Раъйдиҳӣ дар Порлумони Арманистон рӯзи 4-уми декабр баргузор гашт ва 103 вакили он ба тарафдорӣ аз узвияти Арманистон дар Иттиҳоди АвруОсиё овоз доданд, ҳафт нафар зид баромаданд ва як нафар ҳам худдорӣ кард. Баҳсу баррасии ин қарордод аз 1-уми декабр сар шуда буд.
Даҳҳо нафар аз фаъолони мухолифи узвияти Арманистон дар Иттиҳоди АвруОсиё, ки як созмони таҳти султаи Русия ба шумор меравад, дар майдони рӯбарӯи бинои порлумон гирдиҳамоӣ барпо карданд ва чаҳор рӯзи пайваста аз вакилон хостанд, ин қарордодро рад кунанд. Норозиён мегӯянд, тасвиби ин созишнома ба истиқлолият ва соҳибихтиёрии Арманистон таъсири манфӣ хоҳад дошт.
Раисиҷумҳури Арманистон Серж Саргисян моҳи октябр дар Минск ба қарордоди узвияти Арманистон дар Иттиҳоди АвруОсиё имзо гузошт. Қарор аст, Арманистон сар аз якуми январи соли оянда ба иттиҳоди иқтисодие шарик шавад, ки Русия, Беларус ва Қазоқистон дар заминаи Итиҳоди гумрукӣ таъсис додаанд. Маскав умедвор аст, ки ба зудӣ Қирғизистон ва ба дунболио он Тоҷикистон ба узвияти Иттиҳоди АвруОсиё пазируфта хоҳанд шуд.
Қирғизистон аз омодагии худ ба ин узвият хабар додааст, аммо Тоҷикистон мегӯяд, барои омӯхтани шарту шароит ва суду зиёни ин узвият фурсат даркор дорад.