Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зидди «таҷовузи Русия»


Низомиёни амрикоӣ дар кишварҳои Наздибалтик навбатдории ҳарбиро шурӯъ карданд.
Низомиёни амрикоӣ дар кишварҳои Наздибалтик навбатдории ҳарбиро шурӯъ карданд.

Дар посух ба таҳдидҳои афзояндаи Русия, ИМА тасмим гирифт дар хоки кишварҳои Наздибалтик техникаи низомиро мустақар кунад.

Чандсад танки амрикоӣ, зиреҳпӯш ва дигар техникаи низомӣ рӯзи душанбе ба хоки Латвия ворид шуд. Ин муҳимоти низомии амрикоӣ дар давоми се моҳи оянда аз ҷониби нирӯҳои ИМА ва НАТО дар қаламрави кишварҳои Наздибалтик истифода мешаванд. Ба гуфтаи намояндагони расмии ИМА, ин иқдоми рамзӣ ба хотири намоиши ҳамраъйӣ бо НАТО дар баробари таҳдидҳои афзояндаи Русия мебошад.

Тонкҳо, зиреҳпӯшҳо, чархболу тӯпхонаҳо - дар маҷмӯъ 750 адад техникаи ҷангӣ рӯзи душанбе аз киштие дар Рига фуруд оварда шуд. Ин хабарро сухангӯи Пентагон Стив Уоррен хабар дод. Ин ҳама муҳимот дар давоми се моҳи ҳузури низомиёни дивизияи пиёданизоми Сеюм, ки дар Форт Стюарти аёлаи Ҷорҷия мустақар аст, истифода мешавад. Бахши аввали низомиён аз ҳайати се ҳазорнафара аллакай ба хоки Латвия ворид шуданд. Мӯҳлати хизмати онҳо аз моҳи май шурӯъ шуда дар ин муддат онҳо ҳамчунин бо низомиёни кишварҳои Латвия, Литва ва Эстония тамринҳои муштарак барпо мекунанд.

Ҷон Оконнор
Ҷон Оконнор

Намояндаи Пентагон Ҷон Оконнор дар Рига рӯзи душанбе гуфт, ки ширкати ИМА дар ин барнома ба маънои пойбандии ин кишвар ба амнияти дастаҷамъӣ аст. Дар сӯҳбат бо оҷонсии Франс Пресс ӯ гуфт, ки ин нирӯҳо вазъро аз замину ҳаво ва баҳр назорат хоҳанд кард. Генерал гуфтааст, ки техникаи низомӣ дар кишварҳои Наздибалтик то замоне боқӣ мемонад, ки эҳтиёҷ барои пешгирӣ аз таҷовузи Русия боқӣ монад.

Таҳлилгари амрикоӣ Стивен Бланк аз Шӯрои сиёсати хориҷӣ мегӯяд, ирсоли техникаи низомии амрикоӣ ба Латвия ба ин маъност, ки Вашингтон ба амалиёте, ки дар оғоз онро як иқдоми рамзӣ меномид, ҷиддӣ назар мекунад:

- Аз оғози бӯҳрони украинӣ маълум буд, ки кишварҳои Наздибалтик аз таҳаввулоти ҳодисаҳо хеле нигарон шуданд. Онҳо, эҳтимолан дар ҳаҷму миқдори кӯмакҳои НАТО мутмаин набуданд. Вақт нишон дод, ки нигаронии онҳо бепоя набудааст, дар оянда, бовар дорам, контингенти бузургтар бо рисолатҳои тӯлонимуддат ба минтақа сафарбар мешаванд, - гуфт ӯ.

Ба бовари ин таҳлилгар, Вашингтон ба масъалаи ҳамкориҳои низомӣ бо ин кишварҳо бо чашми дигар нигоҳ мекунад. Ӯ мегӯяд, дар гузашта кам касе ба ин ақида бовар мекард, ки Русия метавонад ба амнияти кишварҳои Наздибалтик мустақиман таҳдид кунад, аз ин рӯ, ҳамкориҳои низомӣ бо ин кишварҳо ҳам мутаносибан заъифу начандон фаъол буд. “Вале иқдомҳои Кремл ин ақидаро аз байн бурд. Тамринҳои муштарак заруратест ба хотири кӯмак дар омодагии ҷангии нирӯҳои ин кишварҳо”. Стивен Бланк мегӯяд, ба фарқ аз тамринҳои низомии НАТО дар соли 2013, ҳоло маълум аст, ки ИМА мехоҳад ба таври сареъ ба бӯҳрони эҳтимолии низомӣ дар баробари Русия вокуниш нишон диҳад.

XS
SM
MD
LG