Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

11 академики нав


Феҳристи академикҳои Фарҳангистони улуми Тоҷикистон бар 11 нафари дигар афзуд.

Пирмаҳмад Нуров - мудири шӯъбаи илми АУ Тоҷикистон мегӯяд, ахиран дар як интихоботи пӯшидаи фарҳангистони улум ҳамаи 11 тан муддаӣ унвони узви пайвастаи академияи улуми Тоҷикистонро соҳиб шудаанд:


«Шахсони зер ба унвони узви пайвастаи АУТ сазовор шудаанд:

1. аз рӯи ихтисоси математика - Мерганов Шаҳбоз, раиси кумитаи Омори назди дастгоҳи Президенти ҶТ

2. аз рӯи иихтисоси физика - Одинаев Сайидмуҳаммад , ректори ДДМТ

3. аз рӯи ихтисоси металлургия - Ғаниев Иззатулло, котиби шӯъбаи илмҳои ...АУТ

4. аз рӯи ихтисосои энергетика - Ахмедов Ҳаким, саркотиби АУТ

5. аз рӯи ихтисоси физиология ва бихоимияи растаниҳо -Ақназаров Оғоназар – директори институти биологияи Помир АУТ

6. аз рӯи ихтисоси физиология ва биохимияи растаниҳо - Ёқубова Муҳиба, мудири кафедраи ДДМТ

7. аз рӯи ихтисосои ҳуқуқ - Маҳмудов Маҳкам, муовини аввали раҳбари дастгоҳи президенти ҶТ

8. аз рӯи ихтисосои ҳуқуқ -Тоҳиров Фозил, директори институти давлат ва ҳуқуқи АУТ

9. аз рӯи ихтисоси филология - Отахонова Хуршеда, сарходими институти забон ва адабиёти ба номи Рудакии АУТ

10. аз рӯи ихтисоси филология - Раҳмонов Абдуҷаббор, вазири маорифи ҶТ

11. аз рӯи ихтисоси филология - Салимов Носирҷон, филология ректори ДДХ»

Ин ҳам дар ҳолест, ки дар интихоботи мазбур аз 14 муддаӣ 11 нафари он ба узвияти вобастаи Фарҳангистони улуми кишвар баргузида шуд.

Аз 11 академисиюни ба тозагӣ номнавис шуда, бахши аъзами эшон мансабдорон, вазирон ва кормандони дастгоҳи иҷроияи президенти кишвар будаанд. Ба ҳамин тартиб, ҳамакнун дар Тоҷикистон 37 узви пайваста ва 44 узви вобастаи АУ Тоҷикистон расман номнавис шудааст.

Тафриқа миёни ин ду унвон ҳамин аст, ки бе гирифтани шаҳодатномаи узви вобаста, унвони узви пайваста, маъруфтар бар академик муяссар намегардад.

XS
SM
MD
LG