Никол Пашиниён, пешвои тазоoҳургарон дар Арманистонро дастгир карда ва ба идораи пулиси шаҳри Ереван бурдаанд. Ӯ рӯзи 22-уми апрел баъди муддати кӯтоҳе аз мулоқоти бенатиҷааш бо нахуствазир Серж Саркиссиён дастгир шуд.
Маъмурони ниқобпӯши пулис ва дигар кормандони амниятӣ ҳангоми ҳаракати Никол Пашиниён ва чандсад тарафдораш ба ноҳияи Эребуни дар ҷануби Ереван пеши роҳи онҳоро гирифтанд. Пулис барои пароканда кардани тазоҳурот ба самти эътирозгарон норинҷакҳои садоӣ партоб кард. Пулиси Арманистон сабабҳои боздошти Пашиниёнро шарҳ надодааст.
Пештар аз ин Серж Саркиссиён, нахуствазири Арманистон дар мулоқот бо Никол Пашиниён ӯро ба “таҳдид” муттаҳам кард ва мулоқотро тарк гуфт. Никол Пашиниён бо оғози мулоқот дар меҳмонсарои Марриот дар Ереван ба ӯ гуфт, “Ман инҷо омадам, то истеъфои шуморо баррасӣ кунам”.
Серж Саркиссиён дар посух ба ӯ гуфт, ки “Ин на муколама, балки таҳдид аст” ва аз ҷояш бархост ва мулоқотро, ки дар ҳузури хабарнигорон сурат мегирифт, тарк кард.
Қабл аз тарки мулоқот Серж Саркиссиён гуфт, Никол Пашиниён бо назардошти эътилофи сиёсиаш, ки “фақат 6 ё 7 дар сади раъйи мардумро” дар интихобот ба даст овардааст, аз тарафи мардум сӯҳбат накунад ва ба ҳукумат ҳам зарбулаҷал надиҳад.
Никол Пашиниён иддао кард, ки Серж Саркиссиён, аз воқеиятҳо дур шудааст ва аз тарафдоронаш хост, ки бо теъдоди зиёдтар ба кӯчаҳо баромада ва тазоҳуроти осоишта баргузор намоянд.
Ӯ таъкид кард, то замоне, ки тазоҳурот осоишта аст, пулис набояд онро пароканда кунад. Серж Саркиссиён рӯзи 21-уми апрел гуфт, ки мехоҳад, бо пешвои мухолифон “муколамаи сиёсӣ” дошта бошад.
Худи Пашиниён рӯзи 21-уми апрел дар саҳифааш дар Фейсбук бо нашри як паёми видеоӣ гуфт: “Ман бо Серж Саркиссиён мулоқот мекунам, то шароити истеъфои ӯ ва интиқоли мусолиматомези қудратро баррасӣ намоям.”
Аммо нахуствазири Арманистон зимни як баёния гуфт, ки “Ман аз таҳаввулоти сиёсии дохилӣ амиқан нигаронам. Ба хотири ҷилавгирӣ аз талафоти ҷуброннопазир аз Никол Пашиниён мехоҳам, сари мизи муколамаи сиёсӣ бинишинад. Ва ин бояд фавран сурат бигирад.
Серж Саркиссиёнро баъди хатми 10 соли раёсати ҷумҳуриаш ду ҳафта пеш, нахуствазир интихоб карданд. Ба гуфтаи мухолифон, ба ин васила, ӯ ба раҳбари якумрии Арманистон табдил меёбад.
Соли 2015 дар як раъйпурсии умумӣ Арманистон салоҳиятҳои раиси ҷумҳурро кам кард ва ба нахуствазир дод.
Бо авҷ гирифтани тазоҳурот дар Ереван, Никол Пашиниён рӯзи 21-уми апрел бо раиси ҷумҳур Армен Саркиссиён мулоқот кард. Раиси ҷумҳур дар иҳотаи муҳофизонаш ба майдон омад, дасти Пашиниёнро фишурд ва баъди 10 дақиқа гуфтӯгу бо ӯ, майдонро тарк кард.
Дар ин ҳангом, тазоҳургарон фарёд мекашиданд, ки раиси ҷумҳур Серж Саркиссиёнро ҳимоят накунад.
