Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як зани 29-сола дар Норак худро ба дарё андохт


Арафа Худойназарова, сокини 29-солаи деҳаи Лангари шаҳри Норак, ки ба қавли мақомот интизори ба дунё омадани тифл буд, худро ба дарёи Вахш партофтааст. Мақомот гуфтанд, ки ҳодиса баъд аз зуҳри 13-уми июн дар наздикии нирӯгоҳи барқи обии Норак иттифоқ афтод.

Ҷасадро ҷустуҷӯ доранд

Оё шиканҷа шуда буд, ё не? Худкушӣ кард ё касе то ба ин марҳила ӯро расонд? Ба ин саволҳо танҳо баъд аз пайдо кардани ҷасад ҷавоб дода мешавад.

Файзулло Ҳусейнов, сардори Идораи ҳолатҳои фавқулодаи шаҳри Норак, рӯзи 14-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҷустуҷӯи ҷасади Арафа Худойназарова идома дорад. Аммо, ба қавли ӯ, "бо сабаби боло будани сатҳи оби дарё пайдо кардани ҷасад то ҳадде ба мушкил рӯ ба рӯ шудааст".

Дар идораи кор бо занони шаҳри Норак гуфтанд, ки Арафа Худойназарова оиладор буд, вале ҳанӯз фарзанд надошт. "Сабабҳои ҳодиса то ба ҳол маълум нест", - гуфтанд дар ин идора. Мақомоти умури дохилӣ низ гуфтанд, ки интизори пайдо шудани ҷасади Арафа Худойназарова ҳастанд, то баъди ташхис муайян кунанд, ки ӯ дар чӣ вазъ худро ба дарё партофт.

Дар заминаи муноқишаи хонаводагӣ?

"Оё шиканҷа шуда буд, ё не? Худкушӣ кард ё касе то ба ин марҳила ӯро расонд? Ба ин саволҳо танҳо баъд аз пайдо кардани ҷасад ҷавоб дода мешавад. Ҳодиса дар рӯзи равшан иттифоқ афтодааст ва одамон аз дур шоҳид шудаанд. Ин бори чандум аст, ки занон худро аз ин ҷо ба дарё мепартоянд ё меафтанд. Арафа дар батнаш тифли семоҳа доштааст", - афзуд ҳамсуҳбати мо дар мақомоти умури дохилӣ.

Талошҳои мо барои тамос бо шавҳари Арафа Худойнзарова, ки аз ӯ Муҳаммадзариф Зарифови 43-сола ном бурда мешавад, бенатиҷа буд. Зарифов дар яке аз бозорҳои шаҳри Норак машғули тиҷорат будааст. Аммо як манбаи огоҳ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳодиса гӯё дар заминаи муноқишаи хонаводагӣ сар задааст. Ба қавли манбаъ, пеш аз ҳодиса шавҳари Арафа ӯро дидааст, ки ба самти дарё меравад ва талош кардааст, наҷоташ диҳад, аммо нарасидааст.

Зӯҳро, Саломат...

Зӯҳро Маҳмуродова соли гузашта худу кӯдаконашро ба дарё андохта буд
Зӯҳро Маҳмуродова соли гузашта худу кӯдаконашро ба дарё андохта буд

Ҳодисаҳои худкушӣ ё қасди худкушӣ дар миёни занон дар Тоҷикистон нав нест. Ваҳшатноктарин ҳодиса – худкушии Зӯҳро Маҳмуродова – сокини деҳаи Қибили шаҳри Норак дар якуним соли пеш буд. Ин зан ҳамроҳ бо 4 фарзанди ноболиғаш рӯзи 5-уми феврали соли гузашта худро ба дарёи Вахш афканд. Ин ҳодиса ҷомеаи Тоҷикистонро таконзада кард. Тафтишот баъдан маълум кард, ки Зӯҳро бо хонаводаи шавҳараш мушкил дошта ва сабаби аслии аз зиндагӣ дасту дил шустани ӯ – азият дар хонаводаи ҳамсар будааст.

Айнан бо ҳамин шева, моҳи сентябри соли 2015 Саломат Пирова, сокини 23-солаи ноҳияи Вахш бо се тифлаш кӯшиши худкушӣ кард. Вай худро бо фарзандонаш ба дарё андохт. Модар наҷот ёфт, аммо 3 фарзандаш аз даст рафтанд.

Аз Нишона то ҳол нишоне нест

Нишона Умарова дар моҳи апрели имсол ҳангоми аксгирӣ ба дарёи Вахш афтод ва то ҳол ҷасадаш пайдо нашудааст
Нишона Умарова дар моҳи апрели имсол ҳангоми аксгирӣ ба дарёи Вахш афтод ва то ҳол ҷасадаш пайдо нашудааст

Масъалаи худкуширо созмонҳои мудофеи ҳуқуқи занон дар Тоҷикистон хеле ҷиддӣ ва нигаронкунанда меноманд ва мегӯянд, ки дар аксар ҳолат хушунати хонаводагӣ сабаби ин ҳодисаҳо мешавад. Соли гузашта дар Тоҷикистон 327 ҳодисаи худкушӣ ва ё талоши худкушӣ сабт шудааст, ки 168 нафари онҳо зан будаанд.

Дар сурати ба даст омадани иттилои бештар дар ҳамин ҷо нашр мекунем

XS
SM
MD
LG