Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафири Афғонистон дар Тоҷикистон аз мақомаш барканор шуд


Залмай Юнусӣ

Залмай Юнусӣ, сафири Афғонистон дар Тоҷикистон, пас аз як соли маъмурияташ дар Душанбе аз сӯи мақомоти Кобул барканор шудааст. Масъулони сафорати Афғонистон гуфтанд, барканории пеш аз муҳлати Юнусӣ ба муносибати ду кишвар рабт надорад.

"Эътирози Ҷамъияти исломӣ аз барканории сафир"

Залмай Юнусӣ рӯзи 31-уми май дастури барканориашро тасдиқ кард ва гуфт, ин кор ду ҳафта қабл сурат гирифт. Вай гуфт, пас аз анҷоми моҳи Рамазон Тоҷикистонро тарк мекунад. Юнусӣ, ки аз шаҳри Душанбе ба Радиои Озодӣ сӯҳбат мекард, афзуд, дастури барканории ӯ аз тарафи раиси ҷумҳури Афғонистон содир шудааст.

Залмай Юнусӣ ҳудуди як сол қабл -- моҳи апрели соли 2017 ба президент Эмомалӣ Раҳмон эътимоднома супурда, расман ҳамчун сафири Афғонистон дар Тоҷикистон ба кор шуруъ карда буд.

Ба гуфтаи Юнусӣ, дастгоҳи раёсати ҷумҳурӣ барои барканории ӯ пойфишории зиёд кардааст. Залмай Юнусӣ гуфт, тибқи дастури раёсати ҷумҳурии Афғонистон, Неъматуллоҳи Арғандобӣ ҷойгузини ӯ дар Душанбе муаррифӣ шудааст.

Сафири ҳамакнун собиқи Афғонистон мегӯяд, ӯ қаблан бо пешниҳоди Ҳизби Ҷамъияти исломии Афғонистон ва Атомуҳаммади Нур ба мақоми сафорат дар Тоҷикистон расида буд. Аммо ба қавли Залмай Юнусӣ, раёсати ҷумҳурии Афғонистон бидуни мувофиқа бо Ҷамъияти исломӣ ва Атомуҳаммади Нур ӯро аз сафирӣ дар Душанбе озод карданд ва ҳизб низ аз барканории ӯ норозигӣ кардааст.

Бо ин ҳама, Залмай Юнусӣ гуфт, то ҳол сабабҳои аслии барканориро барояш нагуфтаанд ва ҳам маълум нест, ки ӯро ба кадом вазифа мегузаронанд. Залмай Юнусӣ гуфт, давоми як соли кораш дар Душанбе "барои таҳкими равобити ду кишвари дӯсту ҳамсоя он чӣ дар тавон доштем, ба кор бурдем".

Залмай Юнусӣ ҳудуди як сол қабл -- моҳи апрели соли 2017 ба раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон эътимоднома супурда, расман ҳамчун сафири Афғонистон дар Тоҷикистон ба кор шуруъ карда буд. Ин бори дуввум аст, ки Залмай Юнусӣ ба Кобул бозхонд мешавад. Қаблан моҳи декабри соли гузашта Юнусӣ як муддат дар Кобул буд.

Масъулини вазорати умури хориҷии Афғонистон рӯзи 31-уми май ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки барканории сафири он кишвар дар Тоҷикистонро шарҳ намедиҳад. Мақомоти тоҷик низ то ҳол дар ин робита изҳори назар накардаанд.

"Шахси наздики Атомуҳаммади Нур"

Муҳаммад Гул Залмай Юнусӣ, ки ҳамакнун курсии сафирии Афғонистон дар Душанберо тарк мекунад, аз шахсони наздик ба Атомуҳаммади Нур, собиқ волии Балх ва аз мушовирони ӯ гуфта мешавад. Юнусӣ 60-сол дошта, аз шахсиятҳои фаъоли Ҳизби Ҷамъияти исломии Афғонистон ва роҳбари тими таблиғотии Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар шимоли Афғонистон буд.

Атомуҳаммади Нур.
Атомуҳаммади Нур.

Баъд аз ташкили Ҳукумати ваҳдати миллӣ дар Афғонистон Залмай Юнусӣ аз сӯи тими Абдуллоҳ Абдуллоҳ ба мансаби вазири омӯзиш ва парвариш пешниҳод шуд. Аммо бо сабаби дарёфт накардани раъйи эътимод аз ҷониби Луи ҷирга ё порлумони Афғонистон, ба ин мансаб нарасид. Залмай Юнусӣ дар мақоми сафири Афғонистон дар Тоҷикистон ҷойгузини Абдулғафури Орзу буд, ки ҳафт сол дар ин мақом кор кард.

Аммо дар бораи Неъматуллоҳи Арғандобӣ, ки ба гуфтаи Залмай Юнусӣ, ҳоло барои раҳбарии намояндагии дипломатии Афғонистон дар Тоҷикистон муаррифӣ шудааст, маълумоти зиёде дар даст нест ва маълум нест, ки ӯ як дипломати вазорати умури хориҷӣ аст ваё бар асоси тақсимбандии сиёсӣ ба ин мақом баргузида шудааст.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG