Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Истиқболи Кобул аз 5 миллиард $ кумаки солонаи НАТО


Раҳбарони Афғонистон аз тасмими паймони низомии НАТО барои идомаи кумакҳояш ба ин кишвари ҷангзада истиқбол мекунанд. НАТО рӯзе пеш маъмурияташ дар Афғонистонро барои соли 2017 тамдид кард ва ба нирӯҳои амниятии афғон то соли 2020 ваъдаи ҳар сол то 5 миллиард доллар кумак дод.

Тасмими паймони низомии НАТО ҷиҳати тамдиди маъмурияти имдодиаш дар Афғонистон ва ваъдаи то 5 миллиард доллар кумаки солона ба нирӯҳои амниятии афғон дар 5 соли оянда ба истиқболи гарми раҳбарони Афғонистон рӯбарӯ шудааст. Ин тасмими НАТО рӯзи 9 июл, дар рӯзи ниҳоии нишасти сарони кишварҳои узви ин паймони низомӣ дар Варшава эълон шуд.

Раисиҷумҳури Афғонистон Ашраф Ғанӣ, ки ҳамроҳ бо раҳбари ҳукумати ваҳдати миллӣ Абдуллоҳи Абдуллоҳ дар садри як ҳайъати баландпоя дар нишасти Варшава ҳузур доштанд, гуфт, ӯву мардумаш қарори НАТО ҷиҳати дар сатҳи кунуниаш нигоҳ доштани маъмурияти ин паймон баъд аз соли 2016-ро истиқбол мекунанд. Ашраф Ғанӣ гуфт, миллати афғон ба сарбозоне, ки ҳангоми хидмат дар Афғонистон ҷонфидоӣ кардаанд, арҷ мегузорад. Раҳбари Афғонистон афзуд, “чолишҳои мавҷуда иқдомоти ҳамзамон дар 4 ҷабҳа – миллӣ, минтақавӣ, ҷаҳони Ислом ва ҷаҳонро тақозо мекунанд.”

Раҳбари ҳукумати Афғонистон Абдуллоҳ Абдуллоҳ низ гуфт, ки ҳукумати ӯ аз қарори НАТО ҷиҳати дар сатҳи кунуниаш нигоҳ доштани маъмурияти ин паймон дар Афғонистон ҳимоят ва истиқбол мекунад.

Доктор Абдуллоҳ ва Ашраф Ғанӣ дар Варшава
Доктор Абдуллоҳ ва Ашраф Ғанӣ дар Варшава

Доктор Абдуллоҳ дар як мусоҳибаи ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, кумакҳои НАТО нафақат ба хотири муқобила бо ҷунбиши Толибон, балки барои истодагарӣ дар баробари созмони тундрави “Давлати исломӣ” (ДИИШ), ки дар Афғонистон низ сар баланд мекунад, ҳам ҳаст: “Имрӯз “Давлати исломӣ” як таҳдидест, ки ҳеҷ кишвар онро нодида гирифта наметавонад. Ва дар Афғонистон ҳам, хусусан дар шарқи кишвар “Давлати исломӣ” дар як-ду соли гузашта фаъолиятҳоеро оғоз карда буд. ДИИШ дар Афғонистон талафоти зиёд дод, чунки мардум ба зиддаш қиём кард ва нирӯҳои давлатӣ ҳам хуб амал карданд. Вале, мутаассифона, ДИИШ ҳанӯз ҳам вуҷуд дорад. Инки оянда надорад, дар ин шакке надорем. Вале ба ин ҳам ки имрӯз мушкиле шудааст барои мову дигар кишварҳо, дар ин ҳам шакке нест.”

