Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Минои бегуноҳ 11 сол боз дар зиндон аст. ВИДЕО


Ягона орзуи Мино озодӣ аст
Ягона орзуи Мино озодӣ аст

Минои 11-сола тамоми умрашро дар зиндони шаҳри Ҷалолободи Афғонистон гузарондааст. Модару падари Миноро бо гуноҳи ғоратгарӣ ва қатли 27 нафар ба зиндони якумрӣ маҳкум кардаанд. Мино достони волидонашро медонад, зоҳиран ба ӯ гуфтаанд, ки чаро 11 сол боз пушти панҷара асту берунро намебинад.

“Падари ман одам куштааст ва барои ҳамин ӯрову модарам ва бародарамро зиндонӣ карданд. Падару бародарам дар зиндон мурданд. Модарам зинда аст. Ҳаминҷо таваллуд ва бузург шудаам”- мегӯяд ӯ.

Чаро Минои бегуноҳ 11 сол боз дар зиндон аст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:27 0:00

Ширингул модари Миноро ба қатл маҳкум карданд, вале маҳз Мино ӯро аз чӯби дор наҷот дод. Азбаски Ширингул замони боздошт ҳомила ва ё бордор буд, ба кӯдаки батнаш раҳм карданд ва ба зиндони якумрӣ маҳкум шуд. Мино як орзу дорад ва он ҳам орзуи озодӣ.

“Орзуи аслиам ин аст, ки бо модарам инҷоро тарк кунам, хона равам ва бародарону хоҳаронамро бубинам” – мегӯяд, Мино.

Зиндоне, ки Миноро нигаҳ медоранд, як мактаби хурд ва ҷойи бозӣ барои кӯдакон дорад. Модараш Ширингул метавонад то 18-солагӣ Миноро бо худ нигаҳ дорад, чун баъди болиғ шудан, фарзанд набояд дар зиндон бошад, чун гуноҳе накардааст.

Модари Миноро бо гуноҳи қатлу ғорат ба зиндон маҳкум кардаанд.
Модари Миноро бо гуноҳи қатлу ғорат ба зиндон маҳкум кардаанд.

Модараш мегӯяд, тоби ҷудоӣ аз духтарашро надорад: “Агар раиси ҷумҳур Ашраф Ғанӣ маро аз духтарам ҷудо кардан хоҳад, бояд аввал маро ба дор овезад. Ман як лаҳза бе духтарам буда наметавонам. Зиндагии ман ӯст. “

Мино мехоҳад, баъди таҳсил донишгоҳ раваду хонданро идома диҳад ва табиб шавад. Мехоҳад, модарашро ҳам озод бошад. Духтараки 11-солаи афғон,танҳо яке аз садҳо кӯдакест, ки дар зиндонҳои Афғонистон ва ҳамроҳи модароне, зиндагӣ мекунанд, ки барои ҷиноят пушти панҷара рафтаанд.

XS
SM
MD
LG