Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фавзия Кӯфӣ: Мардуми офатзада дар Обиборик чашмбароҳи кӯмакҳост


Фавзия Кӯфӣ, вакили Бадахшон дар порлумони Афғонистон мегӯяд, мақомоти Кобул ва ҷомиаи ҷаҳонӣ то ҳол миқёси азими офати табиӣ дар рустои Обиборики Бадахшонро пурра эҳсос накардаанд.

Мақомоти СММ эълон карданд, ки шумораи қурбониёни лағзиши теппа дар деҳаи Обиборики вулусволии Аргуи вилояти Бадахшони Афғонистон ба 500 нафар расидааст. Ҳамзамон мақомоти маҳаллии ин минтақа мегӯянд, ки дар ин офати рӯзи 2 май ба эҳтимоли зиёд ҳудуди 2 700 нафар аз аҳли рустои Обиборик ҷон додаанд. Вале мумкин аст шумораи дақиқи қурбониён ҳамин тавр номаълум бимонад, зеро қурбониён зери қабати ғафс ва чандметрии гилу хок мондаанд. Мақомоти раёсати мубориза бо фоҷеаҳои миллии Афғонистон мегӯянд, ки ҳанӯз ҳам хатари лағзиши боқимондаи теппа вуҷуд дорад.

Дар як гуфтугӯе телефонӣ бо хонум Фавзия Куфӣ - намояндаи мардумии ин маҳал дар порлумони Афғонистон, ки аз маҳали офат боздид кардааст, пурсидам, ҳоло вазъ дар маҳали офат чӣ тавр аст?

Фавзия Куфӣ: Дирӯз ман аз маҳали офат боздид кардам ва имрӯз бо такя ба тамосҳое, ки бо шахсиятҳое дар маҳал дорем, вазъ ин аст, ки кори асосӣ дар он ҷо сурат нагирифтааст. Кӯмакҳое, ки ба он ҷо расида, ба шакли дуруст тақсим намешавад. Ман худам дар он ҷо дидам, ки мошинҳо ва корвонҳои кӯмак ба маҳали офат расида буд, аммо ба мардум тақсим намекарданд. Хаймаҳо ҳастанд, вале ин хаймаҳо бидуни фарш буданд. Вазъияти мардум он гуна, ки дар рӯзҳои аввали ҳодиса буд, ҳамон тавр боқӣ мондааст. Аммо кори асосӣ, ки бояд сурат бигирад ва ба он таваҷҷӯҳ шавад, ин аст ки бояд 700 хонаи боқимонда аз он минтақа ба ҷои амн кӯч дода шаванд, барои он ки нисфи бештари ин теппаи боқимонда хароб шудааст ва агар мардум кӯч дода нашаванд, эҳтимол дорад дар борон ва ё селобҳои баъдӣ боқимондаи теппа ҳам билағзад ва ин хонаҳо низ зери гилу хок бимонад.

Озодӣ: Шумо гуфтед, ки кӯмакҳои расида ба бозмондагони офат тақсим карда намешавад. Чаро?
Фавзия Кӯфӣ
Фавзия Кӯфӣ
Фавзия Куфӣ: Як далелаш набуди ҳамоҳангӣ миёни органҳои кӯмаккунанда аст. Ҳар кас мехоҳад коре анҷом диҳад, вале мудирияти хубе барои ҳамоҳангӣ вуҷуд надорад, ки аз як даст ҳамоҳанг шавад. Дуввум, ононе ки барои кӯмак зарурат доранд, дуруст шиносоӣ нашудаанд, ки онҳо асосан чӣ мехоҳанд. Масалан, ман вақте ки мегаштам ва хаймаҳоро медидам, яке аз мустаҳақини асосӣ (оне, ки ба кӯмак зарурат дорад) хонуме буд, ки дар хайма танҳо нишаста буд ва тамоми хонаводаи худро аз даст дода буд. Вай аз зери хаймаи худ ба далоили суннатӣ берун омада наметавонист. Касе ҳам набуд, ки ба назди вай биравад ва ба вай кӯмак кунад. Афроди маслакӣ ва муттахассисе, ки дар мубориза бо ҳодисаҳо таҷриба дошта бошанд, дар минтақа вуҷуд надорад.

Озодӣ: Чун шумо намояндаи мардуми ин маҳал дар порлумони Афғонистон ҳастед, фикр мекунед, ки ин кӯмакҳо ба офатзадаҳо кифоят мекунад?

Фавзия Куфӣ: Албатта, барои кӯтоҳмуддат, ду-се рӯз кофист. Кори асосӣ ин аст, ки ин мардум бояд ба як ҷои амнтар кӯч дода шаванд ва аз лағзиши эҳтимолии теппа наҷот ёбанд.

Озодӣ: Аз кадом кишварҳои хориҷӣ кӯмак расидааст?
Фавзия Куфӣ: Ман дирӯз дар он ҷо будам. Кӯмакҳои Тоҷикистон то ба минтақаи Тахор расида буд. Шояд корвони ин кӯмаки ғизоӣ имрӯз, 5 май ба минтақа расида бошад. Кишварҳои дигар ҳам омодагии кӯмак кардаанд, вале то ҳол кӯмаки онҳо нарасидааст. Он чӣ ки расидааст, бештар аз туҷҷор, аз сармоядорон ва аз мардуми маҳал аст. Ман дар он ҷо мардуми Тахорро дидам. Туҷҷору сармоядорони вилоятҳои дигар ҳам ҳастанд. Аз ниҳодҳои давлатӣ пули нақд фиристодаанд. Ин пулҳо бояд ҳар чӣ зудтар ба мардум дода шавад. Ман умедворам, ки ҳеҷ кишваре ба хотири намоиш ва гирифтани холи сиёсӣ кӯмак накунад, балки ба бозмондагон кӯмакҳои воқеӣ сурат бигирад, то онҳое, ки зинда ҳастанд, наҷот пайдо кунанд.

Озодӣ: Хабарҳо мерасад, ки амалиёти наҷот мутаваққиф шудааст. Чаро?

Фавзия Куфӣ: Асосан амалиёти наҷот вуҷуд надошт. Худи мардуми маҳал бо белу каланд, бо васоили бисёр ибтидоии маҳаллӣ барои наҷоти мардум ба он минтақа рафта буданд. Гурӯҳҳои наҷот ё амалиётӣ набуданд, мардуми маҳал буданд. Вале чун баландии хоке, ки фурӯ рехта, бисёр баланд буд, мардум бо он васоиле, ки дар даст доштанд, коре аз дасташон барнамеомад. Масъулини ҳукуматӣ ҳам рафтанд ва намози ҷанозаи дастаҷамъӣ хонданд, ки ин кори иштибоҳ буд. Ҳатто, агар намози ҷаноза ҳам хонда буданд, масъалаи ковиш ва амлиёти ҷасадҳо бояд давом мекард, чун эҳтимоли зинда пайдо кардани баъзеҳо вуҷуд дошт.
XS
SM
MD
LG