Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар ҷустуҷӯи гумшудае дар Русия


Ҷонмаҳмад Сафаров.
Ҷонмаҳмад Сафаров.

Як сокини ноҳияи Нуробод аз шунавандагони Радиои Озодӣ хост, дар пайдо кардани бародарзодаи гумшудааш, мусоидат намоянд.

Маҳмадҷобир Давлатов, сокини ноҳияи Нуробод рӯзи 6-уми ноябр ба Дафтари Радиои Озодӣ дар Душанбе омад ва гуфт, ки бародарзодааш Сафаров Ҷонмаҳмади 19-сола, се моҳ қабл, дар таърихи 25-ум август дар Маскав нопадид шуд ва то ҳол аз ӯ хабаре надоранд.

Маҳмадҷобир Давлатов мегӯяд, ки чун дар Маскав ва дар ҳар гӯшаи дигари Русия муҳоҷирони тоҷик барномаҳои радиои Озодиро мешунаванд, шояд аз сарнавишти Ҷонмаҳмад дараке дода шавад. Сафаров Ҷонмаҳмад беш аз як сол дар бозори "Садовод"-и Маскав ба тиҷорат машғул будааст. Маҳмадҷобир Давлатов мегӯяд, ки Ҷонмаҳмад дар кӯчаи «Капотная» дар наздикии бозори «Садовод» зиндагӣ мекард ва дар соати 15:00-и рӯзи 25-уми август аз бозор берун рафта, дигар барнагаштааст.

Пас аз гум шудани Ҷонмаҳмад, наздиконаш Шӯъбаи умури дохилаи наздикии бозори "Садовод"-ро дар ҷараён гузоштаанд ва ҳамчунин ба барномаи «Жди меня»-и шабакаи телевизиони Русия муроҷиат кардаанд, аммо то кунун натиҷае надодааст.

Маҳмадҷобир Давлатов аз шунавандагони радиои Озодӣ ва аз ҳар нафаре, ки дар бораи бародарзодааш Ҷонмаҳмад иттилое доранд, хоҳиш дорад ба шумораҳои 8 926 335 49 40, 8 926 863 68 38 (Маскав) ё бо рақамҳои Тоҷикистон 98 5 14 40 55 (Душанбе) дар тамос шаванд.

Маҳмадҷобир Давлатов мегӯяд, ки ҳар нафаре, ки дар пайдо кардани бародарзодааш Ҷонмаҳмад кӯмак кунад, ба нишони сипос ба ӯ ҷоиза ё тӯҳфа хоҳад дод.

Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳӣ кунед!
XS
SM
MD
LG