Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гулгузорӣ ба хотири қурбониёни ҳамлаҳои Кобул дар Душанбе. ВИДЕО


Субҳи рӯзи 29-уми январ бархе аз сокинони шаҳри Душанбе дар назди бинои сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон ҷамъ омада, хотираи қурбониёни ҳамлаҳои хунини ахир дар Кобулро гиромӣ доштанд.

Новобаста ба ҳавои сарду бориши барф, гурӯҳе аз сокинон бо изҳори ҳамдардӣ ба мардуми Афғонистон ва хонаводаҳои қурбониёни фоҷеаи рӯзи 27-уми январ барои гулгузорӣ назди сафорати ин кишвар дар Тоҷикистон омаданд. Онҳо аз ҳамлаҳои пайиҳами як ҳафтаи ахир ёдрас шуда, аз он нигаронӣ карданд, ки ноамнии тайи 35 соли ахир дар ин кишвар хатм намешавад.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Ёдбуди қурбониёни ҳамлаҳои Кобул дар Душанбе
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:03:03 0:00

Залмай Юнусӣ, сафири Афғонистон дар Тоҷикистон гуфт, бо вуҷуди талошҳои амниятӣ ва истихборотиии ҳукумати Афғонистон алайҳи террористон, намешавад аз бархе чунин ҳамлаҳои хунин ҷилавгирӣ кард.

Бар асари ҳамла рӯзи 27-уми январ дар Кобул 103 нафар кушта ва 235 нафари дигар, аз ҷумла 23 пулис ҷароҳат бардоштанд. Толибон масъулияти ҳамларо ба дӯш гирифтанд. Ин хабар бисёре аз сокинони Тоҷикистонро ҳам такконзада кард. Дар шабакаҳои иҷтимоии интернет садҳо нафар аз тоҷикон ҳамдардии амиқи худро ба мардуми афғон иброз карданд.

Иршод Сулаймонӣ, хабарнигор ва як фаъоли фейсбукӣ, ки барои гулгузорӣ ба сафорати Афғонистон омада буд, рӯи 29-уми январ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, бо дидану аксу видеоҳои ҳузнангез аз амали хунини Афғонистон дар интернет орзурда шуд.

"Афғонистон беш аз се даҳа мешавад, ки дастхуши ҷангу хунрезӣ ва қатлу куштору ғорат аст, аммо ҳодисаи рӯзи шанбеи Кобул, яке аз фоҷиабортарин ҳодиса дар Афғонистон буд, ки ҷони беш аз 100 нафарро рабуд. Бо дӯстон тасмим гирифтем, биёем дар пеши сафорат ба мардуми ин кишвар изҳори ҳамдардӣ кунем. Мо бар инем, ки миллати Афғонистон лоиқ ба ин қадар хушунату ҷангҳо нест ва ин шеваи муборизаро маҳкум мекунем", - афзуд ӯ.

Дар миёни ҷамъомадаҳо дар сафорати Афғонистон, намояндагони сафорати Амрико Ҷеф Руденур ҳам буд. Вай кормандони сафорати Афғонистон изҳори ҳамдардӣ кард. Гурӯҳи ҷамъомада дар назди сафорати Афғонистон ҳамчунин аз ҳодисаи рӯзи душанбеи 29-уми январ дар ин кишвар -- ҳамла ба Донишгоҳи низомии Маршалл Муҳаммадқасим Фаҳим ёдрас шуда, барои мардуми ин кишвар дар ин рӯзҳои сахт ҳамдардӣ намуданд.

Ёқуб Ҳалимов, яке аз онҳое, ки дар назди бинои сафорати Афғонистон дар Душанбе бо Радиои Озодӣ сӯҳбат мекард, гуфт, ин фоҷиа ва мотами танҳо Афғонистон не, балки тамоми инсонҳост. Ёқуб Ҳалимов гуфт, ӯро ҳамдилӣ ба дари сафорати Афғонистон бурд.

Залмай Юнусӣ, сафори Афғонистон дар Тоҷикистон.
Залмай Юнусӣ, сафори Афғонистон дар Тоҷикистон.

“Вақте ҳамзабонони мо, ҳамдинони мо дар он ҷо оғуштаи хун мешаванд, шоиста нест, ки мо бепарвоӣ кунем. Тибқи боварҳои мазҳабӣ, мо медонем, ки вақте як хуни ноҳақ рехта мешавад, мисли ин аст, ки қотил тамоми одамонро куштааст."

Дар сафорати Афғонистон дар Душанбе ҳам афродеро, ки ба хотири арзи тассалият омада буданд, сафир ва кормандони дигари сафорат истиқбол намуда, ин иқдоми онҳоро ҳамраъйии мардуми Тоҷикистон ба мардуми Афғонистон унвон карданд.

Залмай Юнусӣ, сафири Афғонистон дар Тоҷикистон гуфт, бо вуҷуди талошҳои амниятӣ ва истихборотиии ҳукумати Афғонистон алайҳи терористон, намешавад аз бархе чунин ҳамлаҳои хунин ҷилавгирӣ кард. Сафири Афғонистон дар Душанбе гуфт, ҳарчанд шеваи ҳамалоту даҳшатафканӣ дар Афғонистон нав нест, аммо ин шева далели заъфи гурӯҳҳои теророристии назири Толибон ва Давлати исломӣ аст.

Ӯ гуфт: "Албатта ҳукумат барномаҳои бисёр васеъи сулҳро роҳандозӣ кардаанд. Аммо шумо ҳам медонед, ки кишвари мо ҳанӯз ба таври бояду шояд фурсат наёфтаст, ва дар баъзе ҳолатҳо мақомот дар рӯ ба рӯи чунин амалҳо оҷиз мемонанд. Намешавад ҳамаро талошӣ кард."

Зулмай Юнусӣ, сафири Афғонистон гуфт, ин кишвар дар хати аввали мубориза бо тероризм қарор дорад. Ӯ аз зарурат ба як Иттиҳод ва ҳамбастагии ҷаҳонӣ таъкид кард, зеро бохти Афғонистон, бохти ҷаҳон дар муқобили ифротгароӣ ва даҳшатафканон хоҳад буд.

"Афғонистон аз ҷаҳон ҳам дифоъ дорад, агар Худое накарда пойи Афғонистон билағжад ва терроризм ғолиб шавад, шумо бовар кунед, ин кишварҳо ба мушкил дар муқобил аз ҷабҳаи муқовимат ҷур хоҳанд кард. Ин афғонҳост, ки бо таҷрибае, ки доранд, бо зиндагии фақиронае, ки доранд ва бо сахтиҳое, ки диданд ва дар муқолбили марг наметарсанд, муқовимат мекунанд.”

Тасаллият ва гулгузории гурӯҳе аз сокинони Тоҷикистон ҳам дар назди сафорати Афғонистон дар ҳоле сурат мегирифт, ки расонаҳо рӯзи душанбеи 29-уми январ аз як ҳамлаи дигар дар Кобул хабар доданд, ки дар пайи он 10 нафар кушта шуд.

Ҳамлаварон ин бор ба як қисми ҳарбӣ дар наздикиҳои Академияи низомии ба номи Маршал Муҳаммадқасим Фаҳимро ҳадаф қарор додаанд. Ин севумин ҳамлаи хунин давоми даҳ рӯзи охир дар пойтахти Афғонистон мебошад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG