Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Airbnb дар бозори иҷораи хона дар Тоҷикистон. Мақомот дар фикри андоз


Акс аз бойгонии Радиои Озодӣ
Акс аз бойгонии Радиои Озодӣ

Ширкати Airbnb, пойгоҳи интернетӣ барои кирояи маконҳои зист, ба тозагӣ вориди бозори Тоҷикистон шудааст. Ҳамакнун даҳҳо молики хона дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд тавассути ин пойгоҳ хонаҳои худро кироя медиҳанд. Бар хилофи торномаҳои маҳаллӣ барои эълони иҷораи хона – Airbnb дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон ба расмият шинохта шудааст ва имкони ҷалби иҷорагирон ва ё сайёҳони хориҷӣ тавассути он бештар аст.

Ҳоло дар торнамои Airbnb танҳо дар шаҳри Душанбе беш аз 20 хонаи иҷора ба муштариён пешниҳод мешавад ва нархи як шабонарӯзи иҷораи хона аз 10 то 80 доллар аст.

Дар шаҳри Хуҷанд- дувумин шаҳри бузурги Тоҷикистон интихоб камтар, аммо нархи кирояи хонаҳо қариб баробар бо пойтахт аст. Дар ин пойгоҳ ҳамчунин хонаҳои иҷораро аз дигар шаҳрҳои Тоҷикистон аз ҷумла Кӯлоб, Хоруғ ва Бохтар ҳам мешавад пайдо кард.

Нарзулло Маликзода, муовини раиси Кумитаи андози Тоҷикистон, рӯзи 28-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, кумита дар мавриди тавассути Airbnb ба иҷора гузошта шудани хонаҳо иттилоъ надорад, аммо мувофиқи қонун ҳам иҷорадиҳандагони инфиродӣ ва ҳам ширкатҳо муваззафанд андоз супоранд.

Ӯ гуфт: “Шахсони воқеӣ, ки хонаҳои худро ба иҷора медиҳанд, андозбандӣ мешаванд. Ҳарчанд баъзеи онҳо бо ҳар роҳу восита аз пардохти андоз сарпечӣ мекунанд, аммо дар рафти санҷишҳо пинҳонкории онҳо ошкор шуда, андоз ситонида мешавад”.

Масъулони Кумитаи андоз мегӯянд, барои андозбандии ширкатҳои интернетии мисли Airbnb қонуни андоз такмил дода мешавад ва дар он сурат аз ин гуна ширкатҳо ба пуррагӣ андоз ситонида хоҳад шуд.

Ширкати азими Airbnb, ки дар Амрико ташкил ва сабти ном шуда, аз даромадҳояш ба ин кишвар андоз медиҳад, барои хадамоти миёнравии худ аз пуле, ки ба соҳиби хона пардохта мешавад, се дарсад ва аз ҳисоби иҷораҷӯён аз 6 то 12 дарсад маблағ мегирад.

Маъмурияти Airbnb, ки фаъолияти ширкатро дар қаламрави ИДМ назорат мекунад, дар ҷавоби хаттӣ ба Радиои Озодӣ гуфт: “Airbnb ҳеҷ гоҳ ба мақомоти маҳаллӣ дар мавриди даромади хонаи иҷорадиҳандагон маълумот намедиҳад. Бинобар ин соҳибони хона худашон бояд ба мақомот дар ин бора гузориш диҳанд”.

Масъулони Airbnb дар посух ба суоли Радиои Озодӣ, ки оё ин ширкат аз даромаде, ки аз иҷорадеҳон ва иҷорагирон дар Тоҷикистон ба даст меорад, андоз медиҳад ё не, посух нагуфтанд.

Фирӯз, як сокини Душанбе, гуфт, ба наздикӣ пойгоҳи “Airbnb”-ро барои худ кашф кард ва ҳоло хонаи дуҳуҷраро тавассути он ба иҷора гузоштааст. Ӯ аз таҷрибаи начандон тӯлонии ба иҷора додани хонааш тавассути ин пойгоҳ ба Радиои Озодӣ чунин қисса кард:

“Пештар дар торномаҳои маҳалии худамон эълон монда будам, аммо сайёҳони хориҷӣ аз он кам огоҳӣ доранд. Бештар сокинони маҳаллӣ муроҷиат мекарданд, ки бо ҳадафи хушгузаронӣ ва хилвату ишқварзӣ хонаро киро карданӣ мешуданд. Ман рад мекардам. Муштариёни Airbnb аксаран одамони ҷиддӣ ҳастанд, ки барои саёҳат ва сафари корӣ ба шаҳр омадаанд”.

Бозори иҷораи хона дар Тоҷикистон, ба гуфтаи коршинсон, чандон рушд накардааст ва дар аксар маврид ҳуқуқи иҷорагир таъмин намешавад.

Сотим Умаров, иқтисоддони тоҷик, мегӯяд, дар кишварҳои ғарбӣ маъмулан тибқи қонун соҳибхона ҳақ надорад худсарона нархи иҷораро аз дарсади муайян дар сол бештар болор барад ва бидуни огоҳӣ иҷорагирро аз хонааш ронад.

Ӯ гуфт, “аммо тавре ба назар мерасад, молики хона дар мо ба истилоҳ табъаш шоҳу худаш вазир аст ва мувофиқи салоҳдиди худ бо иҷорагир амал мекунад. Дар аксар маврид ҷонибҳо бо ҳам шартнома намебанданд, ки дар он уҳдадориҳои ҷонибҳо зикр шуда бошад”.

Ду сол пеш Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилӣ, аз бемасъулиятии иҷорадиҳандагон интиқод карда буд, ки бидуни ошноии комил бо шахси иҷорагир хонаашонро ба ӯ медиҳанд ва дар идораи маҳаллӣ сабт намекунанд ва амнияти ҷамъиятро ба хатар меандозанд.

Ширкати Airbnb соли 2008 дар шаҳри Сан Франсискои Амрико таъсис ёфтааст. Поягузорони ин ширкат Брайан Чески, Ҷо Геббиа, Нейтан Блечарзик аст. Airbnb дар 65 ҳазор шаҳри 191 кишвари ҷаҳон ба муштариён хонаҳои иҷора пешниҳод мекунад. Аз замони бунёд шудан то соли 2017 аз хадамоти ин ширкат 150 миллион нафар дар саросари ҷаҳон истифода кардаанд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
XS
SM
MD
LG