Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳавопаймо куҷо шуд?


Ноиби раиси ҷумҳури Индонезия Юсуф Калла гуфт, ҳавопаймои нопадидшуда дар масири Индонезия ба Сингапур бо 162 мусофир, эҳтимолан суқут кардааст.

Юсуф Калла, муовини президенти Индонезия, ки ба талошҳои ҷустуҷӯ ва наҷоти ҳавопаймои нопадидшуда дар масири Индонезия ба Сингапур раҳбарӣ мекунад, даҳ соат баъд аз нопадид шудани ҳавопаймои малайзиягии AirAsia аз экрани радарҳо, гуфт, эҳтимолан он суқут кардааст. Охирин тамоси парвози AirAsiaQZ 8501 бо ходимони раҳнамоӣ дар таърихи 28 декабр дар ҳоле буд, ки сарнишини ҳавопаймо ба хотири ҷилавгирӣ аз бархӯрд бо ҳавои номусоид, тағйири масир ва иҷозаи парвози баландтарро тақозо карда буд.

Мақомот мегӯянд, ҳавопаймо эҳтимолан дар фазои пур аз абрҳои ғафси туфонзо парвоз мекард. Ҳамзамон, ноиби раиси ҷумҳури Индонезия гуфтааст, то ҳол маълумоте дар бораи макони суқути ҳавопаймо дар даст нест. Ҳавопаймое, ки AirAsiaQZ 8501-ро ҷустуҷӯ мекард, рӯзи гузашта бинобар ҳавои номусоид ва торикӣ, парвозҳоро то субҳи 29 декабр қатъ кард. Аҳмад Тоҳо, сухангӯии Оҷонсии ҷустуҷӯ ва наҷот гуфт, баъзе аз киштиҳо тамоми шаб кофтуковро дар обҳои ноороми Индонезия идома доданд.

Тамаркузи ҷустуҷӯ асосан бар ҷазираи Белитунг, дар соҳилҳои шарқии Суматра аст, ки Airbus А320 баъди расидан ба фазои он ва дар дақиқаи 42-юми парвоз хомӯш шуд. AirAsia мегӯяд, аксари мусофирон шаҳрвандони Индонезия буданд ва дар байни онҳо баъзе бошандагони Сингапур, Кореяи Ҷанубӣ ва Фаронса низ ҳузур доранд.

Дувоздаҳ соат баъди нопадид шудани ҳавопаймо, наздикони мусофирон барои дарёфти маълумоте дар бораи сарнавишти наздикони худ дар фурӯгоҳи Сурабауа ҷамъ омаданд. Нахуствазири Малайзия Наҷиб Раззоқ ба нишони ҳамдилӣ бо хонаводаҳои мусофирони AirAsia аз нопадид шудани ҳавопаймо изҳори таассуф кард ва гуфт, ки қалбаш бо хонаводаҳои мусофирон буда, кишвараш барои кӯмак омода аст. Вазири нақлиёти Малайзия Лиов Тионг гуфт, ки кишвараш се киштӣ ва як ҳавопайморо барои ҷустуҷӯи ҳавопаймои AirAsia сафарбар кардааст.

Ин сеюмин фалокати бузурги ҳавопаймоҳои Малайзия дар соли 2014 аст. Моҳи марти соли равон ҳавопаймои Малайзия бо 239 мусофир, ки аз Куала-Лампур ба Пекин парвоз мекард, дар фазо беному нишон шуд. То ҳол ошкор нашудани нишоне аз ҳавопамои Boeing-777 асрорест, ки мутахассисон натавонистаанд онро шарҳ бидиҳанд.

Моҳи июли соли равон ҳавопаймои дигари Малайзия, ки аз Амстердам ба Куала Лампур парвоз мекард, дар минтақаи таҳти назари ҷудоихоҳони Украина зада шуд. Ин ҳавопаймо 298 мусофир дошт ва ҳамагӣ кушта шуданд. Ҳукумати Украина ва давлатҳои ғарбӣ дар ин ҳодиса аз ҷудоихоҳони русгаро домангир шуданд, ки ҳавопамои Boeing-777-ро бо истифода аз системаи замин-ба-ҳавои Буки Русия, сарозер карданд.

XS
SM
MD
LG