Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ВИДЕО: Худо дар куҷост?


Як назарпурсии кӯтоҳи хабарнигори “Озодӣ” миёни кӯдакон нишон дод, ки онҳо дар бораи офаридгорашон тасаввури аҷибе доранд. Агар баъзеи онҳо мегӯянд, ӯ “марди меҳрубон”-у “дӯсти хуб”-ест, аммо ҳамагӣ бовар доранд, ӯ дар осмон ба сар мебарад.

Кӯдакони тоҷик шинохти аҷибе аз Худо доранд. Аксар мусоҳибони навраси мо офаридгорро “марди меҳрубон” ё “дӯсти ғамхор” медонанд, ки ба гуфтаи худашон дар осмон зиндагӣ мекунад.

Барои Ҷамшеди 8-сола кӣ будани Худоро баъди кунҷкобиҳо волидонаш шарҳ додаанд. Ҳоло бардошти ӯ ин аст, ки “Худо дар дуриҳо ба сар мебарад ва намешавад ӯро дид. Аммо ҳар нафаре, ки гуноҳе кунад, Худо мебинад”.

Мадинаи 12-сола ҳам аз падару модар ва бузургсолони хонаводааш фаҳмидааст, ки Худоро танҳо паёмбарон дида метавонанд. Насими 6-сола мегӯяд, Худо тамоми инсонҳоро дида метавонад ва ҳангоми ба кори баде даст задан чунин афродро ба оташ мепартояд. Мисли ин посухи кӯдакони дигар ҳам мухталиф, аммо ҷолиб буданд.

Суол аз кӯдакон: Худо дар куҷост?
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:22 0:00

Кӯдакон мепиндоранд, Худованд шабеҳи инсон аст ва бо садои монанд ба одамӣ сухан гуфта, дар биҳиште сукунат дорад. Биҳиште, ки дар тасаввури атфол дар осмонҳост ва гоҳҳо Худованд аз он ба замин поён мешавад. Атфоли аз 7 то 9-сола Худовандро инсони табиӣ, вале фавқулода медонанд. Аз 9 то 12-солаҳо ба фарқ аз кӯдакони аз худашон хурдтар назари дигар доранд. Онҳо мегӯянд, Худо дар ҳама ҷо вуҷуд дорад ва дар айни ҳол дар макони мушаххас мебошад.

Як пажӯҳишгоҳе дар Эрон миёни кӯдакони аз 3 то 13-сола дар мавзӯи “Худо дар тасаввури кӯдак” пажӯҳиши ҷолибе анҷом додааст.

Пажӯҳишгарон дар Теҳрон аз 3 ҳазор кӯдак ба чанд суоли дар назари аввал содда ҷавоб гирифтаанд. Аз ҷумла, аз кӯдакон пурсида шудааст, “оё Худо дар ҳама ҷо вуҷуд дорад?” ё “танҳо дар ҷойҳои хос?" 90 дарсади хурдсолон ба ин суол посух додаанд, ки воқеан Худо дар ҳама ҷо вуҷуд дорад, вале дар посух ба суоли дуюм 60 фисад гуфтаанд “не” ва “намедонем”.

Аммо то кунун ҳеч ниҳоде дар Тоҷикистон тасаввури кӯдакон дар мавриди олам ва офаридгорро пажӯҳиш накардааст.

XS
SM
MD
LG