Мақомоти вазорати умури дохилии Афғонистон мегӯянд, ки дар пайи ҷилавгирӣ аз нишасти ҳавопаймои ширкати ҳавонавардии "Kam Air" дар Бомиён, ду тан аз масъулони амниятии ин вилоят боздошт шудаанд. Вазорати умури дохилии Афғонистон мегӯяд, ки яке аз боздоштшудаҳо писари узви порлумон Абдураҳмон Шайдоӣ аст.
Наҷиб Дониш, муовини сухангӯи вазорати умури дохилии Афғонистон рӯзи чаҳоршанбеи 24 май ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳайате аз вазорати умури дохилии он кишвар барои таҳқиқи ҳодисаи пешгирӣ аз фуруд омадани ҳавопаймои ширкати "Kam Air" ташкил шуда ва эҳтимолан 5-6 нафари дигар таҳти назорат қарор доранд.
Масъулони ширкати "Kam Air" наворҳои савтиеро дар ихтиёри Радиои Озодӣ гузоштанд, ки дар он Абдураҳмон Шайдоӣ гуфтааст, ки ин кораш як қолабшиканӣ буд ва бояд мардум вайро бишносанд.
Вай гуфт, ки "бар асоси маълумоти ибтидоӣ, мо фармондеҳи ҳавзаи аввали пулиси Бомиён (писари Абдураҳмон Шайдоӣ) ва фармондеҳи фурудгоҳи Бомиёнро зери назорат гирифтем. Ҳайат таҳқиқотро оғоз карда ва эҳтимол меравад аз панҷ то шаш нафари дигар, ки гуфта мешавад таҳрикдиҳандагон дар ин ҳодиса ҳастанд, зери назорат гирифта шаванд, ки бештари онҳо пулис ҳастанд."
Ширкати ҳавоии "Kam Air" гуфтааст, ки увзи порлумони Афғонистон аз вилояти Бомиён Абдураҳмон Шайдоӣ рӯзи сешанбеи 23 май бинобар дер омадан ба фурудгоҳи ба номи Карзай ва таъхир аз парвози Кобул-Бомиён, ба бархе аз масъулони амниятӣ ва тарафдоронаш дастур дод то монеи нишасти ин ҳавопаймо бо 30 сарнишин дар фурудгоҳи вилояти Бомиён шаванд.
Самад Усмон Самадӣ, раиси ширкати ҳавопаймоии "Ком Эйр" мегӯяд, ин ҳавопаймо бинобар сангандозӣ ба хатти нишасти ҳавопаймоҳо, натавонист нишаст анҷом диҳад ва ба Кобул баргашт ва дигарбора бо мусофири дермонда -- Абдураҳмон Шайдоӣ, ба сӯи Бомиён парвоз кард. Ба гуфтаи вай, Абдураҳмон Шайдоӣ ва Ғулом Ҳусейн Носирӣ, ду узви порлумони ҳамчун таҳрикдиҳандагони ин ҳодиса, наметавонанд дигар дар сафарҳои дохилӣ ва хориҷӣ аз тариқи ширкати ҳавоии "Kam Air", сафар кунанд.
Вай афзуд, "имкон дошт ҳангоми нишасти ҳавопаймо ин афрод (тарафдорони Абдураҳмон Шайдоӣ) дохили фурудгоҳ шаванд. Дар он вақт ҳодисаи калоне ба миён меомад. Масалан, ё афроде, ки дохили фурудгоҳ омада буданд, бо ҳавопаймо бармехӯрданд ва аз байн мерафтанд ва ё сангҳое, ки дар хатти нишасти ҳавопаймо андохта шуда буд, боис мешуд ҳавопаймо аз байн биравад."
Масъулони ширкати "Kam Air" наворҳои савтиеро дар ихтиёри Радиои Озодӣ гузоштанд, ки дар он Абдураҳмон Шайдоӣ гуфтааст, ки ин кораш як қолабшиканӣ буд ва бояд мардум вайро бишносанд. Дар ҳамин ҳол, порлумони Афғонистон ин кори узви худро мухолиф ба қонунҳои кишвар хондааст. Абдурауф Иброҳимӣ, раиси порлумони Афғонистон дар нишасти рӯзи чаҳоршанбеи Маҷлиси Намояндагони Афғонистон гуфт, ки "ин кор дур аз инсоф аст. Парвоз шароити хоси худро дорад ва набояд мо бо истифода аз нуфуз ва салоҳиятҳое, ки дорем, суистифода кунем ва ин хилофи қонун аст."
Дар ин рӯйдод муҳимтар ин, ки ҳавопаймои ширкати "Kam Air" пас аз баргашт аз Бомиён ба Кобул, дубора ба Бомиён рафтааст ва ин бор Абдураҳмон Шайдоӣ дар миёни сарнишинони он будааст. Радиои Озодӣ талош кард, ки назари вакилони порлумони Афғонистон Абдураҳмони Шайдоӣ ва Ғулом Ҳусейн Носирӣ дар робита ба ин ҳодисаро дарёфт кунад, аммо муваффақ нашуд.
Аммо Абдураҳмон Шайдоӣ рӯзи гузашта ба Бӣ-Бӣ-Си форсӣ дар робита ба ин ҳодиса гуфта буд, ки ӯ замони таъйиншуда дар фурудгоҳ ҳозир шуда буд, аммо ба далели рафтан ба толори интизори мусофирони вижа иштибоҳ, каме таъхир карда буд. Ӯ гуфтааст, ки ба шуморе аз мақомҳои давлатӣ, аз ҷумла муовини вазири ҳавонавардии Афғонистон занг зада ва мушкили худро бо онҳо дар миён гузошт, аммо пас аз ин, ки ин парвозро аз даст дод, фурудгоҳро тарк кард.
Абдураҳмон Шайдоӣ ба Бӣ-Бӣ-Сӣ гуфтааст, ки баъд ба ӯ аз ширкати ҳавопаймоии "Kam Air" занг зада шуд ва ӯ дубора ба фурудгоҳ баргашт ва ба Бомиён парвоз кард. Вай гуфтааст, ки наздик ба 500 нафар аз ҳаводоронаш барои пешвози ӯ ба фурудгоҳ омада буданд, аммо намедонад чаро ва чигуна ҳавопаймо аз Бомиён маҷбур ба бозгашт ба Кобул шудааст.