Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Созмони ҷаҳонии беҳдошт ҷаҳонро аз вируси фалаҷ озод карданист


Қатраи пешгирикунандаи фалаҷ барои тифли ширхори тоҷик. Душанбе, моҳи маи соли 2014
Қатраи пешгирикунандаи фалаҷ барои тифли ширхори тоҷик. Душанбе, моҳи маи соли 2014

Барномаи тоза муаррифишуда ҳадаф дорад то соли 2018 тамоми нишонаҳои полиомиелитро дар ҷаҳон нобуд созад.

Барномаи наве, ки аз ҷониби ин созмон роҳандозӣ шудааст, ҳадаф дорад, дар фурсати панҷ соли оянда сирояти фалаҷи атфол ё полиомиелитро аз байн бубарад. Ахиран масъулини беҳдошт дар Вашингитон гуфтанд, ки барномаи нав амнияти кормандони эмкунандаи атфолро низ дар минтақаҳои хушунатзо дар назар мегирад. Арзиши барномаи нави зидди фалаҷ 5,5 миллиард доллар ҳисоб шудааст ва фаъолону масъулин ба ҷамъоварии ин сармоя машғул шудаанд.

Ба иттилои онҳо, ҳадафи масъулин қабл аз ҳама то соли 2014 нобуд кардани нишонаҳои ин маризӣ дар кишварҳои хуруҷи фалаҷ мебошад. Кишварҳои Нигерия, Афғонистон ва Покистон аз давлатҳое мебошанд, ки фалаҷ дар ин ҷомеаҳо ба як мушкили сартосарӣ табдил шудааст. То соли 2012 муборизаҳои масъулини беҳдошт барои рафъи фалаҷ дар ин кишварҳо натиҷаҳои мусбати зиёд ба бор овард ва ба гуфтаи онҳо, ҳамлаҳои гурӯҳҳои тундгарои исломӣ ба кормандони ихтиёрӣ дар Нигерия ва Покистон натавонист пеши роҳи ин пешрафтҳоро бигирад. Дар давоми чанд моҳ охир беш аз 30 коргари ихтиёрии таблиғгари воксини зиддифалаҷ кушта шуданд. Ба иддаои ҷангҷӯён, воксини зиддифалаҷ барои безурётсозии мусалмонҳо ва ё чун пӯшише барои фаъолияти ҷосусони ғарбӣ ба роҳ монда шудааст.


Тибқи иттилои Созмони ҷаҳонии беҳдошт ва Вазорати тандурустии Тоҷикистон, дар соли 2010 дар ин ҷумҳурӣ 458 ҳодисаи гирифтории шаҳрвандон ба барангезандаи навъи ваҳшии фалаҷ сабт шуд. Аз ин миён 29 нафар ба ҳалокат расиданд. Дар ҳафт ҳолат олудагӣ ба ин вирус дар Русия ба қайд гирифта шудааст. Маҳалли пайдоиши ин навъи вирус шимоли Ҳинд гуфта мешавад. Ин бузургтарин ҳодисаи бурузи вируси фалаҷ дар минтақа баъди дар соли 2002 ҳавзаи озод аз полиомиелит эълон шудани ин кишварҳо дониста мешавад.


Дар Тоҷикистон маъракаи эмкунии атфол зидди фалаҷ дар чанд давра барпо мешавад ва ин маърака маъмулан зери назари нозирони мустақил ҷараён мегирад. Дар ҷараёни ин маъракаи танзимшуда, маъмулан, беш аз як миллион тифл эм карда мешавад. Созмони ҷаҳонии беҳдошт менависад, ки бо воксини зиддифалаҷ ду гурӯҳи атфол – кӯдакони то шашсола ва баъдан аз ҳафт то понздаҳсола фаро гирифта мешаванд.
XS
SM
MD
LG