Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Мехоҳам варзишгоҳро аз мо нагиранд". ВИДЕО


Фурудгоҳи низомии Айнӣ, ки аз иншоотҳои муҳими стратегии Тоҷикистон ба шумор меравад, масоҳаташ то 250 гектар васеътар шуда, майдони парвози он барои нишасту бархости тайёраҳои низомӣ низ мувофиқ карда хоҳад шуд.

Мавзӯи истифодаи ин фурудгоҳ дар канори шаҳри Душанбе, солҳост, дар Тоҷикистон матраҳ мешавад ва чанде аз кишварҳои хориҷӣ низ ҳавасмандии худро ҷиҳати иҷораи ин фурудгоҳ ва таъсиси пойгоҳи ҳарбиву ҳавоӣ иброз дошта буданд. Замони Шӯравӣ ин фурӯдгоҳ ба ҳайси макони таъмири чархболҳо истифода мешуд ва чанд соли пеш бо 70 миллион доллар сармояи Ҳинд таъмиру бозсозӣ шуд ва ҳоло дар иҷораи пойгоҳи 201-и Русия қарор дорад.

Фурӯдгоҳи Айнӣ дар 15-километрии ҷануб-ғарби Душанбе қарор дорад ва чанд соли пеш бо 70 миллион доллар сармояи Ҳинд таъмиру бозсозӣ шуд.

Дар пайи васеъ кардани масоҳати ин фурудгоҳ дар қатори кӯчонидани ҳудуди 400 хонаводадар ҳисору Рӯдакӣ, сокинон ва махсусан ҷавонону наврасони чанд маҳалла дар шаҳраки Навобод, ки назди ҳамин фурудгоҳ қарор дорад, низ хатари маҳрум шудан аз ягона варзишгоҳи калону зебои назди хонаҳояшон нигарон кардааст. Ин варзишгоҳ ҳам тибқи лоиҳаи васеъсозии фурудгоҳи "Айнӣ", ба қаламрави он ворид мешавад.

Яке аз масъулони Ҳукумати ноҳияи Рӯдакӣ мегӯяд, лоиҳаи васеъсозии ин фурудгоҳ ҳанӯз дар соли 2004-ум аз тарафи Ҳукумати кишвар тасдиқ шуда буд ва он бояд ҳатман амалӣ шавад: "Дар он ҷо хоҷагиҳои шахсӣ буд, ки дар дохили фурӯдгоҳ афтид. Трансформатор ҳам дар ин қаламрав ворид шуд. Варзишгоҳи деҳа ҳам. Вале мо махсусан дар соли ҷавонон намехоҳем онҳоро нороҳат кунем ва дар ҳукумати ноҳия ҳам ин масъала баррсӣ шуд."

Атрофи ягона варзишгоҳи чанд маҳалла дар ҷамоати Навобод хат кашида шудааст ва бояд девор гирифта шавад. Ба гуфтаи сокинон, ин варзишгоҳ 35 соли ахир ҷойи бозиву фароғат ва машқи фарзандони онҳо аст. Агарчи зарурати ин иншоотро эътироф мекунанд, аммо аз он ҳарос доранд, ки эҳтимол баъд аз маҳрум шудан аз ин варзишгоҳ, дигар ҷое барои фароғати фарзандонашон намемонад, чун дар ин минтақа дигар ҷои холие намондааст.

Ҷавонони атрофи фурудгоҳи Айнӣ аз варзишгоҳ маҳрум мешаванд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:12 0:00

Иброҳим Ҷӯрабекови 12-сола, ки хеле ба футбол таваҷҷӯҳ дорад ва ҳар рӯз бо дӯстонаш ба ин майдон меояд, мегӯяд ҷойи дӯстдоштааш дар ин маҳалла ҳамин майдони варзишӣ аст ва аксар вақташро ҳам инҷо сипарӣ мекунад: “Қариб 4 сол мешавад, ки дар дастаи акаи Расул машқ дораму аз нозукиҳои футбол огоҳ мешавад. Ман мехоҳад ин майдонро аз мо нагиранд. Танҳо ҳамин қадар ҷой барои бозии футбол дорем.”

Дар маҳаллаҳои атрофи варзишгоҳи назди фурӯдгоҳи Айнӣ қариб дар ҳар оила мисли Иброҳим ҳатман як футболбоз ҳаст. Ҳамзаи Раҷабализода, як сокини кӯчаи Кушониёни ҷамоати шаҳраки Навобод мегӯяд, вуҷуди маҳз ҳамин варзишгоҳ боис шуда, ки бачаҳои зиёде аз ин маҳалла ба варзиш, бахусус футбол рӯ оварда, аз беҳудагардиву амалҳои дигар, канор рафтаанд. Дар варзишгоҳи 8 даста футбол фаъолият мекунад ва маъруфтарини он ҳам тими футболи Айнӣ будааст, ки дар сабқатҳои байниноҳиявӣ ва шаҳрӣ, ширкат мекунад.

