ҳукумат дар вазъи ноҳинҷор ва душвор мемонад, зеро бояд фаҳмонад, ки барои чӣ бо мардуми осоишта, ки ҳатто талаби сиёсӣ ҳам надоштанд, ин гуна бераҳмона рафтор карданд. Мардум фақат тақозо доштанд, ки қимати нерӯи барқ боло бурда нашавад.“
Радиои Озодӣ: Мушкили нерӯи барқ дар Арманистон то чӣ ҳад ҷиддист, солҳои ахир вазъ беҳтар шудааст?
Ҳраир Тамрозиён: “Шумо медонед, ки иқтисод ва бахусус соҳаи энергетикаи Арманистон дар дасти ширкатҳои Русия аст. Масалан ширкати РАО ЕЭС, молики ширкатест, ки нерӯи барқро боло бурд ва Арманистон тавоноии муқобила бо монополияи ширкатҳои русӣ дар соҳаи энергетика дар кишварро надорад. Як чизи мусбате, ки ҳоло дида мешавад, ҳамин аст, ки як ширкати армикоӣ, нерӯгоҳи бузурги барқи обии Арманистонро харид. Мо фикр мекунем, ки бо омадани ин ширкат, таъминкунандагони нерӯи барқ гуногун мешаванд ва ба поин омадани қимати нерӯи барқ таъсир мегузорад. Аммо ҳоло дар ин бора гап задан, барвақт аст, вале айни замон бисёри соҳаҳои иқтисод, бахусус энергетика дар дасти ширкатҳои русӣ қарор дорад. “