Истиқболи Кобул аз 5 миллиард $ кумаки солонаи НАТО
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:58 0:00
Линки мустақим

Раҳбарони паймони низомии НАТО дар нишасти Варшава ҷиҳати дар соли 2017 низ идома додани тамрини нирӯҳои амниятии Афғонистон тавофуқ карданд. Ба ин тартиб маъмурияти НАТО дар Афғонистон, ки ба гуфтаи дабири кулли ин паймони низомӣ Йенс Столтенберг, бо гузашти 15 сол аз суқути Толибон “то ҳол ба бесуботӣ ва хушунатҳо рӯбарӯст”, тамдид шуд. Столтенберг дар пайи мулоқоти сарони НАТО бо Ашраф Ғанӣ ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ гуфт, нирӯҳои афғон дастикам то соли 2020 ҳар сол то 5 миллиард доллар маблағгузорӣ хоҳанд шуд. 4 миллиарди инро Амрико медиҳад. Столтенберг гуфт, шумори нирӯҳои НАТО ва Амрико дар Афғонистон дар соли 2017 низ дар сатҳи кунуниаш – “ҳудуди 12 ҳазор” – нигоҳ дошта мешаванд.

Ба гуфтаи манобеи огоҳ аз ҷараёни нишасти Варшава, муттаҳидини ғарбии ҳукумати Афғонистон дар ивази ин кумакҳо аз давлати Ашраф Ғанӣ ва доктор Абдуллоҳ ислоҳоти қотеътар аз ҷумла дар амри мубориза бо фасоди идорӣ, роҳандозии ҳукуматдории беҳтар, таъмини ҳуқуқи занону кӯдакон, ислоҳи низоми интихобот ва амсоли инро тақозо кардаанд. Доктор Абдуллоҳ гуфт, маҳз дармондагӣ ба масоили амниятӣ боис шудааст, ки ҳукумати Афғонистон то имрӯз натавонист рӯи ин масоили муҳим ба таври бояду шояд тамаркуз кунад.

Аҷмали Соис, таҳлилгари масоили низомии Афғонистон рӯзи 10 июл дар сӯҳбат бо бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфт, ба ин ки кумакҳои нави НАТО барои Афғонистон муассир иттифоқ биуфтанд, итминони чандоне надорад: “Ба ин далел ки Афғонистон тақрибан 16 сол боз аз кумакҳои кишварҳои узви НАТО бархӯрдор аст, вале вазъияти амниятӣ ба ҷои беҳтар шудан, мутаассифона, рӯз то рӯз бадтар мешавад. Ва на ҳукумати қабливу на кунунии Афғонистон натавонистанд аз ин ёриҳои НАТО ва Амрико ба хотири манофеи кишвари худ ваё ҳадди ақал ба хотири таъмини амният дар Афғонистон истифода бикунанд.”

Аҷмал Соис мегӯяд, як далели аслии бенатиҷа мондани сели кумакҳои дар ин солҳо расида ба Афғонистон заъфи ҳукумати ин кишвар ва олудагиаш ба мушкилоте, чун фасоди идорист.

Нирӯҳои байналмилалӣ дар поёни соли 2001 ба раҳбарии Амрико дар чорчӯби амалиёти ҷаҳонии зиддитеррор вориди Афғонистон шуда, режими Толибонро барандохтанд. Аз соли 2003 фармондеҳии эътилофи байналмилалиро дар ин кишвари ҷангзада паймони низомии НАТО бар дӯш гирифт.

Дар поёни соли 2014 НАТО ва Амрико ҳадди аксари нирӯҳои ҷангии худро аз Афғонистон берун кашида, дигар асосан машғули маъмуриятҳои имдодие, чун таъмину тамрини нирӯҳои амниятии афғон шуданд. Феълан НАТО дар Афғонистон ҳудуди 12 ҳазор неру дорад, ки 8400 нафараш асокири Амрикоянд.

Баъди хуруҷи нирӯҳои ҷангии эътилоф чирикиҳои Толибон ва гурӯҳҳои дигари мухолифи ҳукумати кунунии Афғонистон ҳамлаҳои худро афзоиш дода, ҳатто қисматҳои умдае аз қаламрави ин кишварро барои моҳҳо ба тасарруфи худ даровардаанд. Дар ин авохир, бар изофаи Толибон, алайҳи нирӯҳои амниятии Афғонистон гурӯҳҳои дигаре, чун “Давлати исломӣ” ва “Ансоруллоҳ”, ки ҷангҷӯёни зодаи Тоҷикистонро муттаҳид мекунад, низ вориди ҷанг шудаанд.

XS
SM
MD
LG