Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Дар зиндон касе намурдааст"


Мақомоти вазорати адлияи Тоҷикистон хабари ҳалокати зиндониро дар яке аз маҳбасҳои кишвар рад карданд.

Ба иттилои Парвина Ализода, сухангӯи Сарраёсати муассисаҳои ислоҳотии Вазорати адлияи Тоҷикистон, дар чанд рӯзи наздик ҳеҷ нафаре дар зиндонҳои ин кишвар ба ҳалокат нарасидааст. Айни замон, масъулин тасдиқ карданд, ки воқеан ҳам зиндоние бо исми Шомурод Саидов, ки дар зиндони рақами 3/2 шаҳри Душанбе нигаҳдорӣ мешавад, ҳоло таҳти муроқибати табибони беморхонаи маҳбас қарор дорад.

Ин посухро Сарраёсати муассисаҳои ислоҳотии Вазорати адлияи Тоҷикистон ба як дархости Радиои Озодӣ ироа кард, ки рӯзи ҷумъа, 30 август аз номи як хонандааш номае дарёфт намуд. Дар ин нома дар бораи марги зиндоние бо исми Шоҳмурод Саидов сухан мерафт, ки гӯё бар асари истеъмоли аз меъёр зиёди маводи мухаддир ҷон додааст. Ин хонанда навишт, ки «28 август маҳбус Шоҳмурод Саидов дар муассисаи ЯС 3/2 СРИЧЧ, баъди гузаронидани маводи мухаддир дар раги хунгузари худ тавассути сӯзандору аз ҳуш рафта дигар ба худ наомадааст».

Дар ин нома гуфта мешуд, ки гӯё маъмурияти муассиса «Шомуродро ҳамон рӯз ба беморхонаи муассисаи ислоҳии «ЯС 3/13», воқеъ дар ноҳияи Ваҳдат интиқол доданд ва вай ба ҳуш наомада ҷон додааст.

Бо ин ки хабари ҳалокати Саидов дар шароити зиндон рад мешавад, мақомот аз гуфтани сабаби ба бемористон муроҷиат кардани ӯ худдорӣ мекунанд. Айни замон, санҷиши ин хабар тавассути манобеи мустақил имкон надорад.

Мақомот мегӯянд, ки вуруди ҳама гуна маводи мамнӯъ, бахусус нашъа ба дохили маҳбас аслан имкон надорад, чун ин амал аз рӯи қонун муҷозотро пешбинӣ мекунад. Ба иттилои мақомот, ҳар маводе, ки вориди зиндон мешавад, бахусус маводи хӯрданӣ, ки аз тарафи хешовандони маҳбусон оварда мешавад, таҳти санҷиши шадид қарор мегирад.


Радиои Озодӣ
XS
SM
MD
LG