Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Арманиҳои Тоҷикистон - ҳазораш рафтаву танҳо яке монда


Духтарҳои арманитабор дар озмуни зебоӣ
Духтарҳои арманитабор дар озмуни зебоӣ

Аз ҳазорҳо арманитабори Тоҷикистон, ки дар солҳои шӯравӣ ба ин сарзамин кӯч баста буданд ва барои худ хонаву ном сохтанд, ҳоло танҳо 1000 нафар боқӣ мондааст.

Аз ҳазорҳо арманитабори Тоҷикистон, ки дар солҳои шӯравӣ ба ин сарзамин кӯч бастанд ва дар рушди кишвар саҳм гузоштанд, ҳоло як ҷамъияти начандон калон боқӣ мондааст.

Элина Богдасарова, шаҳрванди арманитабори Тоҷикистон аст, ки хонаводаи ӯ ҳанӯз дар даврони шӯравӣ ба ин сарзамин кӯч бастанд ва онро ватан интихоб карданд. Элина иқтисоддон аст, вале толори ороишӣ дорад ва ҳафт соли охир дар ҳамин толор ба инсонҳо зебоӣ мебахшад. Ӯ мегӯяд, ки муштариҳояш аслан онҳоеянд, ки ба шеваи ороиши аврупоӣ тарҷеҳ медиҳанд. Элина 30 сол дорад, аммо боре ҳам ватани бобоияш - Арманистонро надидааст. Ӯ мегӯяд, аксари хешовандону пайвандонаш дар Душанбе зодаву бузург шуданд, вале баъдан ба Амрикову Русия кӯч бастаанд.

Элина намояндаи ҷамъияти ҳудудан 1000-нафараи арманиҳои Тоҷикистон аст, ки ин сарзаминро ватан хондаанд. Арманиҳои Тоҷикистон дар муқоиса бо ҷамъиятҳои дигар, мардуми сарватманд ҳисоб мешаванд, аммо бархе он қадар ба мардуми маҳаллӣ омезиш ёфтаанд, ки зиндагии онҳо аз рӯзгори тоҷикҳо тафовут надорад.

Мариянуш Манукянро солҳои 1960 ишқи як марди тоҷик ба ин кишвари Осиёи Марказӣ овард. Мариянуш Манукян бо ҳамасараш дар пойтахти Арманистон шинос шуд ва бо вуҷуди норозигии хонаводааш, аз паси ишқаш, ки дар ин 50 сол мустаҳкамтар шудааст, ба Тоҷиистон омад. Ӯ дар ноҳияи Ёвон ҳамшираи шафқат аст ва забони тоҷикиро бо расму русуми тоҷикӣ хеле хуб омӯхтааст. Ӯ мегӯяд, дар ин панҷоҳ сол хонаводааш бо ӯ оштӣ шуданд, ҳамсарашро қабул карданд ва Тоҷикистонро дӯст доштанд. ​

Танҳо дар шаҳри Душанбе ду тарабхонае ҳаст, ки аксари арманиҳо дар ин ҷо ҷамъ меоянд ва ҷашну маросими миллии худро таҷлил мекунанд. Вячеслав Аванесов беш аз 20 сол аст тарабхонаи "Эребуни"-ро ташкил кардааст. Ин тарабхона бо фармоиши муштариҳо кор мекунад ва таомҳояшро на танҳо арманиҳо, балки меҳмонони дигар ҳам писандидаанд.

Мардуми Тоҷикистон бо арманиҳои кишвар муносибати дӯстона доранд. Фарҳанги шабеҳ ва суннатҳои монанд ба якдигар зиндагии арманиҳоро дар Тоҷикистон хеле бароҳат кардааст. Ҳарчанд дар даҳсолаҳои ахир ҳодисаҳое рух доданд, ки ба ёд овардани он барои ҳарду тараф хушоянд нест.

Соли 1990, вақте ки зилзилаи шадид хоки Арманистонро такон дод ва ҳазорон нафарро бехонаву дар кард, дар Душанбе овозае паҳн шуд, ки ҳукумат ба арманиҳо дар Душанбе хона медиҳад. Ин хабар дар пойтахт мавҷи эътирозҳоро ба бор овард. Эътирозгарон, ки солҳои тӯлонӣ дар навбати хона буданд, талаб карданд, ки арманиҳоро аз Тоҷикистон берун кунанд. Ин овоза то куҷо ҳақиқат дошт, ҳоло ҳам маълум нест. Вале Телман Васканян, варзишгари номвари арманитабори Тоҷикистон мегӯяд, масъалаи хонагирии арманиҳо баҳонае буд, ки гурӯҳҳои манфиатхоҳ аз он сӯиистифода карданд.

Дар замони шӯравӣ дар шаҳри Душанбе нахустин биноҳои баландошёнаи ба зилзилаҳои баландшиддат тобовар сохта шуданд, ки бо номи “хонаҳои арманӣ” маъруф ҳастанд. Кӯчае ҳам дар шаҳри Душанбе бо номи Вагаршак Карамов номгузорӣ шудааст. Дар Тоҷикистон овозхони арманитабор Жанна Шаинян ва футболбози номии дастаи Помир Вазген Манасянро аксарият мешиносанд.

Арманитаборҳо ба Тоҷикистон дил бастаанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:50 0:00

XS
SM
MD
LG