Онҳоро ба рахна кардани маъракаи интихоботии Доналд Трамп, номзади Ҳизби ҷумҳурихоҳ ва кӯшиши халалдор кардани интихоботи президентӣ дар Иёлоти Муттаҳида айбдор кардаанд.
Интихобот рӯзи 5-уми ноябри имсол баргузор хоҳад шуд.
Ин иттиҳом чораи нави маъмурияти президент Ҷо Байден барои саркӯб кардани талошҳои хориҷӣ барои халал расондан ба муборизаи интихоботии Доналд Трамп (Ҳизби ҷумҳурихоҳ) ва рақиби ӯ Камала Ҳаррис (Ҳизби демократ) мебошад.
Дар ҳамин ҳол, Вазорати молияи Амрико гуфт, ки алайҳи ҳафт узви Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон таҳрим ҷорӣ кардааст.
Дар бораи афроде, ки ба ин муҷозот ва иттиҳоми ҷиноӣ рӯбарӯ шудаанд, шарҳе дода нашудааст.