Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даргузашти як роҳбалади тоҷик дар Макка


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Як роҳбалади тоҷик баъд аз адои маносики Ҳаҷ бар асари хуруҷи бемории қанд аз дунё даргузаштааст. Масъулони Кумитаи дин мегӯянд, ин шаҳрванди кишварро субҳи 8 октябр ба хок супурдаанд.

Олимхӯҷа Раҳимов, ки дар мавсими Ҳаҷҷи имсола ба ҳайси роҳбалад ба зоирони ноҳияи Файзобод хидмат мекард, шоми 7 октябр ба далели хуруҷи бемории қанд аз олам даргузаштааст. Масъулони Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон мегӯянд, оқои Раҳимов қаблан низ аз ин беморӣ ранҷ мебурд, вале баъд аз адои маносики Ҳаҷ қандаш боло рафта, боиси ҳалокаташ шудааст.

“Ҷанозаи марҳум субҳи 8 октябр баъди адои намози бомдод дар масҷид-ул-ҳаром баргузор гардид ва ҷасади ӯро дар оромгоҳи "Шароеъ", воқеъ дар назди ҳарам ба хок супориданд”,-гуфт дар суҳбат бо Радиои Озодӣ Афшини Муқим, сухангӯи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ. Ӯ афзуд, “марҳум Олимхӯҷа Раҳимов аз иҷрои вазифаҳои худ ба сифати роҳбалад дар ин мавсим сарбаландона ва бо муваффақият баромад ва зоирине, ки зери раҳбаладии ӯ маносики Ҳаҷро адо намуданд, бо изҳори андуҳ аз ӯ ба некӣ ёд мекунанд.”

Олимхӯҷа Раҳимов
Олимхӯҷа Раҳимов

Мақомоти Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ, инчунин, ҳайати ситоди "Ҳаҷ - 2014"-и Тоҷикистон низ ба наздикони марҳум изҳори таслият гуфта, аз Худованд сабри ҷамил хостаанд. Пеш аз оғози маросими Ҳаҷҷи имсола дар Маккаву Мадина ду зоири тоҷик ҳам бемор шуда, яке аз онҳо дар лаҳзаҳои аввал ба Ватан интиқол ёфта буд. Аммо зоири дувум баъд аз ташхиси табибон дар Макка саломатияшро барқарор кардаву фаризаҳои Ҳаҷро ба ҷо овардааст.

Имсол барои зиёрати Хонаи Худо аз Тоҷикистон беш аз 6 ҳазор нафар рафта, бозгашти гуруҳи аввали онҳо ба кишвар 9 октябри соли ҷорӣ шуруъ хоҳад шуд. Ҳаҷ яке аз аркони дини мубини Ислом буда, афроди доро метавонанд ин фарзро ба ҷо оранд. Қимати Ҳаҷ дар Тоҷикистон имсол ба 18 ҳазору 165 сомонӣ баробар буд ва мақомот мегӯянд, зоирон бар асоси навбати худ дар маҳалли зисташон барои зиёрати Каъба шарафёб мегарданд.

XS
SM
MD
LG