Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рошупкин: "Чархболҳоро ҳамроҳ бо Тоҷикистон истифода мекунем"


Сухангӯи пойгоҳи 201 Русия гуфт, ки феълан сухан дар бораи истифодаи эҳтимолии чархболҳои низомӣ дар амалиёти наздимарзӣ намеравад.

Ярослав Рошупкин, сухангӯи пойгоҳи 201 Русия гуфт, дар фурудгоҳи Айнӣ дар канори шаҳри Душанбе як гурӯҳи ҳавоие ташкил мешавад, ки дар ҳайати он чархболҳои ҷангӣ ва борбари навъи Ми-24П ва Ми-8МТВ шомил мешаванд. Вай гуфт, дар навбати аввал чархболҳои низомӣ дар омодагии ҳарбии нирӯҳои муштарак бо иштироки воҳидҳои низомии Тоҷикистон истифода мешаванд. Ҳадафи дигари ин чархболҳо интиқоли бору муҳимоти низомӣ, таъмини амнияти корвонҳои низомиён ба ҳангоми ҳаракат дар минтақа, интиқоли десант, минагузорӣ кардан, ҳамчунин интиқоли беморону захмиҳо мебошад. Ярослав Рошупкин бо зикри ин ҳадафҳо дар посух ба суоли Радиои Озодӣ гуфт, ки феълан сухан дар бораи истифодаи эҳтимолии ин чархболҳо дар амалиёти наздимарзӣ дар ҳоли хатар аз ҷониби ҷангиён дар Афғонистон намеравад. Низомии рус аз ошкор кардани теъдоди чархболҳо худдорӣ намуд.

Ярослав Рошупкин
Ярослав Рошупкин

Ба иттилои сухангӯи пойгоҳи 201 Русия, дар тамоми солҳои истиқлолияти Тоҷикистон ҳам фурудгоҳи Айнӣ барои истиқрори ҳавопаймоҳову чархболҳои низомӣ истифода мешуд. Вай гуфт, «ҳоло гап сари иҷораи фурудгоҳи Айнӣ нест, чунки ҳамеша як бахши ин майдони фурудгоҳ барои нигаҳдории ҳавопаймоҳову чархболҳои пойгоҳи 201 Русия истифода мешуд». Рошупкин гуфт, изҳороти дирӯзаи сухангӯи президент Путинро ҳам тасдиқ мекунад, ки гуфта буд, дар мулоқоти Путин ва Раҳмон дар Сочӣ дар бораи тавсеаи нирӯҳои Русия дар Тоҷикистон чизе гуфта нашудааст. Вай инчунин гуфт, ки тасмими таъсиси як гурӯҳи ҳавоӣ дар ҳудуди фурудгоҳи низомии Айнӣ қабл аз музокироти сарони ду кишвар гирифта шуда буд, вале “пахши ин хабар аз назари замонӣ мувофиқат” кард.

Дар ҳамин ҳол, Вазорати дифои Тоҷикистон сарусадо дар бораи гӯиё ба Русия додани фурудгоҳи низомии Айниро рад кард ва гуфт, ки феълан ин фурудгоҳ дар ихтиёри онҳост. Ин сарусадо баъд аз як изҳороти Вазорати дифои Русия дар рӯзи 7 октябр сар зад, ки гуфт, ба пойгоҳи 201-уми он кишвар дар Тоҷикистон чархболҳои зарбазан ё ҷангӣ фиристода, онҳоро дар фурудгоҳи низомии Айнӣ, дар 15-километрии ғарби Душанбе, ҷойгир хоҳад кард.

Як манбаъ дар Вазорати дифои Тоҷикистон рӯзи 8 октябр гуфт, дар ҳоли ҳозир пешниҳоди ба иҷора гирифтани ин фурудгоҳ расман аз сӯи ҳеч кишвар садо надодааст. "Агар ин масъала ба миён ояд, дар сатҳи олии кишварҳо ҳалли худро пайдо хоҳад кард ва сокинону расонаҳо низ аз он бехабар нахоҳанд монд," – афзуд манбаъ.

Аммо ҳамсӯҳбати мо гуфт, танҳо ҳангоми баргузории машқҳои низомӣ кишварҳои узви Созмони паймони амнияти дастҷамъӣ ва Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой ҳақ доранд, ки муваққатан чархболу ҳавопаймҳои низомии худро дар фурудгоҳи Айнӣ ҷойгир карда, баъд аз анҷоми тамрин дубора аз он ҷо бигиранд. "Ин хел ҳолатҳо вуҷуд доштанд ва ин набояд мояи сарусадои зиёд шавад," -- гуфт мусоҳиби мо.

Фурудгоҳи низомии Айнӣ, воқеъ дар ғарби шаҳри Душанбе, баъд аз анҷоми таъмири бунёдӣ, моҳи сентябри соли 2010 ба сурати расмӣ дубора мавриди истифода қарор гирифт. Ин фурудгоҳ, ки мансуб ба Вазорати дифои Тоҷикистон аст ва дар замони Шӯравӣ бунёд шуда буд, чанд соли пеш тавассути мутахассисони Ҳинд бозсозӣ ва муҷаҳҳаз шуд.

Аз фурудгоҳи низомии Айнӣ тамоми намуди ҳавопаймоҳои борбар ва ҷангӣ, бидуни истисно метавонанд истифода кунанд.

XS
SM
MD
LG