Ӯ мегӯяд, ки чаҳор мураббӣ дар ин ҷо ба бачаҳо тамрин мекунанд ва онҳо соли гузашта, дар бозии ҷоми “Шоми Душанбе” иштирок карда ва сазовори ҷойи аввал гаштанд. Ба гуфтаи Ҳамза, дар тамоми сабқатҳо фаъолона ширкат мекунанд ва дӯстӣ байни минтақаҳои чанд маҳалларо барқарор карданд: "Ҳамин минтақаи назди Фурӯдгоҳи Айниро ба воситаи варазишгарону футболбозҳояш мешиносанд. Тамоми фасл новобаста ба сардиву гармӣ, бачаҳо бозӣ мекунанд. Ҳатто шабҳо барқ гузаронида, бозӣ мекарданд. Мардум инҷо хеле ба футбол шавқ доранд."

300 оиларо аз наздикии фурудгоҳи Айнӣ мекӯчонанд (Навор аз бойгонӣ)

300 оиларо аз наздикии фурудгоҳи Айнӣ мекӯчонанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:28 0:00

Ба гуфтаи Ҳамза, дар ҳоле, ки ҷанҷолҳо байни наврасону ҷавонони минтақаву маҳаллаҳо бештар мешавад, вуҷуди ин варзишгоҳи калон, ки дар он ҳар бегоҳ ҷавонону наврасони чанд маҳал ҷамъ меоянд, дӯсти байни минтақаҳоро барқарор кардааст. Мунаввара Азизова, муаллимаи мактаби деҳаи Қушониён ва раиси занони маҳалла мегӯяд, атрофи биноҳои серошёнаи истиқоматии ин маҳалла ҷойи қариб холие барои бозии кӯдакон нест. Ӯ мегӯяд, ҳоло занони маҳалларо ҳам ин суол нигарон кардааст, ки баъд аз ин кӯдакони худро куҷо мебаранд?

“Пеши дом ҷойи холӣ нест, агар кӯдакони тамоми маҳалла берун барояд, ҷангу шапошап ва тирезашикнӣ зиёд мешавад. Намедонем чӣ кор мекунем. Ман шахсан 5 фарзанд дорам ва ин ҷойи хубе буд барои онҳо. Ин майдон меҳри футболу варзишро дар дили онҳо бедор мекард ва бероҳа намешуданд”,-афзуд Мунаввара Азизова.

Атрофи варзишгоҳ назди фурӯдгоҳи Айнӣ ҳудудан 7 ҳазор аҳолӣ ба сар мебарад. Ин фурӯдгоҳ дар 15 километрии ҷануб-ғарби Душанбе қарор дорад ва чанд соли пеш бо 70 миллион доллар сармояи Ҳинд таъмиру бозсозӣ шуд. Масоҳати он барои истифодаи ҳавопаймоҳо кифоят намекард ва соле пеш мақомот гуфтанд, барои васеъ кардани майдони фурудгоҳ бояд хонаҳои атрофи он ҳам тибқи як барнома кӯч дода шаванд.

Масъулин мегӯянд, чанд соли қабл зимни таҳияи лоиҳаи васеъсозии фурудгоҳ, ба сокинон замини наздиҳавлигӣ ҷудо шуда буд ва ба гуфтаи онҳо, дар пайи нигаронии ҷавонон барои аз даст додани варзишгоҳ, дар ҳукумати ноҳияи Рӯдакӣ масъалаи ихтисоси замин барои майдони варзиширо баррасӣ мекунанд.

Девор гирифтани атрофи варзишгоҳ дар наздикии фурӯдгоҳи Айнӣ ва хавфи маҳрум шудани бачаҳои 9 маҳалла аз ягона варзишгоҳ ҳам дар ҳолест, ки дар Душанбе ва навоҳии дигари кишвар солҳои ахир миёни ҷавонон варзиш тарғиб мешавад ва сохтмони майдонҳои зиёди варзишӣ дар авҷ аст.

Сокинони маҳаллаҳои атрофи фурӯдгоҳи Айнӣ барои маҳрум нашудан аз майдони варзишӣ ба чандин ниҳоду идораҳо муроҷиат кардаанд. Ахиран онҳо бо як номае аз шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ, ки дӯстдори варзиш аст, кӯмак хостанд ва ҳоло мунтазири посуханд.

Шарҳҳоро бинед (2)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG