Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Арманистон: Ҳам лаъл ба даст ояду ҳам ёр наранҷад


Серж Саркисян ва Владимир Путин
Серж Саркисян ва Владимир Путин

Ҳафтаи равон Арманистон эълон кард, ки мехоҳад ба узвият дар Иттиҳоди гумрукии Русия, Қазоқистон ва Беларус шомил шавад.

Ин тасмим бисёриҳоро ба ҳайрат овардааст, зеро тибқи нақша Арманистон мебоист моҳи ноябр созиши ҳампаймонӣ бо Иттиҳодияи Аврупоро ба имзо расонад.

Рӯзи сешанбе президенти Арманистон Серж Саркисян эълон кард, ки кишвараш ба Иттиҳоди гумрукии Русия, Қазоқистон ва Беларус ҳамроҳ хоҳад шуд.

Дар ҳоле, ки Маскав ва Брусел узвияти як кишвар дар ҳар ду созмонро аз эҳтимол дур медонанд, ходимони дастгоҳи президенти Арманистон мегӯянд, Ереван барномаи имзои созиши равобити ҳампаймонӣ бо Иттиҳодияи Аврупоро низ лағв накардааст.

Рӯзи чоршанбе дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ раиси дастгоҳи президенти Арманистон Виген Саркисян гуфт, аз ҳам ҷудо намудани унсурҳои иқтисодӣ ва сиёсӣ имкон медиҳад, ки санади таҳкими ҳамкорӣ бо Иттиҳодияи Аврупо имзо шавад.

Коршиносон мегӯянд, аз рӯи назария чунин тақсимот имкон дорад, вале чор сол пеш вақте арзёбии созиши равобити ҳампаймонӣ бо Иттиҳодияи Аврупо оғоз ёфт, бахши иқтисодӣ, ки тиҷорати озодро мадди назар дорад, аз унсурҳои асосии ин ҳуҷҷат ба шумор мерафт.

Дар амал ин иқдом чунин маъно дорад, ки кори чорсола бозбинӣ шуда, тамоми ишораҳо ба тиҷорати озоди миёни Иттиҳодияи Аврупо ва Арманистон аз лоиҳаи созиш берун кашида мешаванд.

Хуллас, як созиши рамзӣ боқӣ хоҳад монд ва тоҷирони арманӣ аз дастрасии озод ба бозори аврупоии дорои наздик ба 500 миллион муштарӣ маҳрум хоҳанд шуд. Яъне Арманистон бо Иттиҳодияи Аврупо дар масъалаҳои марбут бо сиёсати хориҷиаш ҳамкорӣ намуда, дар соҳаи амният пурра ба Маскав вобаста хоҳад буд.

Иттиҳодияи Аврупо мунтазири дарёфти маълумоти бештар дар бораи вуруди эҳтимолии Ереван ба Иттиҳоди гумрукии Русия, Қазоқистон ва Беларус аст.

Комиссари сиёсати Иттиҳодияи Аврупо дар иртибот бо ҳамсоякишварҳо Штефан Фуле интизор дорад, ки ҳафтаи равон вазири умури хориҷии Арманистон Эдвард Налбандян аснои боздидаш аз Брусел дар ин бора иттилои бештар хоҳад дод.

Баъзе коршиносон ишора мекунанд, ки ҳамсояи Арманистон-Озарбойҷон аз ибтидо бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодиро аз ҳам ҷудо намуда буд ва ҳоло Eреван ҳам аз он пушиибонӣ мекунад. Вале шояд ин муқоиса дуруст набошад, зеро Озарбойҷон ҳеҷ гоҳ дар пайи узвияти Иттиҳоди гумрукии Русия, Қазоқистон ва Беларус набудааст.
XS
SM
MD
LG