Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пироҳани Мессӣ хонаводаи Муртазоро "дар ба дар" кард


Баъди ҳаёҳу дар Интернет, Муртазоро назди Мессӣ оварданд.
Баъди ҳаёҳу дар Интернет, Муртазоро назди Мессӣ оварданд.

Хонаводаи Муртазои 7-сола, ки пироҳани маъруфи пластикиаш ӯро то ба назди Лионел Мессӣ ситораи маъруфи футбол бурд, аз тарс дигарбора маҳалли зисташонро тарк кардаанд.

Муртазо Аҳмадӣ ду сол пеш баъди он дар сархати хабарҳо қарор гирифт. Акси ӯро, ки дар тан пироҳани пластикӣ бо номи Лионел Мессӣ ва шумораи 10-ро дошт, бародараш дар Интернет гузошт ва ӯро дар чанд лаҳза дар саросари ҷаҳон маъруф кард. Баъди ин моҳи декабри соли гузашта, Муртазо Аҳмадӣ бо худи Лионел Мессӣ дидор кард ва бо ӯ ба майдони футбол баромад.

Модараш Шафиқа Аҳмадӣ рӯзи 8-уми декабр ба хабаргузории “Ассосиэйтед Пресс, гуфтааст, “шӯҳрати Муртазо барои хонавода ва худаш мушкили бузурге офарид”.

“Дар ду соли гузашта мо ҳеҷ натавонистем, ӯро ба мактаб бифристем. Кош ин иттифоқ сурат намегирифт” – гуфтааст, ӯ.

Ба қавли модар, ҷинояткорон борҳо хостаанд, аз онҳо пул биситонанд, зеро фикр мекунанд, ки шуҳрати Муртазо дар як он ба хонаводаа сарвати зиёд овардааст.

Муртазо ҳамингуна пироҳан бо номи Мессӣ пӯшида буд, ки машҳур шуд.
Муртазо ҳамингуна пироҳан бо номи Мессӣ пӯшида буд, ки машҳур шуд.

Ҷангҷӯёни Толиб ҳам хостаанд, бо ҳадафи тамаъҷӯӣ ба хонаи онҳо дар ноҳияи Ҷоргурӣ дар вилояти Ғазнӣ биёянд. Моҳи ноябри соли 2017 баъди ҳамлаи Толибон ба Ҷоргурӣ хонаводаи Муртазо Аҳмадӣ ба вилояти Бомиён гурехт, ки аз вилоятҳои оромтари кишвар ба ҳисоб меравад.

Аммо таҳдидҳо кам нашудаанд ва ҳоло хонавода ба Кобул, пойтахти Афғонистон омадааст. Наздикони Муртазо мегӯянд, кӯчидан ба Кобул дар се ҳафтаи пеш барояшон дарднок буд. Онҳо дар хонавода 5 нафаранд ва Муртазо фарзанди аз ҳама хурдист. Барои иҷораи як утоқ дар Кобул моҳона 90 доллар бояд бипардозанд.

Осиф Аҳмадӣ, бародарзодаи Муртазо гуфтааст, хонаводаи онҳо аз гуруҳҳои гуногуни ҷиноӣ то кунун 10 нома ва чандин занги телефонӣ гирифтааст ва онҳо таҳдид кардаанд, ки агар пул надиҳанд, Муртазоро ё мекушанд ва ё мерабоянд.

“Ҳама фикр мекунанд, ки ба шарофати шӯҳрати ӯ, мо пули бисёр дорем, аммо мо фақирем” – гуфтааст, Осиф Аҳмадӣ. Бо вуҷуди сахтиҳо, Муртазо ҳамчунон орзуҳои бузург ва ҳам оддӣ дорад. “Мехоҳам мисли Мессӣ футболист шавам ва мехоҳам, ба мактаб биравам” – гуфтааст, навраси 7-солаи афғон.

XS
SM
MD
LG