Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Мессии афғон" бо "Мессии аргентинӣ" дидор кард. ВИДЕО


Кӯдаки панҷсолаи афғон, ки бо халтаи пластикии шабеҳи пироҳани футболбозӣ ва бо номи Мессӣ аввали соли равон аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ пахш шуд ва ӯро дар саросари ҷаҳон маъруф кард, бо Лионел Мессӣ мулоқот кардааст.

Мулоқоти Муртазо -- "Мессии афғон" бо "Мессии аргентинӣ" дар ҳошияи бозии дӯстона миёни дастаҳои "Барселона" ва "Аҳли"-и Арабистони Саудь рӯзи 13 декабр дар майдони "Ал-Ғаррофа"-и шаҳри Доҳа --пойтахти Қатар иттифоқ афтодааст.

Дар аксҳое, ки дар сайти расмии бошгоҳи футболи "Барселона" нашр шудааст, дида мешавад, ки Лионел Мессӣ дасти Муртазоро гирифта ба дохили майдон мебарад, то дар маросими пеш аз шурӯъ шудани мусобиқа дар паҳлӯи ӯ бошад. Пас аз ин, "Мессии афғон" тӯбро дар замин гузошт ва довари бозӣ ӯро дар оғӯши худ ба берун аз майдон бурд.

Мусобиқаи дӯстона миёни дастаҳои "Аҳлӣ"-и Арабистони Саудӣ ва "Барселона"-Барселона бо ҳисоби 5:3 ба фоидаи испаниягиҳо анҷом ёфт. Тибқи гузориши расонаҳо, мулоқоти Муртазо Аҳмадӣ бо Лионел Месси бо мусоидати Сандуқи Созмони Милали Муттаҳид барои кӯдакон -ЮНИСЕФ сурат гирифтааст.

Муртазо Аҳмадӣ бо идеали худ Лионел Мессӣ мулоқот кард
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:43 0:00

​Акси Муртазо Аҳмадӣ, кӯдаки панҷсолаи афғон бо халтаи пластикии шабеҳи пироҳани футболбозӣ ва бо номи Мессӣ аввали соли равон аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ пахш шуд ва ӯро дар саросари ҷаҳон маъруф кард.

Худи Леонел Мессӣ он замон низ акси мазкурро дар саҳифаи худ дар Твиттер нашр кард. Баъдан ин ситораи ҷаҳонии футбол аз Аргентина, ки дар тими "Барселона"-и Испониё бозӣ мекунад, ба мухлиси хурдсолаш дар Афғонистони ҷангзада як тӯби футбол ва ду пироҳани имзокардаашро фиристод.

Баъд аз ин, вақте ба Муртазо гуфтанд, ки Лионел Мессӣ ба ӯ алоқа нишон додааст, ӯ ба Озодӣ гуфт, ки мехоҳад, ин ситораи футболро аз наздик бубинад. "Ман Мессиро хуш дорам, мехоҳам Месси маро бубинад," - гуфта буд ӯ. Хонаводаи ин кӯдаки панҷсолаи афғон, ки аз Лионел Мессӣ, футболбози маъруфи ҷаҳон пироҳан ва тӯб ҳадя гирифт, баъд аз чанд моҳ аз тарси рабудани ӯ, аз Афғонистон ба Покистон фирор кард.

Волидони Муртазо Аҳмадӣ, ки бо пироҳани селофании бо навиштаҷоти Месси дар матбуоти ҷаҳонӣ ҳаёҳуеро барангехт ба Радиои Озодӣ гуфтанд, аз тарси одамрабоён, ки пайваста ба онҳо занг мезаданд, ба Покистон фирор кардаанд. Муҳаммадориф Аҳмадӣ, падари Муртазо гуфта буд, аз бими ҷони писараш ӯву дигар фарзандонашро аз ноҳияи Ҷоғурии вилояти Ғазнӣ гирифта ба Покистон рафтанд.

"Дар аввал ҳеч масъала набуд, бисёр истиқбол мекарданд. Дар ин охирҳо ҳеч кас дигар пушти мо наёмад. Як сар дуздони одамрабо, ки мо дар Афғонистон дорем ва тифлҳоро мебаранду 100 ҳазор ва 1 миллион афғонӣ мехоҳанд, ба мо занг мезаданд. Аз ҳамин хотир, гуфтам, ҷони бача дар хатар аст, барои ҳамин аз Афғонистон баромадем, ҳоло дар Покистон ҳастем. Мо аз Толиб тарс надоштем, тарс аз одамрабо доштем," -- гуфта буд Муҳаммадориф Аҳмадӣ. Ба қавли ӯ як фармондеҳи маҳаллӣ ҳам ба онҳо таҳдид кардааст.

Муртазо Аҳмадӣ -- ҳаводори хурдсоли Леонел Мессӣ ҳамроҳ бо падару модар ва ду бародару ду хоҳараш ба сафи муҳоҷирони афғон дар Покистон пайвастааст ва ҳоло дар назди хешовандонашон дар шаҳри Кветтаи Покистон зиндагӣ мекунанд.

Шарҳҳоро бинед (2)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG