Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА ва Туркия судури виза барои шаҳрвандони якдигарро қатъ карданд.ВИДЕО


Пас аз боздошти яке аз кормандони маҳаллии консулгарии Амрико дар Истанбул ба иттиҳоми "ҷосусӣ", ду кишвар яке пас аз дигаре эълон карданд, ки додани виза ба шаҳрвандони якдигарро маҳдуд мекунанд.

Сафорати ИМА дар Анкара рӯзи 8-уми октябр изҳороте нашр намуда, бо ишора ба таҳаввулоти ахир иброз дошт, ки "садоқати ҳукумати Туркия ба таъмини амнияти қароргоҳи сафорат ва кормандонашро бори дигар баррасӣ мекунад". Дар изҳорот ҳамчунон таъкид шудааст, ки ИМА тақдими раводиди сафар ба Амрикоро мутаваққиф мекунад. Ҳоло сафорат танҳо ба онҳое раводид медиҳад, ки барои зисти доимӣ ба Амрико сафар мекунанд. Дар пайи он Туркия эълон кард, ки сафораташ дар Вашингтон тақдими раводиди сафар ба ин кишварро комилан қатъ кард.

Хабаргузориҳои Туркия менависанд, фарди боздоштшуда расман муттаҳам ба "ҷосусӣ" ва талош барои сарнагун кардани ҳукумати Туркия шудааст.

​Танишҳои нав пас аз он рух додааст, ки расонаҳои Туркия аз боздошти яке аз коркунони маҳаллӣ дар консулгарии Амрико дар Истанбул, ба иттиҳоми иртибот бо гурӯҳи вобаста ба Фатҳуллоҳ Гюлен, рӯҳонии мухолифи ҳукумати Раҷаб Таййи Эрдуғон, хабар доданд. Ҳукумати Туркия Фатҳуллоҳ Гюленро тарроҳи аслии табадулоти нофарҷоми соли гузашта медонад ва ҷунбиши тарафдори ӯро "гурӯҳи террористӣ" эълон кардааст.

Фатҳуллоҳ Гюлен дар ҳоли ҳозир дар Амрико зиндагӣ мекунад ва Туркия талош дорад ӯро истирдод кунад. Фатҳуллоҳ Гюлен ҳар гуна иртибот миёни худ ва табаддулоти нокоми соли гузашта дар Туркияро радд кардааст.

Боздошти ходими сафорат боиси баҳси дипломатӣ миёни Вашингтону Анкара шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:46 0:00

Хабаргузориҳои Туркия менависанд, фарди боздоштшуда расман муттаҳам ба "ҷосусӣ" ва талош барои сарнагун кардани ҳукумати Туркия шудааст. Як ҳафта қабл сафорати Амрико дар Анқара гуфта буд, Амрико "амиқан нигарон"-и моҷарои боздошти ин шаҳрванди Туркия аст ва ба ин бовар мебошад, ки "ҳамаи иттиҳомоти воридшуда нодуруст аст."

Ба иловаи қазияи Фатҳуллоҳ Гюлен, Амрико ва Туркия дар чанд масъалаи дигар, аз ҷумла ҳимояти Амрико аз ниманизомиёни курд дар Сурия, ихтилофи назар доранд. Нерӯҳҳои умдатан курди Сурия аз муҳимтарин нерӯҳои заминии мавриди ҳимояти эътилоф ба раҳбарии Амрико дар ҷанг алайҳи ДИИШ ҳастанд. Анкара гурӯҳҳои курдии Сурияро шохаи ҳизби манъшудаи кори Курдистон меномад, ки сӣ сол инҷониб дар ҷанубу шарқи Туркия алайҳи артиши он кишвар меҷанганд.

Анқара ва Вашингтон ҳамчунин дар мавриди иттиҳомоти воридшуда ба нерӯҳои муҳофизи Раҷаб Таййиб Эрдуғон ихтилофи назар доранд. Дар ҷараёни сафари чанд моҳи пеши Эрдуғон ба Амрико, нерӯҳои муҳофизи ҳамроҳи ӯ эътирозгарон ба сафари раиси ҷумҳури Туркияро латукӯб карданд.

XS
SM
MD
LG