Дабири Шӯрои нигаҳбони Эрон гуфтааст, нигарони соли оянда (соли ҳиҷрӣ-шамсӣ -- РО) ҳастаанд, ки чӣ ҳодисае рух хоҳад дод. Аҳмад Ҷаннатӣ пас аз як моҳи эътирозҳои сартосарӣ дар Эрон, бо ишора ба душвориҳои зиндагии оилаҳои эронӣ, гуфт, ки бояд ба мардум ҳаққи эътироз дод.
Ба гузориши хабаргузории нимарасмии "Форс", дабири Шӯрои нигаҳбон ва раиси Маҷлиси хибрагон рӯзи душанбеи 5-уми феврал изҳор дошт, "масъулон бояд дар вазъи фақирона зиндагӣ кунанд, то фақирон ба ғазаб наоянд, вақте вазъи зиндагӣ бад бошад, ҳамин фақирон дар кӯчаҳо эътироз мекунанд, зеро ки наметавонанд зиндагиро таҳаммул кунанд."
Эътирозҳои ахир дар Эрон бо шиорҳои иқтисодӣ оғоз шуд ва бо густариши тазоҳурот шеваи шиорҳо ҳам тағйир кард ва мардум алайҳи раҳбари Эрон ва ҳукумати он кишвар шиор сар доданд.
Вай афзуд, ки "мо наметавонем интизор надошта бошем, ки садои эътирози касе баланд нашавад. Садои эътирозҳо бояд баланд бошад, аммо бояд тибқи қонун сурат гирад".
Оқои Ҷаннатӣ мегӯяд, "вазъияти зиндагии мардум бисёр бад аст, албатта ман дар ин бора мудохила намекунам, чун коре аз дастам намеояд, аммо замоне, ки ғизо мехӯрам, нороҳатам, ки чаро мо дастамон ба даҳонамон мерасад, вале бархе дигар аз мардум ин имконро надоранд."
Дабири Шӯрои нигаҳбон дар айни ҳол гуфтааст, "ман нигарони соли ояндаам, ки чӣ иттифоқе рух хоҳад дод, зеро, ки бояд эҳтимолотро баррасӣ кард ва мадди назар қарор дод."
Эътирозҳои ахир дар Эрон бо шиорҳои иқтисодӣ оғоз шуд ва бо густариши тазоҳурот шеваи шиорҳо ҳам тағйир кард ва мардум алайҳи раҳбари Эрон ва ҳукумати он кишвар шиор сар доданд. Мақомоти эронӣ аз ҷумла президент Ҳасани Рӯҳонӣ эътироз ва раҳпаймоиро ҳаққи шаҳрвандӣ дониста, аммо таъкид карданд, ки бояд қонунӣ бошад. Эътирозҳои ахир дар Эрон ҳадди ақал дар 25 шаҳр баргузор шуд ва наздик ба 5 ҳазор нафар боздошт шуданд, ки садҳо тан аз онҳо то ба ҳол дар зиндон ба сар мебаранд.
Ба гузориши хабаргузории эронии ИЛНА, Аҳмад Ҷаннатӣ дар қисмати дигаре аз суханронии худ гуфтааст, ки "масъала имрӯз талош барои барандозии низоми Ҷумҳурии исломӣ" аст "ва бояд тавтеаро хунсо кард ва масъалаи барандозиро ҷиддӣ гирифт".
Ба гуфтаи вай, "қарор шудааст вазирон ва масъулон бо мардум сӯҳбат кунад ва ба мардум бигӯянд, ки чӣ кардаанд ва чӣ метавонанд бикунанд, то мардум ором шаванд. Бояд мардумро қонеъ кард, то мутаваҷҷеҳ шаванд, ки ба фикрашон ҳастем ва агар ҳам натавонистаем коре кунем, тасмим доштаем, вале муваффақ нашудаем."
Мақомоти Ҷумҳурии исломии Эрон эътирозҳои ахирро кори дасти Арабистони Саудӣ, Исроил ва Амрико медонанд. Аммо садоҳое аз қалби ҳукумати Эрон низ шунида мешавад, ки ин масъаларо радд мекунанд ва мегӯянд, ки надоштани озодиҳои сиёсӣ ва иҷтимоӣ, сабабҳои ин эътирозҳо мебошанд.