Бо вуҷуди сард шудани ҳаво дар рӯзи 21-уми апрел садҳо нафар дар Ереван ҷамъ омада ва тазоҳуротро идома доданд. То кунун дар ҷараёни намоишҳои эътирозӣ, ки як ҳафта боз идома доранд, маъмурони пулис садҳо нафарро дастгир кардаанд. Маъмурони амниятӣ гуфтанд, ки ду нафарро, ки мехостанд, дар маконҳои ҷамъиятӣ бомбгузорӣ анҷом бидиҳанд, дастгир кардаанд.
Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мақомот ва тазоҳургаронро ба хештандорӣ даъват кардааст, Русия гуфтааст, ки ба қонун эҳтиром бигузоранд. Сомони Амният ва Ҳамкории Аврупо аз мақомоти Арманистон хост, ба ҳуқуқи мардум барои озодии гирдиҳамоӣ эҳтиром бигузоранд.
Ичрои дастури пешвои исмоилиёни ҷаҳон Имоми Замон Шохзода Карим барои хар як пайраваш амри вокеи мебошад. Тамоми Исмоилихои чахон, ки дар давлатхои гуногун Чамоати худро доранд аз чумлаи, Хиндустон, Покистон, Африкои шимоли ва Канадаю Аврупо нихоят тахаммулпазир ва созандаю эчодкор мебошанд. Мардуми Бадахшон бояд намунаи ибрати хамаи Исмоилихо Чахон ва ифтихори Точикистон бошанд. Хатто ман имони комил дорам, ки Имоми Замон аз ин амалхои пайравонаш дар Бадахшон сахт гамгин аст. Шумо ба фитнаю дасисаи игвогарон аз беруни кишвар ва як гурухи АВБОШОН дар байни Чамоат дар дохил, ки душманони миллати Точик хастанд, дода нашавед. Зинда бод вахдати Точик. Тинчи, сулху осоишта ва саломати ба хар як хонадони Точик. Сабрро пеша кунетон ва дар доираи Конунхои Чумхурии Точикистон кор ва зиндаги кунетон.
Офарин Оқои Оғохон, раҳмати беандоза ба Шумо барои ин суханҳои некатон. Воқеан Ҳакимед! Зинда бошед, тансиҳат бошед! Ҳамин тазоҳуротчиёнро ором кунед, мо дар ин вазъияти душвор дар дунё аз чунин тазоҳуротҳо безорем. Ба мо имкону шароити меҳнат, заҳмат кардан зарур, на пақ пақу "озодии баён"
Зеварбону ман 24-сол дар Тоҷикистон будам. Ҳар як фарди тоҷикистониро аз зери заррабин гузарондам. Ҳеч кас дар фикри зиндагӣ кардан нест, ҳама дар фикри зинда мондананд. Магар президент ҳамин шабу рӯз зиндагӣ мекунад ё зинда мемонад? Агар зиндагӣ мекунад, пас чаро муҳофизи бешумор атрофаш, мошинҳои зиреҳпӯши олмонӣ бо суръати ҳавопаймо дар кӯчаҳои шаҳру навоҳие ки сулҳу ваҳдаташро худ асос гузоштааст, чаро? Маълум аст, ки талоши зинда мондан дорад. Танҳо касоне, ки нишони озодӣ дар онҳо дида мешавад ва мехоҳанд ба ҷойи зинда мондан зиндагӣ кунанд, сокинони шарафманди Бадахшон, хоссатан шаҳри Хоруғ мебошанд. Бедормарде, ки хоби “мардак”-еро халалдор кардааст, Бадахшон аст! Ҷавҳар Дудаев: “Свобода вещь слишком дорогая чтобы попытаться ее достичь дешевой ценой”.
Зихи Зеварбону, дар хакикат зевари миллати точик хасти! Мурочиат ба мардуми шарифи Кулоб! Эй чавонони кулоби, бояд Шумо имруз хаминро донед, ки аз кафои ки меравед? Аз кафои золим бар мукобили мазлум е баръакс? Имруз ягона куввае ки метавонад аз мардуми мазлуми Балахшон дифоъ кунад, ин пеш аз хама шумоед. Ё дар таърих хамчун кахрамони миллат хохед монд ва ё русиёхи таърих хохед гашт. Пас имруз интихоб ба Шумост! Агар хохед, ки кахрамони ин миллат бошед, пас таъчилан ба дифоъ мардуми мазлум ва чафокашидаи Балахшон бархезел ва бо бовари гуфта метавон, ки бокимонда миллат аз кафои Шумо хохад хест ва аз хаку хукуки хеш дифоъ хохад кард.
Шарху тавзехоти асосиро чаро ба нашр намедихед... аз сахар чоп нашудааст