Дар Афғонистон рӯзи якшанбе, 4 май, ба ёди қурбониёни ярч дар вилояти Бадахшон мотами миллӣ эълон шудааст. Лағжиши теппа болои рустои Оби Борик рӯзи ҷумъа рӯй дод.
Волии Бадахшон Валиюллоҳ Адиб рӯзи якшанбе гуфт, ки умеде барои аз зери хоку сангу гил наҷот додани беш аз 2 ҳазор сокини русто намондааст. Ба иттилои мақомоти маҳаллӣ, 600 нафари дигар ба рӯйхати афроди беному нишон шомиланд – онҳо дар ҳоле зери ярчи дуввум монданд, ки мехостанд одамони зери хоку гил мондаро наҷот диҳанд.
Корҳои наҷотбахшӣ дар ҷойи ҳодиса рӯзи шанбе қатъ карда шуданд ва мақомоти Афғонистон изҳор намуданд, ки ҷойҳи ҳодиса ба оромгоҳи дастаҷамъӣ таблид шудааст.
Онҳое, ки бар асари ярч аз сарпаноҳи маҳрум шудаанд, боз як шабро зери осмон ва сари як кӯҳпора рӯз карданд. Мардум аз ҳукумат талаб доранд, ки онҳоро фавран ба макони дигар кӯчонад.