Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муди афғонӣ ва моделҳои афғон


Дар Афғонистон, баъзе хонумҳои ҷасур бо вуҷуди таҳдидҳои гурӯҳҳои тундрав пешаи моделро интихоб кардаанд.

Понздаҳ сол баъд аз фурӯпошии ҳукми Толибон ҳам занони афғон зери фишор қарор доранд, то либоси суннатӣ ба бар кунанд. Дар чунин вазъ ташкили намоишгоҳи либос як амали пурхатар арзёбӣ мешавад, вале баъзе хонумҳои ҷасур азм гирифтаанд, ки анъанаҳои муҳофизакоронаи кишварашонро тағйир диҳанд.

Ҷилои намоишгоҳи либос таваҷҷӯҳи хонумҳоро ба худ мекашад, вале дар Кобул хонумҳои модел бо таҳдид ба мақому ҳаёташон рӯ ба рӯ ҳастанд.

Тайиба Бахшии 23-сола барои аввалин бор рӯи саҳнаи намоишгоҳи либос дар Кобул баромадааст. Ӯ яке аз бист моделе мебошад, ки либоси анъанавии манотиқи мухталифи Афғонистонро дар маърази ом намоиш додаанд. Дар Афғонистон, ки бо пайравӣ ба анъанаҳои муҳофизакоронаи исломӣ маъруф аст, ин намоишгоҳ хоксорона гузашт.

Моделҳои афғон таҳдидҳоро сарфи назар карда, рӯи саҳна мебароянд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:30 0:00

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ таҳдидҳое зуҳур намуданд, ки дар он ширкати занон дар намоишгоҳи либосро ба лаҳни таҳдидомез маҳкум мекарданд.

Баъзе моделҳо ба ваҳм афтида, дар лаҳзаи охирин аз ширкат дар намоишгоҳ худдорӣ карданд. Бунёди “Ҳафт барги ҳунар", ки ташвиқи фарҳанги афғониро ҳадаф қарор додааст, бо таҳдиди ҳамлаҳои Толибон мувоҷеҳ меюошад. Аз ин рӯ, намоишгоҳҳои либос баъзан пиноҳнӣ ва бо даъватҳои хусусӣ доир мегарданд.

Наҷиб Фарзод, намояндаи ин бунёд мегӯяд, дар ҳолатҳои зиёд пайдо намудани тарҳҳои ҷолиб осон нест.

Дар солҳои шастуми қарни гузашта намоишгоҳҳои либоси Афғонистон, ки дар меҳмонсароҳои Кобул доир мешуданд, аз ҳафтаи муди мамолики ғарбӣ ҳеҷ камие надоштанд. Таййиба бовар дорад, ки кишвараш ин мақомро дубора барқарор хоҳад кард.

Бунёди "Ҳафт барги ҳунар" тасмим гирифтааст, ки дар чор вилояти Афғонистон намоишгоҳи муд ва дар Кобул озмуни малики зебоиро барпо кунад.

XS
SM
MD
LG