Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Волии Бадахшон: Теъдоди қурбониёни ярч аз 2,5 ҳазор беш аст


Теъдоди қурбониёни ярч, ки дар ноҳияи Аргуи вилояти Бадахшони Афғонистон рӯзи ҷумъа баъд аз борони сел фуромад, аз марзи дуву ним ҳазор нафар убур кард. Волии Бадахшон Шоҳвалиуллоҳ Адиб рӯзи шанбе, 3 май, ба Радиои Озодӣ гуфт, ки қурбониёни ҳодиса зери қабати даҳметрии хоку гил мадфунанд.

Аз ин пеш Аҳмад Навин Фурӯтан, сухангӯи волии Бадахшон, ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки "дар ин минтақа тақрибан ҳазор хонавода зиндагӣ мекарданд. Назар ба арқоми ироашуда аз сӯи Шӯрои ҳамбастагии минтақа ва идораи мубориза бо ҳодисаҳои табиӣ, сесад хонаи маскунӣ дар асари ин ҳодиса вайрон шуда ва агар ба таври миёна аз хонавода 7 нафари бишуморем, 2100 тан бедарак шудаанд”.

Амалиёти фаврии ҷустуҷӯву имдод ва берун кардани ҷасадҳо аз зери хоку гил дар Бадахшон идома дорад

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 3 май бо ирсоли як барқия унвони ҳамтои афғони худ Ҳомид Карзай, ҳамдардии мардуми Тоҷикистонро ба ӯ расонд. Дар ин бора дафтари раёсатҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод.
XS
SM
MD
LG