«Барои хидматҳои шоиста ва ширкати фаъолона дар рушди иқтисодиёт, илм ва ҳаёти ҷамъиятӣ» бо амри президент Раҳмонов, Матлубхон Давлатов - раиси кумитаи назорати давлатии молиявии Тоҷикистон бо ордени Исмоли Сомонӣ дараҷаи 1 ва академик Ҳомид Мансуров - раиси фахрии пажӯҳишгоҳи гастроэнтерология бо ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи 3 мушарраф шуданд. Ҳамзамон барои саҳм доштан дар таҳкими сулҳу дӯстӣ ва ҳамкории байни миллатҳо президент Раҳмонов шахсан ба Максим Пешков, раиси департаменти вазорати хориҷаи Русия, дар собиқ сафири Русия дар Тоҷикистон ва Виталий Наумкин, садри маркази пажӯҳишгоҳи шарқшиносии Русия ордени «Дӯстӣ»-ро тақдим кард.
Бархе аз адибону фарҳангиёни кишвар ва кормандони вазоратҳои қудратӣ барои хизмати махсус дар рушди адабиёту санъат ва маориф бо орденҳои Спитамен, Ордени Шараф, Нишони Ҷасорат, Хизмати шоиста ва нишони Шафқат мушарраф шуданд. Сталина Азаматова-таҳиягари театри опера ва балети ба номи Айнӣ ва Асланшоҳ Раҳматуллоев, ҳунарпешаи таатри Оина унвони фахрии «ҳунарманди халқӣ» ва раққосаи гурӯҳи «Таронаи Хатлон»- Зӯҳро Назарова унвони ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикиситонро гирифтанд.
Қурбон Восиев-мушовири калони президенти Тоҷикистон ба радиои Озодӣ гуфт, аз теъдоди бузурги номзадҳо, ки ба дастгоҳи президенти кишвар пешбарӣ шудаанд, баъди омӯхтани ҳамаҷониба беҳтаринҳо, ки дар таҳкими истиқлолияти давлатӣ, ҳифзи амният ва марзу бум ва эҳёи мероси фарҳангиву таърихӣ саҳми назаррас доштаанд, интихоб шудаанд. Қурбон Восиев гуфт, маросими додани ҷоизаву унвонҳо ҳар сол дар арафаи ҷашни истиқлолият баргузор мегардад.
Дар ҳамин маврид, дар иттиҳоди нависандагони Тоҷикистон низ маросими додани ҷоизаҳои ба номи Садриддин Айнӣ ва Мирзо Турсунзода баргузор шуд. Камол Насрулло, муовини раиси иттиҳоди нависандагони Тоҷикистон мегӯяд, аъзои раёсат барандагони ҷоизаҳоро бар асари овоздиҳии пӯшида интихоб карданд ва дар натиҷа, нависанда Ҷонибек Акобиров ва адабиётшиноси маъруф, Абдунабӣ Сатторзода ҷоизаи ба номи Айниро соҳиб шуданд. Мунаққиди дигар Атахон Сайфуллоев ва шоир Алимуҳаммад Муродӣ барандаи ҷоизаи ба номи Мирзо Турсунзода шуданд. Ҷоизаҳои олӣ барои адибон, ки то замони ахир 500 сомонӣ баробар ба 170 доллари амрикоӣ арзиш дошт, ҳамакнун то 1000 доллари амрикоӣ боло рафтаанд.

ман дар сахифаи шуммо хондам дар бора но сохтани мактабхои шахри Вахдат чамоти Истиклол. мехохам ба як чизи дигар тавачух намоед. дар ин дехаи истиклол Кахор гуфтани шахс коргари бда. ки он барои шинондани як транформатори 20 е 30 хазор аз мардуми камбагал бо таври зури бо зану духтархояш бо маблаги 1500 то 2000 сомони бо таври мачбу кашида гирифта истодааст. аз 200 хочаги 400000 сомони мешавад мардуми бечора аз кучо ин маблагро еб мекунад хохиш менамоям ки маьлумотро коргарони давлат дида бароянд ва аз шуммо хохиш радеи озоди ки ба ин деха истиклол кучаи кахор ин кучахам ба номи худ гузоштааст рафта ба навор гиред.
То ба кай бо пули гадоиву талбандагӣ мактаб месозед, давлатдорон? Дар ҳақиқат мактабҳое, ки сохта мешаванд, тиллоианд. Аз пудратчӣ то координатори лоиҳа дар шуъбаву раёсатҳои давлатӣ то вазиру кабирони боло ҳама аз баракати ин лоиҳаҳо соҳиби қасру мошин мешаванд.
"..вазорат аз пешниҳоди ҳар гуна маълумот худдорӣ карданд." Вазорати маориф аз пули халк маош мегиред. Барои чи ба халк маълумот намедихед? Мансабдорон фаромуш накунед, гарчанде чапурост пул медуздед хам, аммо гулом ва дар хидмати миллатед. Вазифадоред хисобот дихед.
Э безор кари хаму соли 90т кати. Имсол соли 2021 каллакаду чоплус
Барои он ки намедони ё донистан намехохи ва ё он тухматхову дуругхоро бовар кардаи. таърих то исломи баъд аз исломи надорад хамааш аз худамон хаст. Навруз хам Курбон хам ислом хам зартушти хам. Бояд хамаашро эхтиром кард