Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Олимпиадаи Рио: Тоҷикистон бо як медали тилло дар ҷойи 54-ум


Мунтахаби Тоҷикистон дар феҳрасти кишварҳои ҷоизадори Олимпиадаи Рио бо як медали тилло дар ҷойи 54-ум қарор дорад.

Баъди натиҷагирии рӯзи понздаҳуми мусобиқот аз рӯи барномаи Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ дар Рио-де-Жанейрои Бразилия дар феҳрасти кишварҳои ҷоизадор мунтахаби ИМА бо 116 медал (43 тило, 37 нуқра ва 36 биринҷӣ) мақоми аввалро касб кардааст.

Британияи Кабир бо 66 медал (27 тило, 22 нуқра ва 17 биринҷӣ) дар ҷойи дувум аст. Чин бо 70 медал (26 тило, 18 нуқра ва 26 биринҷӣ) дар ҷойи севум мебошад.

Ба даҳгонаи беҳтарин, инчунин Русия (17-17-19), Олмон (17-10-14), Ҷопон (12-8-21), Фаронса (9-17-14), Кореяи Ҷанубӣ (9-3-9), Австралия (8-11-10) ва Италия (8-11-7) дохиланд.

Умуман, то ҳоло варзишгарони 86 кишвар медалҳои олимпии Рио-2016-ро ба даст овардаанд. Варзишгарони 59 кишвар барандагони медалҳои тиллои Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ шудаанд.

Аз миёни кишварҳои собиқи шӯравӣ ба ҷуз Русия, боз ёздаҳ кишвар - Қазоқистон (3 медали тилло, 5 нуқра ва 9 биринҷӣ – ҷойи 21-ум), Украина (2 медали тилло, 5 медали нуқра ва 4 биринҷӣ – ҷойи 28-ум), Узбакистон (2 медали тилло, 2 медали нуқра ва 5 медали биринҷӣ – ҷойи 32-юм), Гурҷистон (2 медали тилло, 1 медали нуқра ва 4 биринҷӣ – ҷойи 37-ум), Озарбойҷон (1 медали тилло, 4 медали нуқра ва 10 биринҷӣ – ҷойи 39-ум), Беларус (1 медали тилло, 4 медали нуқра ва 4 медали бириҷӣ – ҷойи 40-ум), Арманистон (1 медали тилло ва 3 медали нуқра – ҷойи 42-юм), Тоҷикистон (1 медали тилло – 54-ум), Литва (1 медали нуқра ва 3 биринҷӣ – ҷойи 64-ум), Молдова (1 медали биринҷӣ – ҷойи 78-ум) ва Эстония (1 медали биринҷӣ – ҷойи 78-ум) - ба гирифтани медалҳои олимпии Рио мушарраф гаштаанд.

Дар Олимпиадаи Рио то ҳоло варзишгарони се кишвари собиқи шӯравӣ - Латвия, Қирғизистон ва Туркманистон - медал ба даст наовардаанд. Зимнан, додгоҳи арбитражии варзишӣ (CAS) вазнабардори Қирғизистон Иззат Ортиқовро аз медали биринҷӣ, ки рӯзи 10 август дар мусобиқот дар вазни то 69 кг дар Бозиҳои олимпии Рио-де-Жанейро гирифтааст, ба иллати истеъмоли маводи мамнуъ ё допинг маҳрум кард.

Мунтахаби олимпии Тоҷикистон, ки дар Олимпиадаи Рио бо шумули ҳафт варзишгар ширкат кард, мусобиқотро бо як медали тилло ба анҷом расонд. Дар рӯзи чордаҳуми мусобиқот – 19 август - варзишгари маъруфи тоҷик Дилшод Назаров гурзро ба масофаи 78,68 метр ҳаво дод ва медали тилло ба даст овард. Ин барои нахустин бор аст, ки дар даврони истиқлолият як варзишгари тоҷик дар ҳайати дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон сазовори медали тиллои Бозиҳои олимпӣ мешавад.

Маросими супурдани медалҳои олимпӣ ба Дилшод Назаров, Иван Тихон (Беларус, бо нишондоди 77,79 метр медали нуқра) ва Войтсех Новитски (Лаҳистон, 77,73 метр, медали биринҷӣ) шоми 20 август дар Варзишгоҳи олимпии Рио-де-Жанейро баргузор шуд.

Шаш варзишгари дигари тоҷик - Анвар Юнусов (бокс, вазни то 60 кг), Комроншоҳи Устопириён (ҷудо, вазни то 90 кг), Олим Қурбонов ва Анастасия Тюрина (ҳарду оид ба шиноварӣ ба масофаи 50 метр бо тарзи озод), Муҳаммадмурод Абдураҳмонов (ҷудо, вазни беш аз 100 кг) ва Кристина Пронженко (давидан ба масофаи 200 метр) - ба нокомӣ дучор шуда, аз медалҳои олимпӣ бенасиб монданд.

Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия имрӯз, 21 август, ба охир мерасанд. Дар рӯзи охирини Бозиҳо мусобиқоти ниҳоӣ дар риштаҳои гимнастикаи бадеӣ, волейбол, бокс ва гуштии озод баргузор мешаванд.

Маросими ботантана пӯшидашавии Бозиҳо дар варзишгоҳи “Маркана”, ки 80 ҳазор ҷойгоҳ дорад, 21 август соати 20:00 ба вақти маҳаллӣ (соати 4-и шаби 22 август ба вақти Душанбе) барпо мегардад. Дар ин маросим ҳайати Тоҷикистон низ бо шумули 14 нафар, аз он ҷумла 7 варзишгар, дар қатори 205 кишвари дигари ҷаҳон ширкат меварзад.

Нарзуллоҳи Латиф,

Рио-де-Жанейро.

XS
SM
MD
LG