Дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон ҷаласаи Шӯрои мудирони Созмони мубориза бар зидди допинги минтақаи Осиёи Марказӣ баргузор шуд.
Дар ҷаласаи Шӯрои мудирони Созмони мубориза бо допинги минтақаи Осиёи Марказӣ, ки рӯзҳои 25-26 ноябр дар пойтахти Қирғизистон - шаҳри Бишкек - баргузор шуд, мудири бахши минтақавии WADA (Созмони ҷаҳонии зиддидопинг) дар қораи Осиё Наяши Казухиро, муовини мудири департаменти маориф ва барномаҳои рушди WADA Том Мэй, инчунин намояндагони Қазоқистон, Қирғизистон, Муғулистон, Покистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбакистон, Канада, Перу ва Ҷопон ширкат варзиданд.
Дар ин бора ба Радиои Озодӣ Муҳаммадшо Абдуллоев, раиси Созмони миллии зиддидопингии Тоҷикистон, ки дар ин ҷаласа ширкат дошт, рӯзи 29-уми ноябр хабар дод. Вай афзуд, “дар ҷаласаи мазкур фаъолияти созмонҳои миллии зиддидопингии ҳар як кишвар натиҷагирӣ ва ҳамкориҳои минбаъда ҷиҳати иҷрои барномаи зиддидопингӣ бо стандартҳои ҷаҳонӣ баррасӣ шуд. Намояндагони WADA моро бо рӯйхати нави дорувориҳои барои варзишгарон мамнӯъ ошно карданд. Муовини мудири департаменти маориф ва барномаҳои рушди Том Мэй дар ин ҷаласа иброз дошт, ки агар мо варзишгаронро омӯзонем, ба онҳо иттилооти заруриро пешкаш намоем, худи онҳо барномаи зиддидопингиро дастгирӣ хоҳанд кард. Мо бояд чунин иттилоъро барои насли ояндаи варзишгарон паҳн намоем.”
Ба гуфтаи оқои Абдуллоев, бар асоси Кодекси байналмилалии зиддидопингӣ варзишгар бояд дар бораи он маълумот дошта бошад, ки кадом ҳолат вайронкунии қоидаи зиддидопингист. “Варзишгар вазифадор аст, ҳамаи принсипҳо ва қоидаҳои зиддидопингиро риоя кунад. Вай набояд маводи барояш манъшударо истеъмол намояд,” - иброз дошт Муҳаммадшо Абдуллоев.
Созмони миллии зиддидопингии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи миллии олимпии кишвар ахиран дар шаҳри Душанбе давраи омӯзиширо таҳти шиори “Мо зидди допингем” аз рӯи барномаи Ҳамбастагии олимпӣ доир намуд. Дар машғулиятҳои назариявӣ беш аз 100 нафар роҳбарону намояндагони федератсияҳои миллии варзишӣ, мураббиёну варзишгарон ва пизишкон ширкат карданд.
Ин давраҳои омӯзишии дар ҳоле баргузор мешаванд, ки соли 2016 моҷарои азими допингӣ бархост ва дар натиҷаи он, даҳҳо варзишгар аз кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла, Русия ва Қазоқистон, бо сабаби истеъмоли маводи дорувори мамнӯъ, аз нишонҳои олимпии гузаштаи худ маҳрум шуданд. Ширкати варзишгарони рус дар бозиҳои олимпии Рио-де-Жанейро бо ин сабаб мамнӯъ ва ба як моҷарои сиёсӣ табдил шуд. WADA мегӯяд, аз рӯи муқаррароти варзишӣ, истеъмоли допингро дар миёни варзишгарон назорат ва фарҳанги худдорӣ аз маводи доруворро дар зеҳни онҳо тарбия мекунад.
Бисер падару модарон е очаву бобохо фарзандонашонро ба кучахои танги мошин гузар бароварда сар медиханд кудакон бозиву овораги мекунанд
Масъалаи 201 дивизияра бардоштан даркор, ин шарики стратеги вактои гузарондестай
Кынешна бо шукрона
Дар 16 апрел 2021 як кило Себ аз 15 то 18 с як кило Нок 20 то25с як кило Бодиринг 15с як кило Помидор 20 то 25 сомон гушт 63 сомон бо иловаи равган нархое ки банда шохид будам
Ворух порае аз Тоҷикистон мо наметавонем Ворухро ба Қирғизистон бидиҳем барои он ки Ворух таърихи кӯҳан дорад. Исфара Ворух Чоркӯҳ ва Хоҷаи Аъло аз дарёи Ворух оби худро таъмин мекунанд. Ворух ин 5-6 ҷойи таърихӣ дорад. Джамилбой ҳақ аст.